Иҷрои бомуваффақияти лоиҳаҳо

         Кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ду лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ -“Нусхашиносӣ ва таҳияи феҳристҳои осори хаттӣ (ба забони точикӣ ва русӣ) ва варианти электронии онҳо” ва “Таҳкиқ ва нашри илмию  интиқодии мероси хаттӣ”-ро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ ва барои солҳои 2016-2020 пешбинӣ шуда буд, бомуваффақият анҷом доданд. Гувоҳи ин гуфтаҳо пешниҳоди ҳисоботи муфассали ММХ  ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҶТ ва Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ  ва  дарёфт намудани тасдиқномаҳои ММПИ  мебошанд. 

         Маъмурияти ММХ  ба  ҳайати илмӣ, аз ҷумла роҳбарони лоиҳаҳо Беҳрӯзи Забеҳулло ва Алӣ Муҳаммадиев мавриди сипосгузории самимии худро ҷиҳати фаъолияти босамару мондагор иброз медоранд.

        Маркази мероси хаттӣ  аз 1-уми январи соли 2021 фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро дар доираи се лоиҳаи нав - «Тавсифи дастхатҳо, таҳияи феҳристҳо ва варианти электронии онҳо (ба забони тоҷикӣ ва русӣ)», «Таҳияи матн ва таҳқиқи осори манзуми адабиёти тоҷик дар асоси нусхаҳои хаттии Тоҷикистон (асрҳои XVI-XIX)» ва «Интишор ва оммавигардонии ёдгориҳои мероси хаттӣ ва ҳунари хаттотии  ганҷинаи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ ва англисӣ» ки барои солҳои 2021-2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, идома хоҳад дод.

 

Маъмурият,

16.12.2020.