Ширкати кормандони Маркази мероси хаттии АИ ҶТ дар давраҳои омӯзишии Маркази фарҳанг ва мероси “Ҷумъа-ал-Моҷид”-и АМА
    Аз 10 то 28 июни соли ҷорӣ ду корманди Маркази мероси хаттии АИ ҶТ дар 12-умин давраи омӯзиши Маркази фарҳанг ва мероси Ҷумъа-ал-Моҷид”-и Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд.
    Сафари Субҳонов Саидҷон ва Муминов Ҳорис кормандони Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ба шаҳри Дубай бо даъвати Маркази фарҳанг ва мероси Ҷумъа-ал-Моҷид барои ширкат дар давраҳои омӯзишии “Нигаҳдорӣ, тармим ва барқарорсозии дастхатҳои қадима” дар Маркази Ҷумъа-ал-Моҷид сурат гирифта, ҳудуди як моҳ омӯзишҳои лозимро дар ин замина касб карданд.
    Кормандони марказ дар ин давраи омӯзишӣ тарзи тармими дастхатҳо (пок кардани дастхатҳо аз ҳашарот ва чангу ғубор), барқарор кардани саҳифаҳои порашуда, сохтани муқоваи дастхатҳо бо чарм, сохти қолаб барои нигаҳдории дастхатҳо ва тарзи тайёр кардани коғаз барои тармими дастхатҳои тахрибшударо омӯхтанд.
   Дар поёни сафар Субҳонов С., ва Муъминов Ҳ., сертификати хатми давраи омӯзишии Маркази фарҳанг ва мероси Ҷумъа-ал-Моҷидро ба даст оварданд.
   Маркази фарҳанг ва мероси Ҷумъа-ал-Моҷид калонтарин ва муҷаҳҳазтарин маркази ҳифзу нигаҳдории дастхатҳои қадима ва китобҳои муосир ба шумор рафта, дар он  1млн 800ҳазор нусха дастнавис ва китобҳои муосир нигаҳдорӣ мешаванд.
   Ҳамкории Маркази мероси хаттии АИ ҶТ бо Маркази фарҳанг ва мероси Ҷумъа-ал-Моҷид аз соли 2008 бар асоси шартнома оғоз шуда, баъдан бо сабабҳои номаълум қатъ гардидааст.
   Акнун бо ташаббуси Ҷӯрабек Назриев, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АИ ҶТ ва директори Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ҳамкорӣ миёни ин ду маркази муҳим аз сар гирифта шуд. Инак бо талошҳои шабонарӯзии Ҷӯрабек Назриев пас аз 10 соли қатъи робита, ҳамкорони мо тавонистанд дар 12-умин давраи омӯзишии Маркази фарҳанг ва мероси Ҷумъа-ал-Моҷид ширкат намуда, равишҳои нави тармиму барқарорсозии дастхатҳои қадимаро аз худ намоянд. Бидуни шак, таҷрибаи бадастовардаи онҳо барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва тармиму барқарорсозии дастхатҳои нодири Маркази мероси хаттии АИ ҶТ мусоидат хоҳад кард.