Масъалаҳои муҳимми таърихи муосири Афғонистон дар таҳқиқоти Ҳақназар Назаров

             Бо чунин унвон, имрӯз (20.04.2021) дар толори Маркази мероси хаттии Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон, бахшида ба 90 –солагии узви вобастаи АМИТ, шарқшиноси шаҳиру зиндаёди тоҷик  Ҳақназар Назаров Конференсияи илмӣ баргузор шуд.

        Сухани ифтитоҳиро Саркотиби АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи “Муқаддимае бар аҳамияти таҳқиқоти Ҳақназар Назаров дар бораи Афғонистон” маърӯзаи илмӣ ироа намуд.

                 

              Сипас, директори ММХ, н.и.т. Раҳматкарим Давлатов  дар мавзӯъҳои “Зиндагинома ва марҳилаҳои асосии фаъолияти илмии Ҳақназар Назаров”; Носир Назарзода –сарходими илмии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ “Ҳақназар Назаров-муҳаққиқи воқеии таъриху фарҳанги Афғонистон”; Сайидхоҷа Ализода-ходими пешбари илмии ММХ, н.и.ф. “Таҳлили адабиёти Афғонистон дар осори ҳақназар Назаров”; Қазоқов Рустам – мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, н.и.т. “”Ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи маориф дар солҳои Истиқлол” ва Довар Қодиров –мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва худидоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, н.и.т. “Арзёбии ҷунбишҳои иҷтимоию сиёсӣ ва маорифпарварии охири асри XIX  ва ибтидои асри XX дар осори Ҳақназар Назаров" баромадҳои илмӣ намуданд.

     

          Ҳамчунин, дар анҷом чанде аз ҳамкорон, шогирдон ва наздикони шодравон Ҳақназар Назаров аз паҳлуҳои дигари ҳаётӣ, илмӣ ва ҷамъиятии Ҳ. Назаров суҳбат намуданд.

          Бояд ёдовар шуд, ки Ҳақназар Назаров яке  аз Афғонистоншиносони  муваффақи тоҷик буд, ки мақолаву рисолаҳои илмиаш ҳанӯз дар замони Шӯравӣ шуҳрат пайдо намуда, дар ин замина мактаби пурқувватеро ба мерос гузоштааст.