СӮГВОРӢ

         Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки 12.12.2020, рӯҳи устоди муҳтарам, шарқшиноси собиқадори кишварамон Элчибеков Қудратбек ба малакути аъло пайваст. Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даргузашти он ходими сарсупурдаи ватанро ба ҳамкорон, ёру дӯстон, аҳли хонавода ва ҷомеаи илмии кишвар таслият арз менамояд.

Марги нобаҳангом устод Қудратбек Элчибековро дар сини 82-   солагӣ аз мо ҷудо намуд.

      Ёди номи неки инсони комил, шарқшиноси барҷаста ва шахсияти сарсупурдаи илми тоҷик Қудратбек Элчибеков дар дили ҳамкорону шогирдон ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

 

 Равонаш шоду ёду номи некаш гиромӣ бод!

Алвидо, авлвидо, алвидо,  устоди зиндаёд Қудратбек Элчибеков!   

                                         

Зиндагиномаи Қудратбек Элчибеков

  (23. 11. 1938 – 12. 12. 2020)

        Қудратбек  Элчибеков  23 ноябри соли 1938 дар  қишлоќи Вери ноњияи Шуѓнон ВМКБ таваллуд шудааст. Тањсилоти ибтидоиро дар зодгоњаш кишлоќи  Вер ба охир расонида, баъдан ба мактаб-интернати шањри Хоруѓ дохил шуда, онро соли 1956 ба итмом мерасонад. То соли 1959  ба сифати колхозчии ќатории колхози ба номи Куйбишеви ноњияи Шуѓнон кор кардааст. 

       Соли 1959 ба Донишгоњи давлати Тољикистон ба номи В. И. Ленин ба факултаи таъриху филология, шуъбаи забони арабї дохил шуда, онро дар соли 1964 хатм намудааст. Баъди хатми донишгоњ дар мактаби миёнаи ба номи В. И. Ленини шањри Хоруѓ ба сифати муаллими забони форсї кор карда, сипас ба сафи Ќуввахои мусаллањи Иттињоди Шўравӣ даъват шудааст. Баъдан  ба курсњои олии Кумитаи бехатарии давлатии СССР ба шањри Минск фиристонида шуд. Баъди хатми курсњои мазкур дар Кумитаи бехатарии давлатии назди Шўрои вазирони Љумњурии Тољикистон кор кардааст.

       Пас аз хатми  хизмати сарбозӣ ба аспирантураи назди Института шарќшиносї ва мероси хатти АИ Тољикистон дохил шуд ва онро дар соли 1973 ба охир расонд ва дар мавзўи «Силсиламаротиби рўњоният дар исмоилия» рисолаи номзадиашро тањти роњбарии профессор Андрей Евгеневич Бертелс дифоъ намудааст.

        Солҳои 1977 -1980 ба сифати тарҷумони низомї  дар давлати Эрон кор кард ва пас аз бозгашт дубора ба сифати тарљумони низомї ба кишвари Афгонистон сафарбар шудааст.  Дар чандин амалиётњои низомї ширкат намуда, барои хизматњои љангиаш бо ордени «Красная звезда», медали «За боевые заслуги» мукофотонида шудааст.

        Баъд аз бозгашт ба Ватан боз ба Институти шарќшиносї ва мероси хаттї (њоло Маркази мероси хаттї наздӣ Раёсатӣ АМИТ ) дар шуъбаи нусхањои хатти ва тањияи фехристњо ба кор шурўъ намуда то охирин лаҳзаи умри пурбаракати худ дар ҳамин самт кору фаъолият мекард.  Аз корҳои  мондагори Элчибек Қудратбеков тарҷумаи феҳристи даҳҷилдаи “Нусхаҳои хаттии ганҷинаи дастнависҳои АМИТ” аз забони русӣ ба форсӣ дар ҷаҳор ҷилд ва ҳамчунин феҳристи олимони шинохтаи шӯравӣ Андрей Бертелс ва Муҳаммадвафо Бақоев ба номи “Алфавитный каталог рукописей, обнаруженных в ГБАО экспедицией 1959- 1963” мебошад. Инчуни марҳум  Элчибек Қудратбеков бо ҳамдастии олими зиндаёд Саиданвар  Шоҳхуморов рисолаи “Пандиёти ҷавонмардӣ”, “Шаш фасл” –и Носири Хусрав ва матни комили “Кимиёи саодат”-и Муҳаммад Ғаззолиро бо ҳамкории Дӯстмуҳаммади Дӯст, дар ду ҷилд ва бо муқаддимаи муфассалу тавзеҳот ба нашр расонидааст.  Марҳум рисолаи “Силки Гуҳаррез” –ро аз ҳуруфоти кириллӣ ва форсӣ баргардонидааст.  Мақолаҳои устод Қудратбек Элчибеков дар даҳҳо маҷаллаи илмии дохил ва хориҷи кишвар ба чоп расидаанд.