ҶАЛАСАИ ИДОНАИ МАТНШИНОСОН

   5-уми сентябри соли ҷорӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварамон дар толори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор  гардид. Маҷлисро Раҳмонов Асрор-муовини директори Марказ ифтитоҳ намуд, сипас Суруди миллии ҷумҳурӣ пахш гардид.

Мавсуф дар суханронии хеш, зимни ишора ба аҳамияту арзиши истиқлол ва дастовардҳои 28 соли соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаҳои гуногун, бар нақшофарии кормандони Марказ дар корзорҳои миллӣ таъкид карда афзуд, ки дар тули 28 соли гузашта Тоҷикистони азиз ба се ҳадафи стратегии худ; таъмини амнияти хурокворӣ, истиқлоли энергетикӣ ва раҳойӣ аз бунбасти нақлиётӣ даст ёфт ва ба ҳадди худкифоӣ расид. Мавсуф фармуд, ки акнун Ҳукумат стратегияи чорум ва муҳимтар, яъне саноатикунонии бахши кишоварзии мамлакатро дар садри барномаҳои худ қарор додааст, ки расидан ба ин ҳадаф истиқлоли иқтисодии моро таъмин хоҳад кард. Аз муҳаққиқону пажӯҳишгарони Марказ даъват ба амал овард, ки то ҷашни 30-солагии истиқолияти давлатӣ 30 ҷилд китобро таҳияву нашр намоянд.

Дар маҷлиси тантанавӣ Саидхоҷа Ализода- мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳо, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ- мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ низ суханронӣ намуда, зимни баршумурдани дастовардҳои шуъбаҳои худ дар замони истиқлолият, ҳамчунин, барномаҳои нави худро дар самти таҳқиқу пажӯҳиши мероси ниёкон эълом доштанд.

Дар идома, Мавҷуда Хӯҷова-ходими калони илмии Марказ дар мавзӯи “Нақши занон дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ва Холида Давлатова-ходими илмии Марказ дар бораи таассуроти сафари илмӣ-пажӯҳишии худ ба Фаронса суханронӣ намуданд.

Дар маҷлиси идона шоирони корманди Марказ дар ситоиши давлату миллату истиқлолият ва дигар муқаддасоти кишвари азизамон ашъори нави худро ба самъи умум расонданд.

Қобили зикр аст, ки муҳаққиқони Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи ду соли гузашта ҳудуди 20 китоби илмӣ ва илмию оммавиро нашр карда, тасмим доранд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз 10 муҷаллад китоби арзишмандро таҳия ва пешкаши доираи васеи хонадагони тоҷик гардонанд.