Интишори “Қонуни тиб”-и Сино дар як муҷаллад!

            

           Чунонки маълум аст,  китоби “Қонуни тиб” асари маъруф ва бунёдии шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино буда, дар тӯли 1000 соли гузаштаи таърих ба сифати китоби амаливу дастурии тибби олам хизмат кардааст.

            “Қонуни тиб” аз панҷ китоб: “Андар боби кулли пизишкӣ”,  “Андар боби бемориҳои ҷузъӣ”, “Андар бемориҳое, ки агар рӯйд диҳанд, хосси ягон  андом нестанд ва низ андар баёни оростагӣ “  ва “Андар баёни дардҳои мураккаб” иборат аст.

            Маълум аст, ки дар замони қаблӣ китоби мазкур борҳо нусхабардорӣ ва бо забонҳои асосии мардуми олам тарҷума ва чоп шудааст.

              Алҳол мукаммалтарин матни “Қонуни тиб” ки аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик, ходими калони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ муҳтарам Сайиднуриддин Шаҳобуддинов бевосита аз арабӣ ба тоҷикӣ баргардон шудааст, чанде пеш бо ибтикори сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик, номзади илми таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар ҳамбастӣ бо директори ММХ НР АМИТ, номзади илми таърих Раҳматкарим Давлатов дар шаҳри Маскав дар як муҷаллад интишор ёфт.

            Китоб бо пешгуфтори мутарҷим ва шарҳу тавзеҳоти  лозим ба дасти чоп расидааст, ки кори хонандагонро осонтар мегардонад.