Тақризи навбатӣ дар мавриди китоби “Вожаи тоҷик...”-и Ғулом Ҷелонии Доварӣ

           

         Чанде пеш китоби устоди адабиёти форсии Институти Осиёи Ҷанубӣ дар Донишгоҳи Ҳойделберги Олмон, Ғулом Ҷелонии Доварӣ таҳти унвони “Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи “тожик” бар мабнои осори кашфшуда” аз ҷониби ходимони илмии Маркази мероси хаттӣ, аз хатти арабиасоси форсӣ ба кириллии тоҷикӣ,  баргардон ва бо иловаи суханони муаллиф ва сарсухани Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба чоп расонида шуд. 


 

         Баъди ба нашр расидани китоб назару андешаҳои гуногун, аксаран мусбати донишмандону зиёиён,  дар мавриди асар  ироа гардиданд. Нависанда Шодӣ Раҷабзод, ин навбат, дар Рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” 30.12.2021, №52 (2127) андешаашро перомуни китоби фавқ бо унвони  “Вожаи “тоҷик” дар сангнабиштаҳо” баён кардааст...