Рӯнамоии китобҳои Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

        Дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (санаи 04.11.22020) Рӯнамоии китобҳои адабиётшиносу матншинос, шоиру муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ бо номҳои  “Шоирони Мовароуннаҳр” ва “Пайванди илму адаб” баргузор гардид, ки дар он муҳаққиқону мунаққидон, дӯстону ҳамкорон ширкати фаъолона намуданд.

                              Описание: F:\1.11.jpg

        Сухани ифтитоҳиро Саркотиби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Қ. Искандаров ҳусни оғоз бахшида, А.М. Хуросониро яке аз донишмандони пуркору заҳматкаш ва сермаҳсул муаррифӣ кард.

 

       Директори Маркази мероси хаттӣ, н.и.т. Р. Давлатов  дар идома қайд намуд, ки А.М.Хуросонӣ  чун мутахассиси варзидаи илмҳои филологӣ ва шарқшиносӣ   дар баробари эҷоду таҳқиқ, инчунин ба тайёр кардани кадрҳои ҷавони ин соҳаҳо саҳми бориз гузошта истодааст.

Описание: F:\1.14.jpg

       Боймурод Шарифзода дар аснои суханронӣ зикр кард, ки дар дунё як қатор мардум кор мекунанд ва як иддаи дигар инкор ва А.М.Хуросониро ба гурӯҳи коргарону заҳматкашони роҳи илм ташбеҳ дод.

Описание: F:\1.13.jpg

      Сипас, Гузоришҳои  директори китобхонаи ба номи Индира Гандии АМИТ, доктори илми филология Ш. Сӯфизода дар мавзӯи “Шоирони Мовароуннаҳр” дар ҳукми тазкира” ва сармуҳаррири  маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”  Н. Нуров “Андешаҳо атрофи китоби А.М. Хуросонӣ “Пайванди илму адаб” шунида шуд.

    Боиси зикр аст, ки имсол А.М.Хуросонӣ ба сини 70 – солагӣ расиданд. Ба ин муносибат дар  фарҷоми ҷаласа  як қатор ҳамкорону дӯстон, аз қабили  К. Олимов, А. Сатторзода,  Ш. Солеҳ, Б. Забеҳулло, А. Раҳмонфар ӯро табрику таҳният гуфтанд.

Описание: F:\1.12.jpg

А.М.Хуросонӣ дар Википедиа

      Алии Муҳаммадии Хуросонӣ 29 октябри соли 1950 дар Панҷакент таваллуд шудааст. Хатмкардаи УДТ (1972). Пас аз хатми таҳсил корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ҶТ. Аз соли 2000 мудири Шӯъбаи матншиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ. Алли Муҳаммадии Хуросонӣ дар бахши таҳқиқу адабиётшиносӣ, танқиди адабӣ, ба чоп омода сохтани матни осори гузаштагон, инчунин таълифи осори бадеӣ (шеърҳо) фаъолият менамояд.

Асар,  аз он ҷумла китобу монографияҳо:

Ба қалами ӯ беш аз 150 асар, аз он ҷумла китобу монографияҳо, мақолаҳои илмии дар нашрияҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Россия, Ӯзбекистон ба табърасида тааллуқ доранд. Барои рисолаи «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (Т., бидуни соли нашр; ҳамроҳи Ҷ. Назрӣ) ба гирифтани Ҷоизаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Душанбе ба номи Афсаҳзод мушарраф гардид (2003). Маҷмӯаи мақолаҳояш «Меҳру муштарӣ» (2010) ба масъалаҳои камомӯхтаи адабиёти классикии форс-тоҷик бахшида шудааст. Дар китобҳои таҳиянамуда ва мураттабнамудааш («Гулшани адаб», 1980; «Шоирони Мовароуннаҳр», 2006) ҳунари ӯ чун муҳаққиқ ва матншинос зоҳир гардидааст. Соли 2008 ба муносибати 1150-солагии Рӯдакӣ матни таҳиянамудаи Алли Муҳаммадии Хуросонӣ «Девони ашъор»-и Рӯдакӣ ба табъ расид. Алли Муҳаммадии Хуросонӣ матншиноси серкору пухтакор мебошад. ӯ матнҳои «Девони форсӣ»-и Навоӣ-Фонӣ (1987), «Соати саъд»-и Мирзолатиф Раҳимзода (1997), «Илоҳинома»-и Аттор (2000), «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ (2001; ҳамроҳи Б. Ализода). «Гузидаи ғазалиёт»-и Маҷнуни Зарободӣ (2002), «Муфоиз-ул-анвор ва девони ашъор»-и Абулҳайи Муҷихарфӣ (ҳамроҳи Бӯрӣ Карим) (М., 2003), «Ҳазору як андарз»-и Низомии Ганҷавӣ, «Ҳикоёт ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ, «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол (ҳар се 2007), «Панднома. Футувватнома. Ҳикоёт аз маснавиҳо»-и Аттор (2008), «Девони Кабир»-и Ҷалолуддини Румиро (2007 – 09) бо муқаддимаҳои муфассали илмӣ, шарҳҳову тавзеҳоти муфид дар чор ҷилд омода карда, ба табъ расондааст. Бо роҳбарии Алли Муҳаммадии Хуросонӣ чор нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Алли Муҳаммадии Хуросонӣ аз соли 2002 котиби масъули «Ахбори АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ» мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори Алли Муҳаммадии Хуросонӣ бо номҳои «Чашмаи нӯш» (1997), «Майи гулгун» (2002), «Насими тавҳид» (2004), «Вусъати ишқ» (2009) ва «Шукуфаҳои сабзи баҳор» (2010) чоп шудаанд. Мавзӯъҳои ашъораш ишқу муҳаббат, меҳри Ватан, тараннуми ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон ва ғайра мебошад. ӯ шоирест, ки «илмро бо шеър ва шеърро бо илм мепайвандад» (Р. Ҳодизода). Шеърҳояш дар Эрон, Афғонистон, Ӯзбкистон, Россия дастраси хонандагон гардидаанд. Узви ИН Тоҷикистон аз с. 1999.