Таҷлили Рӯзи Президент дар Маркази мероси хаттӣ
Primary tabs
15-уми ноябр дар толори Маркази мероси хатии АИ ҶТ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлисро директори Маркази мероси хаттӣ, доктори илмҳои филологӣ ва узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриев ифтитоҳ намуда, дар бораи зарурати таҷлили Рӯзи Президент ва хадамоти Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат дар амри таҳкими давлатдории миллии тоҷикон суҳбати пурмазмун ироа намуд.
Сипас, Раҳматулло Абдуллоев-котиби илмии Марказ дар мавзӯи “Рӯзи Президент-рамзи ваҳдату ягонагии халқу давлат” суханронии муфассале эрод карда, таърихи пуршебу фарози ташкили институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.
Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин Алии Муҳаммадии Хуросонӣ-мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқи ва нашри мероси хаттӣ ва Асрори Раҳмонфар-муовини директори Марказ оид ба илм суханронӣ ва дар иртибот ба Рӯзи Президент шеърҳои тозаэҷоди худро қироат намуданд.