КОНФРОНСИ ИЛМӢ ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТӢ

       Имрӯз (11.09.2020) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 90-солагии адабиётшиносу шарқшиноси шинохта, муҳаққиқу мунаққиди варзида, шоири ширинкалому осонбаён  шодравон зоҳир Аҳрорӣ Конференсияи илмӣ таҳти унвони  “Саҳми Зоҳир Аҳрорӣ дар таҳқиқи мероси хаттӣ” баргузор гардид.

 1.1.jpg - 104.69 KB

                    Нахуст сухани ифтитоҳиро  директори Маркази мероси хаттӣ  Давлатов Раҳматкарим оғоз бахшида, ҳузури устодону меҳмонон ва донишмандону муҳаққиқонро ба даргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфт.

        Сипас муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Саидов Абдусаттор бо чанд  сухани табрикӣ ва ёдоварӣ  аз рӯзгору фаъолияти  шодравон Зоҳир Аҳрорӣ  расман конфронси илмиро оғоз бахшид.

 

 1.2.jpg - 103.48 KB

            Ҳамин тавр, маърӯзаҳои илмии номзадони  илми филология  Қоиров Ғ. таҳти унвони “Ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти илмии Зоҳир Аҳрорӣ”, Шарипов М. “Фаъолияти адабиётшиносии Зоҳир Аҳрорӣ”,  Муҳаммадиев А. “Саҳми Зоҳир Аҳрорӣ дар матншиносии тоҷик”, Беҳрӯзи Забеҳулло “Мақоми мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва танз дар шеъри Зоҳир Аҳрорӣ” ва ходими калони илмии Шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқ, Ёраҳматзода Шодиҷон бо унвони “Назари Зоҳир Аҳрорӣ ба “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ”  шунида шуд.

1.3.jpg - 118.13 KB

         Ҳамчунин як қатор аз ҳамкорону дӯстон ва аҳли байти марҳум Зоҳир Аҳрорӣ дар конфронс иштирок ва суханронӣ намуданд.

1.4.jpg - 106.93 KB