Рӯнамоии “Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда” дар Маркази мероси хаттӣ

              Дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоби Ғулом Ҷелонии Доварӣ - “Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда”, баргузор гардид, ки дар он шарқшиносону таърихнигорон, забоншиносон ва пажӯҳишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

             Ғулом Ҷелонии Доварӣ профессори Донишгоҳи Ҳойделберги Олмон дар сарварақи китоби “Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда” навиштааст: “Ин асарро ба поси зањамоти арзишманди Љаноби Олї, Љалолатмаоб Эмомалї Рањмон, Раисљумњури кишвари Тољикистон дар соњаи забон, фарњанг ва тамаддуни муштараки мо, ба Эшон эњдо мекунам”.

Асари мазкур  ҷониби муҳаққиқони Маркази мероси хаттӣ зери назари бевоситаи академик Фарҳорд Раҳимӣ таҳия  ва нашр шудааст.

 

              Маҳфили рӯнамоиро Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, дар шароити кунунӣ баргардон ва таҳияи шакли такмилшудаи китоби мазкур ва ба нашр расонидани онро кори бисёр муҳим ва сарвақтӣ  арзёбӣ карданд. Президенти АМИТ таҳқиқоти мазкурро як гоми муҳим дар ҷиҳати такмили донишҳои тоҷикшиносӣ ва ҳуввиятбахшӣ барои ҷомеа унвон намуданд.  

         Сипас, тавассути иртиботи мустақим муаллифи китоб, профессори Донишгоҳи шаҳри Ҳойделберги Олмон Ғулом Ҷелонии Доварӣ ба ҷамъи ҳозирин пайваста, ба роҳбари АМИТ ва муҳаққиқони тоҷик барои таҳия ва нашри китобаш изҳори қадрдонӣ намуда, таваҷҷуҳи роҳбирияти давлати Тоҷикистон ба  ҳуввияти миллӣ ва осори таърихӣ, инчунин сиёсати илмпарвардона ва фарҳангмеҳвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қобили дарҷгузорӣ донист.

         Баъдан, Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих, саркотиби илмии АМИТ, роҷеъ ба муҳтаво, таҳия ва нашри рисолаи мазкур; Раҳматкарим Давлатов, номзади илмҳои таърих,  директори Маркази мероси хаттии АМИТ роҷеъ ба “Хониши  катибаи Яковланг ва тафсири вожаи “тоҷик” аз ҷониби Ғулом Ҷелонии Доварӣ”, Олимҷон Хоҷамуродов, доктори илмҳои филологӣ роҷеъ ба “Аҳаммияти рисолаи Ғ.Ҷ.Доварӣ дар тафсиру тавзеҳи вожаи “тоҷик”; Ғиёсиддин Қодиров, номзади илмҳои ифлологӣ, дар мавзӯи “Ғулом Ҷелонии Доварӣ ва рисолаи ӯ” шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

          Дар арзёбӣ ва баррасии китоби мазкур пажӯҳишгарони забон, адабиёт ва таърих, Бобоназари Бобохон, Абдунабӣ Сатторзода, Аскаралӣ Раҷабов, Тоҷиддин Мардонӣ ва дигарон табодули назар намуданд.

          Ҳамзамон, намоиши китобҳои дар 30 соли Истиқлол таҳия ва ба нашр расонидаи кормандони ММХ  баргузор шуд, ки иштирокдорон аз онҳо дидан карданд.

Рисолаи Ғулом Ҷелонии Доварӣ асосан ба хониши катибаи Яковланг ва баҳси донишмандон роҷеъ ба наҳваи хониши он бахшида шудааст.

Китоби мазкур аз ду бахши асосӣ ва панҷ фасл иборат мебошад.

         Бахши аввал дар хусуси сарзамини аслии ориёиҳо ва решаи забонҳои онҳо баҳс мекунад. Таъкид мешавад, ки  қавми тожик аз нуқтаи назари генетикаи таборию забонӣ марбут ба шохаи ақвоми ҳиндугерманӣ ва ё ба истилоҳи тоза марбут ба шохаи ҳиндуаврупоӣ аст, ки аз нимқораи Ҳинд то ғарби Аврупо густариш дорад.

            Инчунин дар мавриди вожаи ОРИЁӢ таъкид шудааст, ки ба истиноди осори катбӣ аз ҷумлаи тамоми таборҳои ҳиндуаврупоӣ сирф ақвоми ҳавзаи фарҳангии мо, яъне ақвоми ҳиндӣ-ориёӣ ва эронӣ-ориёӣ хештанро ориёӣ меномиданд. Агар ниёгони мо хештанро ориёӣ номидаанд, манзури онҳо сиёсӣ не, балки таборӣ буд, яъне онон мехостанд нишон диҳанд, ки бо муқоиса бо соири ақвом ба як тайф ва қабилаи ба хусус марбут буда, андешаҳои динӣ ва расму ривоҷи эшон бо дигарон фарқ дошт. Манзур сирф ҳамин буд.

       Бахши дигари китоб ба Аҳуромаздо ихтисос дорад. Гуфта мешавад, ки ӯ дар Эрон бузургтарин бағон (Худо) буд (baga vazraka ва maɵišta bagānām), ки дар суннати динии Ҳахоманишиён (ва баъдан Сосониён) ҷойгоҳи бахусус дошт ва тасовири вай ҳам ба масобаи Худои якто ба намоиш гузошта шудааст.

           Бахши севум ба Йимаи авестоӣ бахшида шуда, таъкид мешавад, ки (Yima, бо вокаи кӯтоҳ, на Ямо) намудори инсонҳои аввалияи ориёст, ки ба унвони нахустин подшоҳи замони некбахтӣ падидор шуд ва дар замонаш инсонҳо ба хушбахтию саодат ноил шуданд (Яшт, Ясна 9). Дар Ҳинд Йима (Yamá, ҳамчунон бо вокаи кӯтоҳ) нахустин марди рӯи замин аст, ки пас аз даргузашт мақоми худои маргро ба даст овард ва занаш Ямӣ (Yamī) ном дошт.

ТАЪБИРИ ДОВАРӢ АЗ ВОЖАИ ХУРОСОН

           Бахши чоруми китоб ба ХУРОСОН, ҲУВАРСОН ВА МЕҲРСОН унвон дошта, таъкид мешавад, ки ин густараи таърихї-ҷуғрофиест, ки дар тўли таърих марзҳои ҷуғрофиёи сиёсиаш тағйир карда, гоҳе кўчак ва гоҳе хеле бузург будааст.

        Вожаи Хуросон нишон медиҳад, ки аз он ҷо хуршед бармехезад, аммо таъбири он чист? Агар мо дар арозии комилан ҳамвору биёбонӣ зиндагӣ кунем, чї маънию кайфияте дорад, ки бигўем хуршед дар он ҷо аз Шарқ тулӯъ мекунад, чун ҳама мебинанд, ки хуршед аз уфуқ бармехезад ва аз фосилаҳои хеле дур метавон онро дид. Аммо агар дар навоҳие зиндагї кунем, ки дар силсилакўҳҳои шомих ҳатто то баландии 7000 метр бо ҳайбати хосе дар он ҷо соя меандозанд, пас тулӯи хуршедро ба осонӣ мисли арозии ҳамвор наметавон аз дур мушоҳида кард, чун ин кўҳҳои шомих монеи онанд. Дар чунин манотиқ кўҳҳо дар торикии шаб мисли ашбоҳи тарсовар ба назар меоянд ва камтар метавон чизеро дар шаб дид. Пас тулӯи хуршед ба манзалаи рӯшноии раҳоибахш аст, ки рӯҳи бошандагони он ҷоро пас аз торикии ҳавлноки шаб шодмон месозад. Хуршед оҳистаҳиста аз пушти кўҳҳои шомих бармехезад, то билохира бар фарози кӯҳҳо зоҳир шуда, оғоз ба нурафшонӣ мекунад. То он вақт мардум наметавонанд хуршедро бубинанд, агарчи чанд лаҳзае аз оғози ин субҳгоҳӣ ҳам гузаштааст. Пас маънии номи Хуросон ба назари ман ин аст, ки хуршед аз фарози силсилакўҳҳои баланд бармехезад.

        Хостгоҳи вожаи ттожик (муарраб: тоҷик) ва решаёбии он аз мавзӯоти муҳимми илмиест, ки дар гузашта рӯи он бар асоси манобеи давраи исломӣ ҷару баҳсҳои фаровон сурат гирифтааст, бидуни он ки ба кадом натиҷаи ризоятбахш расида бошем. Акнун бино ба кашфи осори давраи пеш аз ислом метавон рӯи ин вожа беҳтар равшанӣ андохт. Дар ин робита мо се манбаи муҳим дорем, ки иборатанд аз:

  • Сангнабиштаи бохтарии Яковланг дар вилояти Бомиёни Афғонистон. Ин сангнабишта дар соли 392 тақвими бохтарӣ (баробар бо 624 мелодӣ) ба фармони “Алхис писари Хурос, хадиви Газон” ба муносибати пирӯзӣ ва ё интихобаш ба ҳайси подшоҳи Турку Тозик (тоҷик) нигориш ёфтааст. Ин асари таърихӣ акнун дар осорхонаи Кобул нигаҳдорӣ мешавад.
  • Сиккаи як шоҳи Хуросон бо лақаби ифтихоромези Қайсари Рум, Худои бузург, Шоҳи тозикон”.
  • Барге аз як нусхаи хаттӣ ба забони монавии портӣ , ки дар маҷмӯаи Турфон бо шумораи М339 дар Олмон нигаҳдорӣ мешавад. Ин нусхаи ноқис, ки матни он дастурамал барои ниёиш аст, бо унвони “Пар тожигона  овок”, яъне “Ба забони тожикӣ оғоз мешавад.

Хониш ва тафсири сангнабиштаи Якволанг

           Сангнабиштаи бохтарӣ рӯи як тахтасанги чунае ба бузургии 33 дар 25 сантиметр ҳак шудааст. Пеш аз он ки сангнабишта ҳак шавад, рӯи сангнабишта софкорӣ шудааст. Сангнабишта шомили 13 сатр аст, ки ҳар сатр ба андозаи 2 сантиметр аз ҳамдигар фосила дорад. Мутаассифона, бахши бузурги сатри аввал ва бахше аз сатри дувум дар асари ҷудо кардани сангнабишта аз девори ступа тавассути дуздон вайрон шудааст.

            Симс Виллиямс, донишманди инглис таърихи тадвини ин сангнабиштаро, ки ба сурати хеле ноқис дар аксҳо дар ихтиёри мост, соли 492 таърихи бохтарӣ (баробар бо 724 мелодӣ) мехонад. Арқоми ин соли бохтарӣ ба пиндошти вай иборатанд аз 2+90+400=YQB.

          Агарчи ӯ ёдоварӣ мекунад, ки рақами аввали солро метавон (300=Т) ҳам хонд, аммо вай хониши (400=Y)-ро мепазирад. Вай ин хонишро ба ин далел ихтиёр кард, чаро ки бо ин бовар буд, ки манзур аз зикри номи қавми “Тозик” (Tazigo), ки дар сатри чаҳоруми сангнабишта зикр шуда “Араб” мебошад. Ба назари вай таърихи тадвини сангнабишта дар соли 724 мелодӣ, мутобиқ аст бо таҳоҷуми аъроб ба Хуросон.

            Аммо Ҷелонии Доварӣ баръакси Симс Виллиямс аксҳои дар даст доштаро бештар таҳқиқ намуда ва саъй кардам то онҳоро ба гунае, ки дар боло зикр шуд, аз тариқи фановарии озмоишгоҳии “forensik”-ӣ аз завоёи мухталиф ва бо тағйироти мухталифи ашиъаї нусхабардории ҷадид кунам. Дар ин ҷо ба таври мисол сирф ду аксро, ки сатри аввали сангнабиштаро (ки акнун дар сангнабиштаи дигар вуҷуд надорад) то сақфи девори фавқонӣ нишон медиҳад, ба хонандагон ироа мекунам. Аз рӯи ин аксҳо (шумораи 1-15 ва 2-15) акнун ба вазоҳат дида мешавад, ки адади аввалии сол аз нигоҳи расмулхат сирф ҳарфи (Т=300) метавонад бошад. Дар ин ҷо бояд ёдоварӣ шуд, ки дар расмулхатти машқии забони бохтарӣ фарқи бузурги имлої байни ҳуруфи (Y=400 ва Т=300) вуҷуд дорад. Дар ин маврид нигоҳ кунем ба феҳрасти хониши солҳои бохтарӣ, ки аз сӯи худи Симс Виллиямс таҳия шудааст.6 Пас дар воқеъ, таърихи тадвини сангнабишта иборат аст аз соли 392 тақвими бохтарӣ (баробар бо 624 мелодӣ). Бо таъйини ин таърих мо дар авохири давраи давлати Сосониён, яъне дар замони Хусрави Парвизи II (аз 590 то 628 мелодӣ) қарор дорем, ки замони инқирози давлати Сосониён аст, ки аз як тараф бо императории Византия дар Ғарб ва аз ҷониби дигар бо давлати туркон дар шарқ масруфи ҷангҳои хунин буд. Ин давра давраи пурталотуму иғтишоши умумӣ буд ва ба ҳамин далел аст, ки дар шарқ, яъне дар сарзамини Хуросон (Афғонистони кунунӣ) умарои маҳаллӣ қудратро ба даст гирифта ва давлатҳои кӯчаку мустақили ҳамтабори хешро ба вуҷуд оварданд.

         Нахустин сатри сангнабишта оғоз меёбад бо таърихи (T Q B mauo sbōlo) соли 392 моҳи сабул) ва хатм мешавад ба ақидаи Симс Виллиямс бо (kaldo ōstado [..]), яъне “ҳангоме ки обод шуд”. Аммо ба асоси як акси оқои Питер Швиттек ду ҳарфи охири калимаро, ки оқои Симс Виллиямс натавонист таъбир кунад, иборат аз “mo” мебошад. Хониши ман “mo ōstado” аст, дар ҳоле, ки “mo” ҳарфи таъриф [муайянӣ] аст ва ба вожаи баъдии ҷумла марбут мешавад. Пас оғози матни сангнабиштаро бояд ин тавр хонд:

Αχρονο τ ϙ β μανο σβωλο καλδο ωσταδο μο βογγο ιμο στοπο

αхšοnο T Q B mauo sbōlo kaldo ōstado mo boggo imo stopo.

 

“Соли 392 моҳи сабул буд, ки обод шуд бунёди ин ступа”

Тарҷумаи озод: “Ин ступа дар моҳи сабули соли 392 обод шуд”.

         Обидаи таърихии Яковланг аз тарафи подшоҳе бино шуд, ки худро Алхис, писари Хурос, подшоҳи Газон\Газан аз Роғи Замангон” мехонд. Маҳалли “Gazano”-ро оқои Симс Виллиямс бо шаҳри имрӯзаи Ғазна яксон дониста ва саъй кардааст, то дар ин маврид тавзеҳоти муфассали таърихӣ-ҷуғрофиёиро ироа кунад Дар ин маврид бояд гуфт, ки аз як тараф номи “Gazano” зоҳиран бо номи Ғазна мутобиқат надорад ва аз сӯе байни шаҳри Ғазна ва минтақаи Бомиён фосилаи зиёд аст. Пас, боистї маҳаллеро суроғ кард, ки аз нуктаи назари таърихиву ҷуғрофиёӣ бо минтақаи Бомиён наздикӣ дошта ва дар ҳамҷавории он қарор дошта бошад.

         Яке аз нукоти муҳимми таърихӣ дар ин сангнабишта зикри номи ду қавм аст, ки бо ҳам якҷо зикр мешаванд:

τορκο χαρο (ο)δο ταζιγο χαρο

torko xaro odo tazigo xaro,

ки оқои Симс Виллиямс онро “Подшоҳи турк ва подшоҳи араб” тарҷума мекунад.

          Дар ин ҷо ду нукта қобили ёдоварӣ аст:

  • Нахуст ин ки тарҷумаи Симс Виллиямс бо матни бохтарӣ мутобиқат надорад, чаро ки бо зикри номи подшоҳон (ба заъми Симс Виллиямс) феъл ҳам бояд дар ҳолати ҷамъи мозӣ [гузашта] бошад, яъне феъл бояд ба шакли “staddindo/astaddindo” навишта мешуд. Бинобар ин, ман муътақидам, ки дар ҷумлаи

τορκο χαρο (ο)δο ταζιγο χαρο

torko xaro odo tazigo xaro

                “Шоҳи турк ва шоҳи тозиг”

сирф як шахс нуҳуфта аст, яъне ҳангоме ки Алхис шоҳ, писари Хурос ҳар ду қавмро бо ҳам муттаҳид кард ва подшоҳи ҳар ду қавм шуд, пас ба ҳамин муносибат ин ступаро бино намуд, то ба ин тартиб назри худро дар баробари Будо адо карда бошад.

  • Дувум ин ки зикри номи як “подшоҳи араб” (tazigo xaro) наметавонад ҳеҷ гуна иртиботе бо ступаи будоӣ дошта бошад, зеро ҳузури як ҳукмрони араби мусулмон дар маросими баргузории як бинои будоӣ чандон ба воқеият наздик нест. Аъроб ба унвони муҳоҷимону мубаллиғони як дини нав вориди сарзамини Хуросон шуданд. Ҳадафи эшон тарвиҷи ислом ва нобудии адёни ғайри илоҳӣ ва фарҳангҳои ғайри исломӣ буд, ки бо хушунат ва хунрезии бисёр сурат гирифт.

         Оқои Симс Виллиямс аз як сӯ “tazigo”-ро иштибоҳан ба араб таъбир карда ва аз сӯи дигар таърихи сангнабиштаро, тавре ки дар боло гуфтем, соли 492 бохтарӣ (724 мелодӣ) мехонад. Аммо оқои Доварӣ менависад, ки “гирем, ки ин таърих дуруст бошад, боз ҳам дар он ҳангом дар минтақаи Бомиён аъроб ҳанӯз ҳузур надошт. Дар он вақт дар шимоли кўҳсорони Ҳиндукуш ва дар Кобулистон – Зобулистон ва Гандаҳоро хонаводаи салтанатии муқтадири Тегиншоҳиён фармонравоӣ мекарданд. Яке аз шоҳони ин хонадон дар сиккаҳо худро бо ифтихор “Tagino uōrsano šauo”, яъне “Тегин, шоҳи Хуросон” меномад.9 Дар ноҳияи Бомиён хонаводаи салтанатии дигаре ба номи Шер ва дар минтақаи ҳамҷавори он, яъне дар Ғӯр хонаводаи дигари шоҳӣ салтанат мекард, ки лақаби худро Шор меномид (нигоҳ шавад ба пойин зери шумораи 7).10 Баъдан, дар замони халифаи Аббосӣ ал-Мансур (753 то 774 мелодӣ) буд, ки Шери Бомиён ба дини ислом гароид.

“Истода буд ба Бомиён Шере,

  Биншаста ба изз дар Бишин Шорї.” (Н.Хисрав)

         Ҳамин тавр, хулоса мекунад, Ғулом Ҷелонии Доварӣ “ба пиндошти ман вожаи “tazigo”-и сангнабиштаи бохтарӣ ҳеҷ чизи дигаре наметавонад бошад, ғайр аз номи қавми тоҷик, ки дар Бохтарзамину Варорӯд маскангузин буданд”.