Ошёни ахтарони парфишон

                              ё катибае дар њошияи Парчами давлатии Тоҷикистони муаззам                                                                                

Парчами миллат ливойи нангу ному иффат аст,

Бар сари давлат ридойи фахру шону њиммат аст,

Аз дари рањмат ризойи файзу нуру нусрат аст,

Аз бари рифъат њумойи тахту тољу савлат аст,

Аз фари шавкат љилойи бахту фахру исмат аст!

 

Парчами миллат намоди кўњсори мармарист,

Боли мурѓони навойи хушваќори парпарист,

Љўшае аз хуни гарми љоннисори кишварист,

Барги сабзе аз канори сабзазори оњарист,

Туњфае рамзї ба ёрони диёри озарист!

 

Парчами миллат нишони Ковайи Оњангар аст,

Њалќае аз љавшани љони Куруши Акбар аст,

Партаве аз нури имони Имоми кишвар аст,

Порае аз суфраи нони гарони Модар аст,

Мањзари саъди ќирони  Њафтгона Ахтар аст!

 

Парчами миллат намойи њашмати шоњона аст,

Хушхабар пайки даройи нусрати мардона аст,

Дурбасар мављи зиёйи вањдати парвона аст,

Гулшакар љоми баќойи нањзати паймона аст,

Зарвараќ  боби сафойи гулхати фарзона аст!

 

Ай, ки боре багзарї аз соњати Парчамсаро,

Бигзариву бингарї бар њашмати Парчамсаро,

Сар ба таъзим оварї дар њазрати Парчамсаро,

Љома аз њайрат дарї дар вусъати Парчамсаро,

Як љањон маъно барї аз њикмати Парчамсаро!

 

Бемуњобо,

Парчами миллат лиќойи миллат аст,

Зарњали абрешими махмалљилойи миллат аст,

Аз ниёкон ёдгорї рањнамойи миллат аст,

Љовидонї парфишон мурѓи баќойи миллат аст,

Ахтаристоне дурахшон дар њавойи миллат аст!

Корманди Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ,

Асрори СОМОНӢ, 

Душанбе,

20. 11. 2020.