Ширкати муҳаққиқони Марказ дар конфронси байналмилалии “Ҳикмати Рӯдакӣ”

 

  Се нафар аз муҳаққиқони Маркази мероси хатии АИ ҶТ рӯзҳои 21-22-уми соли равон дар ҳамойиши илмию байналмилалӣ зери унвони «Ҳикмати Рӯдакӣ» бахшида ба бузургдошти 1161-солагии зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент ширкат карданд. Дар ин ҳамойиши бошукӯҳ ходимони илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Одинаев Абдуҳалим ва Давлатов Илҳомиддин  иштироку суханронӣ намуданд.

  Пажуҳишгарони Марказ Одинаев Абудҳалим дар мавзӯи «Инъикоси ашъори Рӯдакӣ дар ашъори арабӣ» ва  Давлатов Илҳомиддин дар матлаби хеш таҳти унвони «Шеъру шоирӣ аз дидгоҳи устод Рӯдакӣ» суханронӣ намуда, паҳлӯҳои тозаи фаъолияти эҷодии Одаму-ш-шуароро ташреҳу тавзеҳ карданд.