ПАНДИ ХОТИР

ё ҳушдоре барои ошӯбгарони навбатӣ

Дар ёд бувад, ки тӯдае чиҳо кардандӣ,

Моро ба бало чӣ мубтало кардандӣ!

Бас қавли биҳишти бофарин ба мардум дода,

Охир на садоқату вафо, ҷафо кардандӣ!

Аввал чу дилеву ҷон ба синаҳо ҷо гаштанд,

Каждум шуда оқибат, хатар бино кардандӣ!

Гуфтанд: “Гадову сойил аз миён хоҳад рафт”,

Доро худашону дигарон гадо кардандӣ!

Буд ваъдаи амну офият фаровон з-эшон,

Оташкадае бино дар ин саро кардандӣ!

Гургон, ки даруни гӯспандчакман буданд,

Бар шер заданду кори барраҳо кардандӣ!

Бигзашт замони ҷангу шӯри чанд исёнӣ,

Беҳуда ғазову моҷаро бапо кардандӣ!

Аз хотири кас намеравад чунин баттолӣ,

Ёрон, накунед ончунон, хато кардандӣ!

Сулҳ асту садоқат асту ваҳдату истиқлол,

Аркони бақо, ки ҷаддамон ато кардандӣ!

Ҳар кас накунад сипосу эҳтиром ин мерос,

Ояд зи ниё садо, ки носазо кардандӣ!!

Асрори Сомонӣ,

 Душанбе,

10.06.2022