Ду асари тозанашр

Дар партави тақозову фармудаҳои хирмадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон, дар баробари куллияи соҳоти ҳаёту иқтисоди мамлакат, соҳаи таҳқиқу омӯзиши таъриху фарҳанги миллат, алалхусус, таҳқиқу нашри мероси ғароватманди хаттии ниёконамон, босуръат пеш меравад ва самараҳои дилхоҳе меоварад.

     Аз ҷумла дар ин рӯзҳо, дар идомаи табъу нашри мероси гаронбаҳои Аҳмади Дониш, Саййидои Насафӣ, Шамсиддин Шоҳин ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистони маҳбубамон, бо ҳидояту мадади бевоситаи Президенти АИ ҶТ академик Фарҳод Раҳимӣ, бо роҳбариву ширкати директори Маркази мероси хаттии АИ ҶТ Ҷӯрабек Назриев ду китоб ҳамзамон интишор ёфт, ки яке “Ҷумлаи чаҳорум андар баёни илоҳиёт”-и “Китоб-уш-шифо”-и Абӯалӣ ибни Сино (554 саҳ.), дувум “Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ҷилди 7, 308 саҳ.) аст.

    Фанни сездаҳум андар илоҳиёти “Китоб-уш-шифо”-и оламшумули Шайхурраис Ибни Синоро беш аз 40 сол пештар донишманди пуркору пухтакори тоҷик Сайиднуриддин Шаҳобуддинов аз арабӣ ба тоҷикӣ гардонида, бо пешгуфтору тавзеҳоти лозим омодаи чоп намудааст. Муҳарририду асари масъули китоб академик Мӯсо Диноршоев мебошад.

   Мазмуну муҳтавои беназири китоб ва феҳристи мукаммали ба он афзудаи мутарҷиму таҳиягар онро барои хонандагон ва умуман донишмандон махсусан ҷолибу ҷаззоб гардонидааст.

   Ҷилди 7-уми “Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ” (бо забони русӣ) идомаи шаш ҷилди қаблии он аст, ки аз ҷониби олимони варзидаи соҳа таҳти роҳбарии академик Абдуғанӣ Мирзоев дар миёнаи солҳои 1960-1988 ба дасти чоп расида буданд.

   Ҷилди мазкур аз тарфи донишмандони пешин (равонашон шод)-у ҳозираи тоҷик, аз ҷумла А.Алимардонов, Г. Лузянина, М. Мамедова, Л. Шварк, Қ. Элчибеков, Л. Додихудоева, М. Шарифов, С.Ализода, Б. Навбаҳорова, И. Мирзоев бо ширкату сарварии узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ. Назриев барои чоп омода шуда, ҳатталимон мақому нуфузи байналмилалии феҳристнигории тоҷикро барқарор месозад ва дастури хубест барои куллияи дастандаркорони соҳа.

Ҳар ду китоби идонаро муассисаи нашриявии “Дониш” (директораш Усмон Юсуфӣ) бо зайну орои мувофиқ интишор кардааст.

АКСҲОИ-КИТОБҲО