ҶӮРАБЕК НАЗРИЕВ

ХОТИРАИ НЕКИ ҶӮРАБЕК НАЗРИЕВ

  (23.06.1946 – 24.05.2020)

        Донишманди варзида, узви вобастаи АМИТ ва ҳунарманди мумтоз Ҷӯрабек Назриев 23 июни соли 1946 дар рустои Навруҳои ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб по ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст. Ҷӯрабек Назриев шаш сол дошт, ки ба мактаби деҳ рафт.

Тобистони соли 1953 хонадони Усто Назрӣ ба деҳаи Оқҷар (Крупская) – и колхози Ленини ноҳияи Восеъ ва баъди як соли он ба шаҳри Душанбе кӯч баст.

Ҷӯрабеки ҷавон синфи севу чаҳорро дар мактаби ибтидоии рақми 31 ба номи Лоҳутӣ, воқеъ дар маҳаллаи Шоҳмансур, шаш соли дигарро дар мактаби миёнаи рақми 23 ба номи Максим Горкийи ноҳияи Роҳи Оҳани ш. Душанбе таҳсил намуд.

Баъди хатми мактаб соли 1963 Ҷӯрабек Назриев донишҷӯи бахши  забону адабиёти факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуд.

Баъди хатми донишгоҳ бо роҳхати раёсати донишгоҳ ва маслиҳати устод Аълохон Афсаҳзод ба аспирантураи  назди Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ҳуҷҷат пешниҳод кард ва дар супурдани имтиҳонот комёб гардид.

Соли 1974 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мактабӣ ва матни илмӣ-интиқодии маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» ва соли 1996 рисолаи докторияшро таҳти унвони «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форс-тоҷик» дифоъ намудааст.

Асарҳои дигаре аз қабили «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ», «Матни илмӣ-интиқодии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ», «Сулаймоннома»-и «Зулолии Хонсорӣ» (тадқиқ ва таҳияи матни илмӣ ва интиқодӣ бо ҳуруфи форсӣ, Душанбе, 1986), «Қиссаи Сулаймон ва маликаи Сабо дар назми форс-тоҷик» (Душанбе, «Пайванд», 1996), «Библийского кораническая история царя Соломона и её преломление в персидско-таджикской литературе» (Душанбе, 1996), «Таърихи Ҳумоюн»-и Гулшанӣ (Душанбе, 2007) ва даҳҳо мақолаҳои илмиро дар мавзӯҳои гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар  ба табъ расонидааст ва чанд асари дигар низ омодаи чоп аст.

Ӯ дар таҳия намудани «Феҳристи нусхаҳои хаттии хазинаи дастхатҳои ба номи академик А. Мирзоев» мусоидат намуд. Илова бар ин, дар ҳаммуаллифӣ бо ӯ дар мавзӯъи «Нома ва номанигорӣ» дар «Шоҳнома» рисолаи тадқиқотие анҷом дода, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳуруфи форсӣ (Теҳрон, 1999) интишор гардид, ки он дар шоҳномашиносӣ кори нахустин ва мукаммал доир ба номаҳои он шоҳасар дониста шудааст.

Ҷӯрабек Назриев аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта аввал дар Институти дастхатҳо ва сипас, баъди аз нав таъсис ёфтани Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ то моҳи июни соли 2007 дар вазифаи сарвари ин муассисаи бонуфузи илмӣ буд. Новобаста ба нооромиву норасоиҳои солҳои 90-уми қарни сипаришуда мутахассисони заруриро ба Институти осори хаттӣ, ки он боз бо ташаббуси ӯ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттиро ном гирифт, ҷалб созад ва барояшон баҳри идомаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ то ҷойе шароит фароҳам орад.

Ҷӯрабек Назриев аз раиси Иттиҳодияи музейҳои адабӣ то директори Институти мероси хаттӣ ва директории Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст ва аз соли 1991 то июни соли 2007 ин даргаҳи муқаддасро раҳбарӣ мекард.

Солҳои 2007-2008 Сарходими илмии шуъбаи таҳқиқи низоҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2008-2013 сарходими илмии адабиёти классикии Институти забон адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2013-2017 Мудири шуъбаи Ганҷинаи мерси хаттии ба номи академии Мирзоев-и Институти забон адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон.

Аз марти соли 2017 то 1 – уми майи соли 2020 Директори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ҷӯрабек Назриев, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳо, узви Иттифоқи нависандагон, Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон буданд.

Дар олами ҳунари хунёгарӣ чунон шуҳрату овоза ва мақому мартабаро соҳиб гашта буд, ки ба қавли шоир:

 

Чун ба ҳар кӯй равад, халқ барорад фарёд,

К-инак он шуҳраи ангуштнамо боз омад.

 

Сурудаҳояш вирди забонҳо гашта буд:

 

Хоҷа зи сарварӣ гузашт,

Банда зи чокарӣ гузашт,

Зориву қайсарӣ гузашт,

Даври Сикандарӣ гузашт,

Шеваи бутгарӣ гузашт,

Менигарему меравем...

Сабку услубашро даҳҳо ҷавон пайравӣ мекарданд, дар атрофаш ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдод гирд меомаданд ва мактаби хосси ҳунарии худро шакл дода буд.

Садои ӯ дар ҳама атрофу акнофи Тоҷикистон ва берун аз он мақбули аксар буд. Ӯ ошиқона суруд мехонд, сурудҳои хубу дилкашу дилрабо.

                                               ЁДИ Ӯ ДАР ХОТИРАИ ДӮСТОН, ШОГИРДОН, ҲАМКОРОН ВА ҲАЗОРОН МУХЛИСАШ ЗИНДА ХОҲАД БУД!

                 Дар сӯги устод Ҷурабек Назрӣ

                                                     Забеҳулло Беҳрӯз

Ҳар саҳар бар гӯш меояд садои мотаме,
Ҳар киро бинӣ, гирифтор аст бо ранҷу ғаме,
Мубтало шуд р
ӯзгори мо ба дарди мубҳаме,
"Сина моломоли дард аст, эй даре
ғо, марҳаме,
Дил зи тан
ҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме."

Ҷони мо назди аҷал, эй дӯст, мебошад гарав,
Боз дар шакли
ҳилол аст зардрӯи моҳи нав,
Аз
ҷафои чархи гардун заррае эмин машав,
"Чашми осоиш надорад ин сипе
ҳри тезрав,
Со
қиё, ҷоме ба ман деҳ, то биёсоям даме".

Во дареғо, рафт бар хоки сияҳ дурру гуҳар,
Ҷӯрабеки Назрӣ – он фарзонаи илму ҳунар.
Аз ку
ҷо ёбем ин дурдонаҳоро, эй башар!
"Одам
ӣ бар олами хокӣ намеояд дигар,
Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме"!