Нашри нави «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш

        Ба ибтикори нашриёти “Адиб” “Наводир-ул вақоеъ” асари беназири Аҳмад Махдуми  Дониш дар силсилаи 50-ҷилдаи “Ахтарони адаб”, ки гулчини осори классикони адабиёти тоҷикро дар бар мегирад, дар ҷилди 39  аз чоп баромад.

  Чанде пеш,   китоби фавқ дар ду ҷилд аз тарафи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чоп расонида шуда буд.

      “Наводир-ул-вақоеъ” аз офаридаҳои беҳамтои нависандаи тавоно ва мутафаккири бузурги тоҷик  Аҳмад Махдуми Дониш  ва намунаи насри пурғановати фалсафӣ-бадеӣ буда, хонандаро ба ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии аморати Бухоро далелмандонаву далерона  ошно месозад.

        Матни мавриди назар дар заминаи се нусхаи нодир  ва дар муқоиса бо дигар нусхаҳои пештар интишоргардидаи рисола зери назари марҳум Ҷӯрабек Назриев, бо таҳия, тавзеҳот ва шарҳи луғот аз ҷониби кормандони Маркази мероси хатти назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Баҳриддин Мирзоев ва Иззатулло Мирзоев омода ва барои чоп пешниҳод гардидааст.

       Бояд зикр кард, ки дар атрофи масъалаҳои рӯзгору осори Аҳмад Махдуми Дониш, аниқтараш, Аҳмад ибни Носир Сиддиқии Бухороӣ, ки таҳти асомию алқоби Аҳмади Дониш, Аҳмад Махдуми Дониш ва Аҳмади Калла (тав.1827-ваф.1897), ки зодаву парвардаи Бухорои Шариф аст, аҳли илму маърифат китобу мақолаҳои зиёде навишта, ӯро ба гунаи мутафаккири бузург, адиби забардаст, сиёсатмадори номӣ, мунаҷҷими варзида, муҳандиси мумтоз, наққоши моҳир, хаттоти чирадаст, мусиқишиноси тавонову табиби ҳозиқ муаррифӣ кардаанд.

      Хушбахтона,  дар давоми солҳои ахир муҳаққиқони тоҷик  осори дигари ӯро ҳам аз қабили “Меъёр-ут-тадайюн”, “Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития”, “Таърихча” ва намунаҳое аз ашъорашро  ба чоп расониданд, ки шоиста корест. Аммо, бидуни муҳобо  “Наводир-ул-вақоеъ” азиму нодиртарин китобест, ки мавсуф иншо фармудааст.