Ташкили ситоди зидиэпидемӣ дар ММХ

Чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуд.

Бо мақсади рӯи дастгирифтани иқдомоти саривақтӣ ва босифату масъулиятшиносонаи чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус, дар заминаи Амри Президенти АМИҶТ, аз 20. 03.2020, 300123 123 ва протоколи ҷаласаи фаврии назди Президенти АМИҶТ, аз 24. 03. 2020 дар Маркази мероси хаттӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин ситоди зиддиэпидемӣ ташкил ва муассиса бо таҷҳизоти техникӣ ва лавозимоти зиддиэпидимологӣ ва кӯмаки аввалияи тиббӣ таъмин гардид.

Аъзои ситод:

Ҷ. Назриев, директори ММХ, раиси ситод;

С. Латифов, раиси иттифоқикасаба, муовини раиси ситод;

С. Субҳонов, муовини директор оид ба умури хоҷагидорӣ;

С. Раҳмонзода, нозири калони кадр;

М. Раҳматшо, ходими илмӣ;

         Аъзои ситод ва шахсони масъулу мутасаддӣ ҳамарӯза бинову лавозимоти комуникатсионии онро дар ҳолат муносиби санитарӣ нигоҳ медоранд ва дар муҳлатҳои муқаррар гардида оид ба ҳолати беҳдоштӣ ва корҳои анҷом дода шуда дар ин самт ба мақомоти дахлдор ҳисоботи мушаххас пешниҳод мекунанд.

Дар муассиса лавҳаву овеза ва дастуроти мутахассисони соҳа ҷиҳати пешгирии коронавирус насб гардидааст. Инчунин, ҳамарӯза аз ҷониби роҳбарияти Маркази мероси хаттӣ ҷиҳати пешгирии коронавирӯс ба кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Дар ин ҳаракати умумӣ саҳми ҳамаи кормандони ММХ назаррас аст. Аз ҷумла, Шарипов Маҳмадёр (ходими калони Институт) бо эҷоди шеъре ҳамкоронашро ба риояи чораҳои зиддиэпидемӣ ташвиқ кардааст.

Он беҳ, кидигар саломи дастӣ накунем,

Бо бӯсу канор арзи ҳастӣ накунем.

Ин мулки бадан амонати Яздон аст,

Як рахна ба кори тандурустӣ накунем.