ҲАҚНАЗАР НАЗАРОВ 90 - СОЛА ХОҲАД ШУД

               "Масъалаҳои муҳимми таърихи муосири Афғонистон дар тадқиқоти узви вобастаи АМИТ, профессор Ҳақназар Назаров". Зери ин унвон дар санаи 20.04.2021, соати 10:00 дар толори Маркази мероси хаттии АМИТ бахшида ба 90 - солагии доктори илмҳои таърих Ҳақназар Назаров (1931-2006) Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор хоҳад шуд.

          Ҷоиз ба тазаккур аст, ки мавсуф беҳтарин муҳаққиқи Саид Ҷамолиддини Афғонӣ ва таърихи наву навтарини Афғонистон маҳсуб мешавад. Солҳои 80 - уми садаи гузашта мудири кафедраи "Таърихи наву навтарин" - и факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва новобаста аз болоравии синну сол ба донишҷӯён дарс мегуфт.

              Ҳақназар Назаров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1953),

ихтисос – «таърих».

          Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, шарқшиносӣ.

         Мудири бахши Шарқи муосири шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-1963),

         мудири бахши Афғонистон (1981),

         мудири шӯъбаи таърих, иқтисодиёт ва афкори иҷтимоии кишварҳои Шарқи хориҷӣ (1982-1986),

         мудири Шӯъбаи афғоншиносӣ (1996-2006),

         директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶТ (1932-1993).