Рӯнамоии китобҳои тозанашри Маркази мероси хаттӣ

        12.01.2021 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ рӯнамоии китобҳои тозанашри  ММХ  баргузор гардид.  Маросими мазкурро Саркотиби илмии АМИТ, доктори илмҳои таърих Қ. Искандаров ифтитоҳ намуда арз намуд, ки ММХ ба ҳайси  махзани беназири мероси гаронбаҳои ниёгонамон  шинохта шуда, дар ҳифзу нигаҳдории осори  илмиву фарҳангии мардуми мо нақши беназирро соҳиб мебошад.  Бисёр хушоянд аст, ки имрӯз  якбора 10  китоби пурарзиши кормандони Марказ муаррифӣ мешавад. Аз ҷумла “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”-и А.Дониш, “Шамси Қайси Розӣ-ноқиди шеър”-и М. Шарифов, “Гавҳари субҳ”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри XX”-и Б.Забеҳулло,  “Симои зан дар маснавиҳои Аттор”-и М. Хуҷова, “Сайре дар авроқи баёз ва радоиф-ул-ашъор”-и С.Ализода, “Девони ашъор”-и Файзии Даканӣ, “Афғонистон дар сиёсати хориҷии Эрон”-и Р.Давлатов, “Авоил-ул-хитоб фӣ маърифат –ил-китоб”(таълиф ва таҳияи С.Шаҳобуддинов ва А.Одинаев) ва “Мунтахаби тарҷумаи ас-савод-ул-аъзам”(таҳияи  С.Шаҳобуддинов).

  

      Сипас директори ММХ -  номзади илмҳои таърих Р.Давлатов дар бораи китобҳои интишорнамудаи ММХ дар соли 2020 шарҳи умумӣ дода, зимнан  иброз дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи ходимони Маркази мероси хаттӣ  муаррифиву оммавигардонии  дастовардҳои илмӣ-назариявии гузаштагонамон буда,  дар ин ҷода пайваста   талош  меварзад ва дар амалигардонии  сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат  ва Ҳукумати ҷумҳурӣ  ҳиссаи сазовор мегузорад.

      Ҳозирини ҷаласа фаъолияти Маркази мероси хаттиро дар самти нашру тарғибу оммавигардонии мероси арзишманди ниёгонамон шоистаи таҳсину дастгирӣ, арзёбӣ ва чанд хоҳишу пешниҳоди судманд иброз доштанд, ки зина ба зина амалӣ хоҳанд гардид.