Ҳадияи дастнависҳо ба Ганҷинаи Маркази мероси хаттӣ

         Рӯзи 14.03.2022 яке аз дилбохтагони  илму дониши ниёгон, собиқадори мақомоти интизомӣ ва низомии кишвар муҳтарам Субадоров Нилобек чанде аз дастнависҳои қадимаи ниёгонро, ки дар китобхонаи шахсиаш нигоҳдорӣ мешуданд, ба Ганҷинаи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳадия  намуд. Аз ҷумла , дар миёни ин дастнависҳо “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттор, “Девон”-и Хоҷа Ҳофиз, “Сафарномаҳо” ва дигар асарҳое, ки ба ташхис ниёз доранд, мавҷуд мебошанд. Ин китобҳо, дар давраҳои гуногуни таърихӣ хаттотӣ шудаанд.

       Бояд қайд кард, ки китобҳои ҳадияшуда ба тармим ниёз дошта, дар кутоҳтарин замон барои барқарорсозии онҳо мутахассисон фаро гирифта мешаванд.

        Маъмурияти Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба фарзанди илмдӯсту ватанпарвари кишвар Субадоров Нилобек барои аз нестӣ наҷҷот додани дастнависҳо ва ҳадияи онҳо ба ММХ изҳори сипос менамояд.

        Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, яке аз марказҳои муҳим ва бонуфузи Тоҷикистон мебошад, ки ба ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, тармим ва таҳқиқи осори хаттии гузаштагон сару кор дорад. Дар Ганҷинаи Марказ ҳоло бештар аз 14 ҳазор китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ҳифз мешаванд, ки қадимтаринаш ба асри XI  мансуб аст.