Нақши Аълохон Афсаҳзод дар рушди ховаршиносии тоҷик

         Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон силсилаи конференсияҳои илмиро дар соҳаҳои шарқшиносиву матншиносӣ идома дода истодааст. 

         Дар ҳамин замина,  дар толори ММХ НР АМИТ,  имрӯз (25.09.2020)  Конференсияи илмӣ таҳти унвони “Нақши Аълохон Афсаҳзод дар рушди ховаршиносии тоҷик” баргузор гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон, ҳамкорону дӯстон,  фарзандону пайвандони марҳум   иштирок суханронӣ карданд.       

                                         

        Дар ибтидо         директори марказ Р. Давлатов иброз намуд, ки Аълохон Афсаҳзод яке аз адабиётшиносону шарқшиносони шинохтаву муваффақи  тоҷик буд, ки дар ҳаёти на чандон дарозаш  ба бисёре аз комёбиҳои илмиву эҷодӣ шарафёб гардида, дар ин муддат тавонистааст, ки Тоҷикистони азизи моро  дар ҷаҳон муаррифӣ намояд.

      Дар ҳамоиши илмӣ гузориши доктори илми филология Олимҷон Хоҷамуродов  оид ба “Зиндагӣ ва фаъолияти илмии Аълохон Афсаҳзод” , номзадони илми филология  С. Ализода дар хусуси “Назира  ва татаббуъ дар таҳқиқи Аълохон Афсаҳзод”, А. Муҳаммадиев аз  “Нақши Аълохон Афсаҳзод дар таҳияи матни илмӣ-интиқодии се девони Абдураҳмони  Ҷомӣ” ва ходими калони илмӣ Асрори Раҳмонфар дар боби  “Аълохон Афсаҳзод-нависанда ва тарҷумон” шунида шуданд.  

       Ҳамчунин, дар конфронси илмӣ  чанде аз  ҳамкорону шогирдон ба монанди  Қ. Элчибеков, М. Шарифов, Ш. Нуриддинов, Ғ. Қодиров  ва фарзанди аршади устоди равоншод Аббоси Афсаҳзод шаммае  аз ёддоштҳояшонро дар боби хислатҳои ҳамидаву пандомӯзи эшон изҳори ҳамагон доштанд.