Тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» минбаъд истифодаи пешниҳоди ариза ва гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро тариқи электронӣ зиёд менамояд

      Ояндаи наздик бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд. Масъалаи мазкур зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода муҳокима шуд. Дар ин бора  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

«Таҷриба собит сохт, ки имконияти мазкур бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ ва пурра танзим наёфтани раванди электронии гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ кам истифода мегардад», — афзуд Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода.

Аз ин хотир, бо мақсади дақиқ кардани раванд ва васеъ намудани имконият ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати тариқи электронӣ пешниҳод намудани ариза ва гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар лоиҳа меъёрҳои зарурии мутобиқ ба Консепсияи ташаккули «Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидаанд.

Зикр шуд, ки дар қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» меъёрҳое вуҷуд доранд, ки тартиби муроҷиати электронии субъектҳои соҳибкориро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба танзим медароранд.

Ҳоло шумораи мақомоти иҷозатдиҳанда дар мамлакат ба 19 адад ва номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба 75 адад баробар мебошад.

«Ҳангоми қабул гардидани лоиҳаи мазкур дар доираи қонун шумораи мақомоти иҷозатдиҳанда ба 3 адад ва номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба 16 адад ё  21 фоиз кам гардида, асос барои ба роҳ мондаин низоми электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ фароҳам оварда мешавад. Ин бевосита ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ медиҳад»,- иттилоъ дода шуд дар ҷаласа.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро инчунин   лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон  як зумра масъалаҳои дигарро  муҳокима ва аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул намуданд.