Саидмуродов Дӯстмурод

(09.02.1934)

Дӯстмурод Саидмуродов дар деҳаи Мотуруди (ё Мотурид)-и маҳаллаи Работи болои шаҳри бостонии Самар­қанд дар хонаводаи шахси бомаърифате ба дунё омадааст. Падари хонавода, ки бо номи Саидмурод-охунд маъруф буд, таҳсилкардаи мадрасаи Регистон буда, шахси фозилу бомаърифат маҳсуб мешуд ва аз обрӯву эҳтироми  хосе дар байни ҳамдиёрон бархурдор буд. Модари эшон Саломатой (фарзанди усто Умурбой аз гузари Ҳавзи Сангини Самар­қанд) низ саводи хуби арабӣ- форсӣ  дошта, донандаи хуби ашъори классикони тоҷику ӯзбек буданд. Ин омилҳо ба тарбияву таҳсил ва донишомӯзии насли ҷавони хонавода, аз ҷумла Дӯстмурод таъсири калоне боқӣ гузошта буд.

Таҳаввулоти инқилобӣ ва ислоҳотҳои охири солҳои 20-ум ва аввали 30-юм рӯзгори хонаводаро ба куллӣ тағ­йир доданд. Молу мулки хонавода мусодира шуд, афроди саршинос муҳоҷир ва ё бадарға гардиданд ва мушкилоти зиндагӣ домангири насли ҷавони ин хонадон гардид. Ба ибораи дигар оғози ҳаёт барои Дӯстмурод мушкил ва сангин афтод.

Ӯ ҳамагӣ ҳашт моҳ дошт, ки падари бузургворашон аз дунё реҳлат кард. Азобу машаққатҳои зиндагӣ Дӯстмурод­ро аз кӯдакӣ ба кор ва меҳнатдӯстӣ савқ дод ва ӯ аз даврони хурдӣ қадри меҳнат,  нони  ҳалол ва посдории онро шинохт. Ӯ чун писари кордон бори хонаводаро ба дӯш гирифта, ҳамзамон мувофиқи панду насиҳати модар ба таҳ­сили илм ва омӯхтани донишу маърифат камари ҳиммат мебандад.

Ба эътирофи дӯстон ва ҳамдиёрон Дӯстмурод дар байни ҳамсолон бо меҳнатдӯстӣ, ҳушёрӣ ва донишомӯ­зиаш фарқ мекард. Аз оғози кӯдакӣ дилбастагӣ ба касби муаллимӣ ва тадрис, ҳамчунин таҳқиқи таърих ва адабиёт, ба хусус омӯзиши ашъори классикони форс-тоҷик ва асарҳову навиштаҳои таърихиро дар дил мепарварид.  Ин аст, ки соли 1949 мактаби миёнаи рақами 27-и ба номи В. И. Ленини ноҳияи Самарқандро ба итмом расонида худи ҳамон сол ба Институти тоҷикии муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд дохил гардид.

Соли 1951 баъди хатми институти мазкур Дӯстмурод Саидмуродов дар қатори хатмкунандагони дигар бо роҳ­хат ба муддати ду сол ба кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аниқаш ба яке аз ноҳияҳои дурдасти он, яъне ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) сафарбар гардид. Тавре ки маълум аст,  То­ҷикистони ҷавон он солҳо ба чунин кадрҳо эҳтиёҷи беандоза зиёде дошт. Худи устод рӯзе дар ҳалқаи шогирдонашон гуфтанд, ки «ба ҷои ду соли хидмат зиёда аз ним аср дар Тоҷикистон адои хидмат намуда, дар ин сарзамини ҷаннатмаоб ҳаёти хушбахтона ба сар бурдан насибам гардид».

Баъди ду соли кор меҳри илму дониш Дӯстмуроди ҷавонро аз нав ба боргоҳи маърифат, ин дафъа ба Дониш­гоҳи калонтарини ҷумҳурӣ – факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин овард. Дар ин бор­гоҳи бузурги илм он замон устодони маъруф, олимони намоёни ҷумҳурӣ А. М. Баҳоваддинов, Б. И. Искандаров, Б. А. Литвинский, М. Б. Бобохонов, Ҳ. М. Саидмуродов, М. Р. Шу­ку­ров, ҳамчунин олимону омӯзгорони даъватшуда аз мар­казҳои илмӣ ва донишгоҳ­ҳои маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ А.А.Семёнов, М. С. Андреев, Е. Д. Хайтун, А. Г. Слонимский тадриси илм мекарданд. Чун ҷавони зирак ва огоҳ ӯ бо роҳи талоши пайгир қадам ниҳода, аз устодони худ нозу­киҳои илмомӯзӣ ва таҳқиқоти осори таърихиву фарҳангии гузаштагонро ҳамаҷониба меомӯхт.

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Д. Са­идмуродов соли 1958  ба Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон роҳхат гирифт. Бо тавсия ва пешниҳоди академик А. Мирзоев, пажӯҳишгари ҷавон маъхазшиносии таърихиро самти ковишу ҷустуҷӯй ва таҳқиқоти худ қарор дод. Баъди ду соли кор дар Шӯъ­баи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ Д. Саидмуродов барои идомаи таҳсили илмӣ ба шаҳри Маскав, ба аспирантураи Институти шарқшино­сии АИ ИҶШС  роҳхат гирифт. Дар ин боргоҳи бузург ва маъруфи ховаршиносии шӯравӣ ӯ бо матонату устуворӣ шеваҳои гуногуни таҳқиқи маъхазшиносии таъ­ри­хи­ро омӯхта соҳиби дид ва басирати амиқи илмӣ гардид.

Мавзӯи таҳқиқотии ӯ таърихномаи нодир ва таҳқиқ­на­шудаи нимаи дуввуми асри 18асари Муншӣ Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ “Таърихи Аҳмадшоҳӣ” буд. “Таърихи Аҳмад­шоҳӣ” бо супориш ва амри бунёнгузори аввалин давлати миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Дурронӣ таълиф ёфтааст . Ин маъхази хеле гаронбаҳо ва арзишманди таърихӣ давраи салтанати Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747-1773) ва валиаҳ­ди ӯ Темуршоҳро (1773-1793 ) дар бар мегирифт. Ногуфта намонад, ки асари мазкур то он замон ҳатто барои пажӯ­ҳиш­гарони шинохтаи афғонистоншинос – И. М. Рейснер, М. М. Ғубор, Ю. В. Ганковский, В.Ахрамович, С. Қ. Риштиё ва дигарон маълум набуд. Баъдтар (соли 1974) муҳаққиқ чопи аксии (факсимилӣ) ин маъхази нодир ва гаронбаҳоро бо муқаддимаи муфассал, тавзеҳот, феҳрист­ҳои зарурӣ дар ду ҷилд дар шаҳри Маскав ба нашр расонида, дастраси муҳаққиқон гардонид.

Устод Д. Саидмуродов солҳои 1963-1965 дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сифати тарҷумон ифои вазифа намуд. Баъди бозгашт аз Афғонистон ва ҳимояи рисолаи ном­задӣ (с.1966) фаъолияти Д. Саидмуродов дар чанд самт – таҳқиқоти илмӣ-академӣ дар бахши маъхазшиносии таъ­ри­хӣ ва таърихи ховаршиносӣ дар Тоҷикистон, кори таш­килотчигӣ, аввал ба ҳайси муовини директор (солҳои 1972-1976) ва сипас иҷрокунандаи вазифаи директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (солҳои 1976-1986) ва аз ҳама муҳим тайёр намудани кадрҳои бо­лаё­қати илмӣ идома дошт.

Устод ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикис­тон ба омӯзгорӣ ва тадрис машғул буд. Бояд қайд кард, ки фаъолияти омӯзгориро устод танҳо бо мақсади  аз байни донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ интихоб намудани кадр­ҳои ояндаи илмӣ ва ҷалб намудани онҳо ба Институти шарқшиносии АИ гирифта буданд. Бидуни муболиға, дар ин самт устод Д. Саидмуродов хидмати шоистае анҷом доданд. 

Бидуни муболиға метавон гуфт, ки аксари кулли ҷавонони солҳои 70-80 ӯми Институти шарқшиносӣ, ки ҳоло соҳиби унвонҳои баланди докториву номзадӣ гардидаанд, аз ғамхорӣ ва роҳнамоии мустақими устод Д. Саид­муродов баҳравар гаштаанд. Ногуфта намонад, ки ҳоло аксари ин афрод дар муассисаҳои илмиву таълимӣ, вазорату идораҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он вазифаҳои гуногун ба дӯш дошта фаъолият мекунанд: Н. Мирзоев, Ш. Имомов, Р. Маҳ­мадшоев, М. Оли­­мов, М. Сафолов, С. Шохуморов (рӯҳа­ш шод бод), М. Маҳкамов ва ғайра аз қабили онҳо мебошанд.  

Тавре маълум аст, дар солҳои аввали фаъолияти Институти шарқшиносӣ проблематикаи омӯзиши он асосан равиши филологӣ дошт, яъне ағлаби кормандон ба омӯх­та­ни ашъори классикони форс-тоҷик машғул буданд. Ба ибораи дигар, ду муассисаи илмии Академияи илмҳо – Институти шарқшиносӣ ва Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ дар тадқиқотҳои илмӣ ҳамдигарро то ҷое такрор мекарданд. Баробари ба вазифаи муовини илмии  директори Институти шарқшиносӣ таъйин шудани Д. Саидмуродов (соли 1972) проблематикаи таҳқиқоти илмии институт ҳам ба куллӣ тағъир  ёфт. Бо ташаббуси Дӯст­мурод Саидмуродов ва натиҷаи сӯҳбатҳои тӯлонии ӯ бо директори институт академик А. Мирзоев мавзӯъҳои таҳқиқотии кормандони институт ҳамаҷониба тавсеа ёфтанд ва худи ӯ ҳам­чун муовини директор супориши мус­тақим гирифт, ки минбаъд ҳангоми қабули кормандони нав ба ихтисоси он­ҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад. Ин аст, ки аз оғози нимаи дуввуми солҳои 70-ум дар баробари забону адабиёт мутахассисини соҳаи таърих, иқтисо­диёт, фалсафа, маъхаз­шиносӣ ва амсоли онҳо ба кор қабул карда шуданд, ки ин боиси боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани илми ховарши­носӣ дар ҷумҳурӣ гардид.

Иқдоми дигари Дӯстмурод Саидмуродов, ки шоистаи таҳсини ҳамагон қарор гирифта буд – ба категорияи (дара­ҷаи) якум гузаронидани Институти шарқшиносӣ буд. Дар он замон ӯ аллакай ба сифати иҷрокунандаи вазифаи директори Институти шарқшиносӣ, таҳти назорати академик Муҳаммад Осимӣ ифои вазифа менамуд.  Барои амалӣ шудани ин ҳадаф устод Д. Саидмуродов бо супориши Президиуми Академияи илмҳо се маротиба ба ш. Маскав сафар намуданд. Азбаски ҳалли чунин масъалаҳо дар он замон марбут ба ҳукумати Итти­фоқ (салоҳияти Раиси Шурои вазирон А.Н.Косигин) буд, устод баъди кӯшишҳои пай дар пай тавонист бо кормандони масъули конселярияи (дафтар) Раиси Шӯрои вазирон мулоқот кунад ва розигии онҳоро ба даст биёрад. Баъд аз ин тасмими ҳукумати марказ  маоши кормандони Институти шарқшиносӣ (албатта аз ҳисоби захираҳои дохилӣ) назар ба маоши кормандони институтҳои дигари шӯъбаи ҷамиятшиносии Академияи илмҳо хеле боло рафт.

Хулоса, дар солҳои 80-ум ҳамаи талошу кӯшишҳои роҳбарияти Институти шарқшиносӣ ба он равона шуда буд, ки барои маҳсулнокии фаъолияти кормандони он шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Чунин тарзи кор ва усули роҳбарӣ буд, ки  Институти шарқшиносӣ дар ҷамъ­бастҳои солонаи илмии АИ қариб ҳамасола ҷои аввалро ишғол менамуд. Барои исботи муддао чунин мисол овардан мумкин аст: масалан, дар соли 1985 маҳсули илмии чопшудаи кормандони институт беш аз 400 ҷузъи чопиро ташкил дода буд, ки чунин натиҷаи корро ҳатто дар инсти­тут­ҳое, ки теъдоди кормандонашон аз Институти шарқши­носӣ ду-се маротиба зиёд буд, ба даст наоварда буданд.

Як падидаи хеле муҳимми усули роҳбарии устод Д. Саидмуродовро махсус қайд кардан зарур аст. Дар тӯли тамоми солҳои роҳбарии ӯ дар институт (солҳои 1972-1987) аввал ба сифати муовини илмӣ ва сипас иҷроку­нандаи вазифаи директор (ҳарчанд ба ном директори институт баъди реҳлати академик А.Мирзоев ба  дӯши Президенти Академияи илмҳо М. Осимӣ гузошта шуда буд), ягон масъалаи баҳсноки ҷанҷолӣ аз дохили институт берун набаромадааст, ки дар Президиуми Академияи илмҳо ва ё Бюрои шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии он мавриди муҳоки­ма қарор гирифта бошад. Мабодо ягон масъалаи ғайри­чашм­дошт ба вуқӯъ меомад, устод онро фавран дар Шӯ­рои директорӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дода, баъд ба муҳокимаи Шӯрои илмии институт пешниҳод мекарданд. Тавре дар урфият мегӯянд, устод принсипи «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад»-ро хеле моҳирона истифода мебурданд.

Устод Д. Саидмуродов дар баробари тараддуд ва таш­вишҳои  зиёди корҳои ташкилотчигӣ ва роҳбарии илмии шогирдон ҳамзамон як силсила вазифа ва масъу­лиятҳои ҷамъиятиро бо сарбаландӣ ба ӯҳда дошт. Чу­нон­чӣ, солҳои 70-80-ум дотсенти кафедраи таърихи нави До­нишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, устоди Мактаби олии Ҳиз­би Коммунисти Тоҷикистон, узви Президиуми Ассосиатсияи ховаршиносони Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои Ҳайъати комиссияи муштараки муаррихони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон, солҳои 1981-1983 – мушовири ҳизбӣ дар КМ ҲХДА, шореҳи сиёсии телевизиони ҶТ ва солҳои тӯлонӣ узви ҳайъати таҳри­рияи маҷаллаи “Ахбороти Академияи илмҳои ҶТ (шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ)” ва ғайра буд.   

Илова ба масруфиятҳои дар боло зикршуда устод ҳам­чун донишманд ва муҳаққиқи асил аз шуғли асосӣ, яъ­не  корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳеҷ гоҳ ғофил намондаанд. Дар ин муддат устод зиёда аз 80 асару мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавиро ба табъ расонидаанд : Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ ал-Муншӣ ибн Иброҳим ал-Ҷомӣ «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» дар ду ҷилд, (дар ҳаҷми зиёда аз 90 ҷузъи чопӣ), М.1974; (Ин китоб бо номи «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» соли 1386 ҳ.ш. (2007) дар Теҳрон ба табъ расид); «Малоизвестный источник по истории Восточного Ирана второй половины 18 века. «Иран», АН . Институт востоковедения, М., 1971; Источники по истории Афганистана (второй половине 18 в.), Проблемы истории Индии и стран Среднего Востока. АН . Институт востоковедения. М., 1972; «Таърихи Аҳмадшоҳӣ ва муаллифи он» /Маҷаллаи «Ориёно», №№3, 4, соли 1974 ва № 1 соли 1975; «Республикаи Демократии Афғонистон». Душанбе, 1979;  Ислам и его роль в современ­ной идейно-политической борьбы развивающихся стран Азии и Африки. Москва-Ташкент, 1980; «Афғонистон». Ко­бул. 1361 (1982) (ба забони форсӣ-дарӣ); «Из истории востоковедения в Таджикистане (1958 -1985 гг.)»  /Ответ. редактор академик М. Асимов) (совместно с Ю.С.Маль­цевым). Душанбе, 1988  ва ғайра. Ногуфта намонад, ки ҷил­ди 2-юми асари Д.Саидмуродов ва Ю.С.Малтсев ҳоло дар нашриёти «Дониш» мувофиқи нақша барои чоп омода аст.

Заҳмату меҳнат ва пайкору талошҳои пайгири илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангии устод Дӯстмурод Саидмуродов аз ҷо­ниби давлат ва Ҳизби коммунист, ҳамчунин роҳбарияти ҳамонвақтаи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо нишону грамота­ҳои иф­ти­хорӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар ин авохир устоди арҷманд бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Нишони (Орден)-и “Дӯстӣ” сарфароз гардидаанд, ки баёнгари қадршиносӣ ва арҷгузории хидматашон мебошад.

Имрӯзҳо устод Дӯстмурод Саидмуродов ба нафақа баромадааст, аммо бо шогирдон ва ҳамкорони собиқ пайваста дар тамос буда дар симпозиуму семинарҳо ва конфе­рен­сияҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунад ва дар ҳалли проблемаҳои бӯҳронӣ ба мутахассисон маслиҳатҳои муфидашонро дареғ намедорад.

И. Раҳматов