Истиқболи муҳаққиқони Маркази мероси хаттӣ аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

      Дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди  баррасӣ қарор гирифта, олимону муҳаққиқон роҷеъ ба нукоти гуногуни он фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

         Нахуст директори Марказ н.и.т. Давлатов Р.  оид ба муҳимияту муфидияти Паёмҳои Пешвои миллат дар таърихи Тоҷикистон ёдоварӣ намуда,  Паёмро роҳнамову мушкилкушои тамоми самтҳои ҷомеа муаррифӣ намуд.  Ба таъкиди сарвари ММХ маҳз Паёмҳои ироагардидаи ҳарсолаи Пешвои миллат аст, ки кишвари мо дар иҷрои нақшаву дурнамоҳои дар пеши худ гузошта сарбаландонаву муваффақона гом мегузорад.

         Сипас кормандони илмӣ  А. Раҳмонов,  С. Ализода, А. Муҳаммадиев, Б. Забеҳулло ҳар кадом дар бораи  Паёми ироагардида фикру мулоҳизаҳои   худро иброз карда, ба натиҷае расиданд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, махсусан дар соҳаи илму маориф  бисёр омӯзандаву дурандешона ба роҳ монда шудааст.

          Бо ёдоварӣ ва ҳамраъйи ба Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба монанди “Тоҷикистон кишвари азизи ман”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”  ва дастгирии Озмуни навбатии “Илм – фуруғи маърифат”  кормандони ММХ омодагӣ ва дастгирии ҳамешагии худро иброз доштанд.

         Дар фарҷом пешниҳод шуд, ки дар партави  дастгирӣ ва саҳм гузоштани олимони ММХ дар баланд бардоштани тафаккури илмии ҷомеа Лоиҳае таҳияи нусхаҳои хаттии шохаҳои гуногуни илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва тиббӣ, ки дар Ганҷинаи дастхатҳо маҳфузанд, таҳия ва иҷро шавад.