ЭЪЛОН

               Ба диққати хатмкунандагони макотиби олии ҷумҳурӣ расонда мешавад, ки Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ имкон дорад, ки барои соли таҳсили 2021-2022 10 нафар довталаб (5 нафар – буҷавӣ, 5 нафар – шартномавӣ)-ро қабул кунад. Довталабон дар мавзӯъҳои таъриху назарияи адабиёти форсии тоҷикӣ, нусхашиносӣ ва матншиносӣ таҳқиқи илмӣ хоҳанд бурд.

               Аз ин рӯ, шарт аст, ки шоҳиди маълумоти олии гуманитарии соҳавӣ, дониши забонҳои арабӣ, русӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва хатту алифбои ниёгон бошанд.

               Хоҳишмандон метавонанд то 15 август барои супурдани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани маълумот ба Шуъбаи магистратураи назди Раёсати АМИТ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33) ва ё, бевосита, ба масъулони Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ (кӯчаи Ш. Ҳусейнзода, 35) муроҷиат намоед.

 

Шуъбаи магистратураи АМИТ тел: 221-32-14.

Котиби илмии Маркази мероси хаттӣ тел: 227-73-90.

Шуъбаи кадри Маркази мероси хаттӣ тел: 227-58-20.

Шуъбаҳо тел: 221-22-40, 901-11-10-36, 935-10-88-78, 931-44-13.00.

 

Душанбе,

01.07.2021.