Фариштаи сухангустар

Дар таҳнияти устод Мӯъмин Қаноат

       Суханро сабру тамкини замин додӣ,

   Суханро қудрати ҷонофарин додӣ,

    Суханро вусъати чархи барин додӣ,

    Суханро ҷуръати гурди матин додӣ,

 Суханро чашми диди одамин додӣ!

Ватанро саркитоби достон кардӣ,

Ватанро сархитоби ростон кардӣ,

Ватанро сарҳисоби бостон кардӣ,

Ватанро ҳамрикоби хостон кардӣ,

Ватанро саршиҳоби осмон кардӣ!

Ситудӣ корзорони ватанро ту,

Ситудӣ посдорони ватанро ту,

Ситудӣ барфу борони ватанро ту,

Ситудӣ донакорони ватанро ту,

Ситудӣ гулъузорони ватанро ту!

Сурудӣ иттиҳоду ҳамдилиҳоро,

Сурудӣ ҳамдиливу ҳамгилиҳоро,

Сурудӣ одиливу оқилиҳоро,

Сурудӣ собириву оҷилиҳоро,

Сурудӣ воҳидиву восилиҳоро!

Сари сарбоз додӣ вожаҳоятро,

Пари парвоз додӣ вожаҳоятро,

Фари фарноз додӣ вожаҳоятро,

Бари ҳамроз додӣ вожаҳоятро,

Дари дарвоз додӣ вожаҳоятро!

Шаби маҳтобу бехобӣ насибат шуд,

Лиқойи ҳури маҳтобӣ ҳабибат шуд,

Сафойи қуйи симобӣ нақибат шуд,

Навойи пири варзобӣ табибат шуд,

Шамоли сарди саҳлобӣ рақибат шуд!

Суруди қудсиёнро бишнавидӣ ту,

Суруди осиёнро бишнавидӣ ту,

Хурӯши ориёнро бишнавидӣ ту,

Фурӯғи тоҷиконро бишнавидӣ ту,

Дуруди ину онро бишнавидӣ ту!

“Суми мармар, думи муғпар,

Пари кафтдар, дави сарсар,

Миёни дастаи ханҷар!

Чӣ гардан?! Гардани духтар,

Аҷаб хушрӯ ва бозингар,

Гули бодом!– т  як дафтар!

Днепру Волгаву Донро ту бистудӣ,

Дари Бокуву Карпатро ту бикшудӣ,

Фашисти дадманишро фош бинмудӣ,

Бародар ҷуставу боре набиғнудӣ,

Ҳазор аҳсан зи миннатдор бишнудӣ!

Садойи Рӯдакиро кибриё хондӣ,

Даҳойи Ибни Синоро зиё хондӣ,

Дуъои неки Мирзоро ниё хондӣ,

Сафойи шеъри Боқӣ кимиё хондӣ,

Ҷаҳонро савту сози Осиё хондӣ!

Ҷаҳонеро ба мо дарвоз бинмудӣ,

   Ҷаҳониро ба мо дамсоз бинмудӣ,

Замониро ба мо анбоз бинмудӣ,

Заминиро ба мо ҳамроз бинмудӣ,

Ҷавониро ба мо мумтоз бинмудӣ!

Забони тоҷикиро ту дарӣ гуфтӣ,

Забони форсии модарӣ гуфтӣ,

Забони ховарии оҳарӣ гуфтӣ,

Забони хусравии ховарӣ гуфтӣ,

Забони ошиқию дилбарӣ гуфтӣ!

Ту шеъри “куҳна”, шеъри нав басо гуфтӣ,

Ту дурри куҳна, дурри нав басо суфтӣ,

Раҳи шеъру суханро бо мижа руфтӣ,

Дар ин паҳнои беқозию бемуфтӣ

Давидӣ, сӯхтӣ, пухтиву кай хуфтӣ?!

Туйӣ дастонсаро шоъир, туйӣ қодир,

Туйӣ девонсаро шоъир, туйӣ моҳир,

Туйӣ одамғаро шоъир, туйӣ соҳир,

Туйӣ дар моваро шоъир, туйӣ нодир,

Ту бе чунун чаро Шоъир, туйӣ Шоъир!

Туйӣ Фирдавсии сонӣ, тасанноят,

Туйӣ Беҳзоду ту Монӣ, тасанноят,,

Туйӣ Ҷомӣ, туйи Фонӣ, тасанноят,,

Туйи Бедил, ту Ҳоқонӣ, тасанноят,,

Туйӣ Нодирпури ҷонӣ, тасанноят,!

Ба васфат ман бирондам хома, бипзираш,

Бигуфтам ин муҳаббатнома бипзираш,

Ба ҳайси бодаи хушкома бипзираш,

Ба ҷойи яккабанду ҷома бипзираш,

Салом, ай шоъири аллома, бипзираш!!

Асрори Сомонӣ, 

Душанбе,

20.05.2002