Ходимони илмии Маркази мероси хаттӣ-ғолибони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

       Имрӯз (22.06.2022) дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе натиҷаҳои даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардид.

 

          Дар озмун чор нафар ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ  иштирок карда, сазовори як ҷойи 1, як ҷойи 2 ва як ҷойи 3 гардиданд. Аз ҷумла, Ташрипов Насриддин (номинатсияи шеъру шоирӣ) ба дарёфти ҷойи 1; Валиева Дилоро (номинатсияи  адабиёти классикӣ) ба дарёфти ҷойи 2 ва Достиева Басонат (номинатсияи адабиёти муосир) ба дарёфти ҷойи 3 мушарраф гардиданд.

         Маъмурияти Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро муборакбод гуфта, дар давраҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав ба нав таманно менамояд.