Муроҷиатномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба дӯстдорони саёҳат ва сафар

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба хуруҷи COVID-19 дар аксари мамлакатҳо ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат муроҷиат намудааст, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва аз хориҷ ба ҷумҳурӣ муваққатан худдорӣ намоянд.

Муроҷиатномаи Кумитаи рушди сайёҳиро, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» ворид шуд, пешкаши хонандагон мегардонем:

«Ҳамватанони азиз,

дӯстдорони саёҳат ва сафар!

Хуруҷи вируси сироятии COVID-19 аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, аз мо масъулияти баланди пешгирии роҳҳои паҳншавии он тавассути ҳамкории дастаҷамъонаро дар ин самт тақозо менамояд.

Қобили тазаккур аст, ки хуруҷи вируси сироятии COVID-19 дар айни замон соҳаи сайёҳиро яке аз бахшҳои аз ҳама осебпазир гардонидааст ва ниҳоди байналмилалии соҳавӣ — Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дурнамои рушди соҳаро дар робита ба воридоти туризми байналмиллалӣ дар соли 2020 таҷдиди назар кардааст.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат муроҷиат менамояд, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва аз хориҷ ба ҷумҳурӣ муваққатан худдорӣ кунанд. Ин тадбир ба хотири эмин нигоҳ доштани шаҳрвандони мамлакат аз ин маризии сироятист, ки соат ба соат дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад».