Матни илмӣ-оммавии «Девон»-и ашъори Мирзо Содиқи Муншӣ

            Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва таҳқиқоти донишмандони баъдӣ, Мирзо Содиқи Муншии Бухороӣ (1752-1820) аз ҷумлаи суханварони мумтоз, хушнависи пуртавон ва таърихнигорони нуктадони замони худ буда, дар пешрафти умуми адабиёту фарҳангу таърихи халқамон ҳиссаи сазовор гузоштааст.

            Масъалаҳои ҷараёни зиндагӣ ва муҳтавои навиштаҳои ҷолиби ӯ аз тарафи донишманди фақиди тоҷик Усмон Каримов (Мирзо Содиқи Муншӣ. Душанбе: «Дониш», 1972) мавриди пажӯҳиш қарор ёфта бошад ҳам, мутаассифона, мероси адабии гуногуннавъу ғановатманди ӯ, ки дар қолаби ғазал, мухаммас, рубоӣ, қитъа, қасида, маснавӣ рехта шудаанд, то ҳол омодаи чоп ва пешкаши мардум нагардидаанд.

             Имрӯзҳо матни илмӣ-оммавии осори манзуми боқимондаи Мирзо Содиқи Муншӣ, дар заминаи нусхаҳои қаламии маҳфуз дар ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (таҳти рақами №1047, №765), бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти лозим, аз ҷониби ходимони калони илмии Маркази мероси хаттӣ Шамсиддини Нуриддин ва Асрори Раҳмонфар барои чоп омода гардид, ки дар доираи Лоиҳаи илмии «Таҳияи матн ва таҳқиқи осори манзуми адабиёти тоҷик дар асоси нусхаҳои хаттии Тоҷикистон (асрҳои XVІ-XІX)», анҷом пазируфта, дар фурсатҳои наздик дастраси хонандагони азиз гардонида хоҳад шуд.