Ориёинома

       Бо унвони фавқ дар рӯзнома “Минбари халқ” (02.02.2022 №5 (1351)) андешаҳои журналисти машҳур, ходими ҷамъиятӣ Ҷумъахони Темурзода дар мавриди  китоби  “Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда”-и Ғулом Ҷелонии Доварӣ ба нашр расид. Бояд зикр намуд, ки пеш аз ин ҳам дар мавриди вазну таъсири китоби мазкур донишмандону муҳаққиқон ва аҳли илми кишвар андешаҳои худро иброз дошта буданд.