Рӯнамоии “Ёддоштҳои Халилуллоҳ Халилӣ

         1.7.jpg

       Имрӯз (18.03.2021) дар  Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Ёддоштҳои Халилуллоҳ Халилӣ” баргузор шуд. Ҷамъомад бо ибтикори  Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар ҳамбастагӣ бо Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон  баргузор гардида, дар он олимону донишмандон, муҳаққиқони шинохташудаи таъриху фарҳанги миллӣ  иштирок намуданд.

         Сухани ифтитоҳиро Саркотиби  АМИТ, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, доктори илмҳои таърих,  профессор Қосимшо Искандаров оғоз бахшида,  дар мавзӯи “Ёддоштҳои Халилуллоҳ Халилӣ ҳамчун сарчашмаи муътабар роҷеъ ба таърихи қарни ХХ Афғонистон” суханронии пурмазмун  ироа намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки ба нашр расонидани китоби “Ёддоштҳои Халилуллоҳ Халилӣ” дар ростои амалидошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18.03.2020  дар мулоқот бо муҳаққиқон ва аҳли зиёи кишвар дода буданд, инчунин ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паёми солонаашон роҷеъ ба зарурати таҳқиқ ва омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ сурат гирифтааст.

         Директори ММХ, номзади илмҳои таърих Раҳматкарим Давлатов оид ба назароти Халилуллоҳ Халилӣ дар мавриди муҳоҷирони  тоҷики нимаи аввали асри 20 таҳти унвони  “Бозтоби сарнавишти муҳоҷирони тоҷики аввали асри ХХ дар “Ёддоштҳои Халилуллоҳ Халилӣ”  маърӯзаи илмӣ намуданд.

1.8.jpg

         Таҳиягари китоби мазкур, ходими калони илмии ММХ, Баҳриддин Мирзоев  дар мавриди таҳия ва нашри “Ёддоштҳои Халилуллоҳ Халилӣ”, инчунин таҳқиқи осори  Халилӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

         Қисмати дувуми ҷамъомад бо мусоҳибаи озоду баҳсҳои илмӣ дар мавриди китоби “Ёддоштҳои Халилуллоҳ Халилӣ” ва худи муаллиф сурат гирифта, дар он аз ҷумла,  атташеи фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҷибулло Маликзод, академик Караматулло Олимов, директори Энсиклопедияи миллӣ Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, номзади илми филология Маҳмадёр Шарифов, нависанда ва муҳаққиқ Мирзо Шакурзода ва дигарон фикру андешаи худро баён доштанд.

1.9.jpg

Маълумоти фишурда дар бораи устод Халилуллоҳ Халилӣ:

        Халилуллоҳ Халилӣ дипломат, шоир нависанда ва донишманди номдори  тоҷикзабони Афғонистон дар моҳи ноябри соли 1907 дар Боғи Ҷаҳонорои шаҳри Кобул ба дунё омадааст. Падараш Мирзомуҳаммад Ҳусайнхон шахси муътабари замони худ маҳсуб меёфт ва дар замони салтанати амир Ҳабибуллоҳ вазири дороиро ба уҳда дошт. Модари шоир Сабия, духтари Абдулқодирхон – яке аз хонҳои номвари Кӯҳистони шимолӣ буд, ки бо номи Абдулқодирхони Софӣ ҳам машҳур буд.

         Осори офаридаи Халилуллоҳ Халилӣ, ки дар назму наср, таърих, нақди адабӣ, тасаввуф ва дигар соҳаҳои илм, ки ба забонҳои форсиву арабӣ навиштааст, зиёда аз 50 китобро ташкил медиҳад, ки “Осори Ҳирот”, “аз Балх то Қуния”, “Аз ашъори устод Халилӣ (тартибдиҳанда Моили Ҳиравӣ), Девони Халилӣ (гирдоваранда Муҳаммадҳошим Умедвори Ҳиротӣ), “Мунтахаботи ашъор”, “салтанати Ғазнавиён”, “Файзи Қудс”, “Баргҳои хазонӣ ё пайванди дилҳо”, “Найнома”, “Оромгоҳи Бобур”, “Суруди Хун”, “Айёре аз Хуросон”, “Куллиёти ашъори устод Халилуллоҳ Халилӣ (ба кӯшиш ва эҳтимоми Абдулҳайи Хуросонӣ)” аз он ҷумла мебошанд.

         Устод Халилӣ дорои Нишони аввали маорифи Афғонистон, академики фахрии Академияи Фаронса, узви Созмони байналмилалии нависандагони Осиё ва Африқо, узви ифтихории Академияи таърихи Афғонистон буд. Дар конгрессу конфронсҳои илмии ҷаҳонӣ ширкат ва суханронӣ намудааст, ки чандеро метавон ҳамчун шоҳид овард: Конфронси байналмилалии Рӯдакӣ (Тоҷикистон, 1958), Конгресси илмии Абӯалӣ ибни Сино (Фаронса), Конгресси нависандагони  Осиё ва Африқо (Тошканд, Алмаато), Конфронси 550-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (Тоҷикистон, 1964),  Конфронси бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (Қуния, Туркия). Мавсуф ҳамчунин дар конфронсҳои вазирони  хориҷии мамолики исломӣ дар Ҷидда, Истанбул, Либия ва дигар ҷойҳо ширкат намуда, чун шахсияти сиёсӣ суханронӣ намудааст, ки аз мақоми баланди ӯ дар ин соҳа низ гувоҳӣ медиҳад.

         Дар ҳақиқат ҳам барои устод Халилӣ қариб ҳамаи дарвозаҳои илму адаб ва фарҳангу сиёсат боз буданд. Ин буд, ки дар давоми умри бобаракаташ устод тавонист дар тамоми соҳае, ки даст дошт, аз худ осори беназире ба мерос гузорад.

         Халилуллоҳ Халилӣ дар мақомоти баланди давлатӣ дар Афғонистон ифои вазифа намуда, солҳои зиёде ба ҳайси сафири кабири Афғонистон  дар Ҳиҷозу Ироқ гумошта шуд ва ҳамзамон сафири Афғонистон дар Сурия, Баҳрайн, кувайт, Урдун ва Қатар низ маҳсуб мешуд.

       Марги устод ба 5 майи соли 1987 дар Пешовари Покистон рост омад ва дар қабристони муҳоҷирони он ҷо ба хок супорида шуд.