Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Меросдор” баргузор шуд

       Тибқи мактуби Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и АМИТ, санаи 09.06.2022, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Меросдор” баргузор шуд, ки дар кори он муовини КИИ “Хирадмандон”-и АМИТ Ширин Қурбонова иштирок ва суханронӣ намуд. Ш.Қурбонова нахуст котиботи маҷлисро ба овоз гузошта, баъди интихоби 3 нафар ҷаласаро оғоз намуданд.

           Дар ҷаласа 5 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд: 1. Ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои соли минбаъда; 2. Интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ; 3.Интихоби комиссияҳои кор бо ҷавонону занон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ташкилот; 4. Интихоби вакилон ба конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар Раёсати АМИТ; 5. Масъалаҳои ҷорӣ.

            Бояд зикр намуд, ки масъалаҳои зикршуда пурра баррасӣ шуда, шахсони арзанда масъулияти иҷрои онҳоро ба уҳда гирифтанд.