Нашри китоби “Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда”

               “Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда” номи китоби илмӣ-пажӯҳишии профессори Донишгоҳи Ҳойделберги Олмон Ғулом Ҷелонии Доварӣ аст, ки аз ҷониби ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия ва веросторӣ шудааст. Ғ.Ҷ.Доварӣ. "Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи "тожик" бар мабнои осори кашфшуда", Душанбе: 2021, "Меҳроҷ-граф", 200 саҳ).

 

         Муаллиф ин асари худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намудааст. Дар саҳифаи 3 китоб омадааст: “Ин асарро ба поси зањамоти арзишманди Љаноби Олї, Љалолатмаоб Эмомалї Рањмон, Раисљумњури кишвари Тољикистон дар соњаи забон, фарњанг ва тамаддуни муштараки мо, ба Эшон эњдо мекунам. Ғулом Ҷелонии Доварӣ, устоди адабиёти Институти Осиёи Ҷанубӣ  дар Донишгоҳи Ҳойделберги Олмон. Ҳойделберг, ҷумъа, 5 феврали соли 2021".

        Муаллиф бо пажӯҳиш ва хониши катибаҳои бохтарӣ, юнонӣ ва дигар асноди таърихӣ ва бостоншиносӣ ба ин натиҷа расидааст, ки вожаҳои “тозиг”, “тожик”, “тоҷик” ва “забони тожикӣ дар даврони пеш аз ислом мавҷуд буданд.

         Мавзӯи аслӣ ва баҳси асосии муаллиф бар сари хониши матни сангнавиштаи бохтарии Яковланги Бомиён аст, ки соли 392-и тақвими бохтарӣ (баробар ба 624 мелодӣ) бо фармони Алхис, писари Хуросадив [шоҳи] Газон ба муносибати пирӯзӣ ва ё интихобаш ба ҳайси подшоҳи тожик (тоҷик) ва подшоҳи турк навишта шудааст. Ин сангнавишта соли 1996 кашф шуд, вале ба далели сари қудрат омадани гурӯҳи ифротии Толибон нохонда ва пинҳон монда, танҳо соли 2002 тавассути мутахассисони ИМА, Британия ва Олмон, аз ҷумла профессор Ғ.Ҷ. Доварӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар катибаи Яковланг, дар ибтидо сатри мазкурро

“topko Xapo (o) бо ta£ryo xapo

“Torko xaro odo tazigo xaro”

          Симс Виллиямси англис иштибоҳан “подшоҳи турку подшоҳи араб” тарҷума кардааст. Аммо Ғ.Ҷ. Доварӣ бо далелҳои мувассақ собит мекунад, ки ин ҷо на “подшоҳи араб”, балки аслан “подшоҳи турку подшоҳи тожик” навишта шудааст. Ин хониши Ғ.Ҷ. Доварӣ дар доираҳои илмии Аврупо мавриди истиқбол қарор гирифтааст.

          Вождаи “тожик” (тоҷик) дар сиккаҳои яке аз шоҳони Хуросон, ки бо лақаби ифтихории Қайсари Рум, Худои Бузург, Шоҳи Тозикон” шуҳрат доштааст, низ дарёфт гардидааст. Муаллиф ин сиккаҳоро низ мавриди таҳлили хатшиносӣ ва забонӣ қарор додааст.

            Инчунин, дар катибае сафолӣ бо забони монавии портӣ (аз маҷмӯаиТурфон” аз водии Синд), ки дар Олмон нигаҳдорӣ мешавад, ибораи “забони тожикӣ омадааст. Ин нусха аст, аммо бо ибораи “Par tāžīgānē āwāk” (пар тожигона овок), яъне – “ба забони тожикӣ оғоз мешавад.

            Муаллиф ҳамчунин роҷеъ ба таърихи чанд вожаи дигар, аз ҷумла “Ориё”, “Ориёӣ”, “Аҳуромаздо”, “Йима”, “Нана” ва ғайра, ба хусус вожаи Хуросон таҳлилу пажуҳиши ҷолибе анҷом дода, таърифи равон ва ҷолиби онро ироа намудааст.    

           Муаллиф бар мабнои аснод ва шавоҳиди таърихӣ ва бостоншиносӣ муваффақ шудааст собит намудааст, ки тоҷик номи қавмест, ки то омадани арабҳо ба минтақа бо ҳамин ном вуҷуд дошта, соҳиби давлат ва забон будааст.

           Зимни таҳияи асар барои хонандаи тоҷик мафҳумҳо ва истилоҳот тавзеҳ дода шудаанд, аммо дар айни ҳол услуби илмӣ, забон ва шеваи баёни муалллиф низ нигоҳ дошта шудааст

           Матн ва тарҷумаи таҳтуллафзии сангнавиштаи Яковланги Бомиён, ки соли 1996 кашф ва соли 2002 хонда шуд (тарҷумаи Ғ.Ҷ. Доварӣ):

            Сатри 1. αχρονο τ ϙ β μαυο σβωλο καλδο ωσταδο μο

axšοno t ϙ b mauo sbōlo kaldo ōstado mo.

Соли 392 (­624 мелодӣ), моҳи сабул буд, ки ниҳода шуд

            Сатри 2. βογγο ιμο στοπο μανο αλχισο χορασο πορο

bongo imo stopo mano alxiso xoraso poro

бунгоҳи (бунёди) ин ступа аз тарафи ман, Алхис писари Хурос,

            Сатри 3. gαζανο χοδδηοο αβο ραγο ζαμαγγανο | καλδο

gazano xoddēoo abo rago zamangano | kaldo

хадиви Гозон/Газон аз Роғи Замангон...

              “Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда” зери назари академик, Президенти АМИТ  Фарҳод Раҳимӣ, аз ҷониби номзади илмҳои таърих, директори ММХ Раҳматкарими Давлат таҳия ва бо ҳамкории Меҳриддин Ғиёсӣ, Раҳматшо Исроилов, Беҳрӯзи Забеҳулло, Баҳриддин Мирзоев, Шерияздон Алимардонов ва Маҳмуд Назаров омодаи чоп шудааст.