Ҳайати кормандони Шуъба |
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ Мудири Шуъба |
Хуҷова Мавҷуда ходими пешбари илмӣ |
нуриддинов Шамсиддин ходими пешбари илмӣ |
Сафдаршоев Толиб ходими илмӣ |
Валиева Дилоро лабаранти калон |
ШУЪБАИ МАТНШИНОСӢ, ТАҲҚИҚ ВА НАШРИ МЕРОСИ ХАТТИИ
МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТӢ
Матншиносии тоҷик таърихи тӯлонӣ ва бой дошта бошад ҳам, он дар нимаи аввали асри ХХ, дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар партави омӯзишу андӯзиши назарию амалии ғании матншиносии Аврупо, бахусус рус ба майдон омада, ташаккулу таҳаввул ва ривоҷ ёфт, ки ба он адиб ва мутафаккири тавонои тоҷик Садриддин Айнӣ бо тартиб додани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли 1926 аввалин бор ба ҳуруфи форсӣ дар Маскав интишор ёфта буд, заминаи боэътимод гузоштааст. Минбаъд, дар Тоҷикистони мо ҳам ба алифбои ниёгон, ҳам ба алифбои лотинӣ ва минбаъд бо қабули ҳуруфи кириллӣ матншиносии тоҷик ҷон гирифт ва натиҷаҳои хубу монданӣ ба бор овард. Дар он саҳми сектори матшиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ бо номи Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ амал ва фаъолият дорад, назаррас мебошад.
Ҳамин тавр, бо таъсис ёфтани аввалин сектори матншиносӣ ва нашри осори хаттӣ аз соли 1958 сар карда дар кишварамон ба таври расмӣ илми матншиносӣ ба роҳ монда шуд, ба таври лозима ташаккул ёфт ва минбаъд ба дастовардҳои шоён ноил гардид.
Солҳои 1958-1961 дар сектори матншиносӣ ва нашри осори хаттии Шуъбаи шарқшиносии АИ Тоҷикистон бо сарварии Камол Айнӣ устодону донишмандони соҳа Б. Сирус, М. Бақоев, З. Аҳрорӣ, А. Девонақулов, А. Ҷонфидо, Ифтихор, А. Зуҳуриддинов ва баъдтар А. Афсаҳзод, Л. Сулаймонова, А. Алимардонов, М. Мамедова, М. Муродова дилгармона ба кор шуруъ намуда, бо талошу заҳматҳои бесобиқа фаъолияти илми матншиносии тоҷикро пеш бурдаанд. Соли 1970 муддате сектори номбурдаро Баҳром Сирус сарварӣ карда буд.
Солҳои 1971 то охири умр (15-июли соли1999) мудирии ин бахши масъулиятнок бар дӯши адабиётшиноси шинохта Аълохон Афсаҳзод афтод. Акнун дар ин сектор устодон Б. Сирус, А. Зуҳуриддинов, Ҳ. Тарбият, Ҷ. Додалишоев, Л. Сулаймонова, А. Ҷонфидо, С.Сиддиқов, Ҷ. Назриев фаъолият доштанд, ки баъдтар ходимони хурди илмӣ Ш. Нуриддинов, А. Муҳаммадӣ ва А. Раҳмонов сафи эшонро афзуданд.
Ба чоп расидани «Осори мунтахаби Бадриддин Ҳилолӣ (1958, дар таҳияи К. Айнӣ), «Мунтахабот»-и Абдурраҳмон Мушфиқӣ (1963, бо заҳмати З. Аҳрорӣ), «Рубоиёт»-и Умари Хайём (1955, дар таҳияи К. Айнӣ), «Ашъори мунтахаб»-и Шавкати Бухороӣ (1968, бо кӯшишиМ. Аҳмадов), «Ашъори мунтахаб»-и Нозими Ҳиротӣ (1967, мураттиб А. Зуҳуриддинов), «Мунтахаби ашъор»-и Абдурраҳмони Тамкин (1974, бо эҳтимоми А. Ҷонфидо), «Маҳбубу-л-қулуб»-и Мирзо Бархурдори Фароҳӣ дар ду ҷилд (1975-1979, мураттиб ва муаллифи сарсухан А. Зуҳуриддинов), «Раъно ва Зебо»-и Мирзо Бархурдори Фароҳӣ (1982, бо заҳмати А. Зуҳуриддинов), «Гули хуршед»-и Калими Кошонӣ (Мунтахаби ашъор, 1987, мураттиб Ш. Нуриддинов), «Ҳусну Дил»-и Фаттоҳии Нишопурӣ (1985, бо кӯшиши А. Раҳмонов), ашъори Туғрали Аҳрорӣ бо номи «Гиёҳи меҳр» (1986, таҳияи А. Пӯлодов ва А. Раҳмонфар), мунтахаби «Девони кабир»-и Мавлоно дар ду ҷилд (1986, дар таҳияи С. Сиддиқов ва М. Шаҳидӣ), «Осор»-и Бедил (1990, ба баъд, бо саъю эҳтимоми С. Сиддиқов ва Б. Раҳимӣ), ашъори Мирзолатиф Раҳимзода «Соати саъд» (1997, дар таҳияву тадвини Алии Муҳаммадӣ) ва ғайра намунаи амалӣ гардидани нақшаҳои илмии сектор буданд. Бо талаботи вақт ба чоп расидани матни комили «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (Душанбе: Адиб, 1985-1991) аз корҳои муҳимми сектори матншиноӣ ба шумор мерафт.
Дар сектор бо тарбия ёфтану ба камол расидани матншиносони варзида ва зарурати давру замон таҳияи матнҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-интиқодӣ ба ҳуруфи ниёгон ба роҳ монда шуд. Дар ин кор заҳматҳои собиқ мудири Шуъба А. Афсаҳзод, ки мутуни илмӣ-интиқодии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҷомӣ ва девонҳои сегонаи ӯ «Фотиҳату-ш-шубоб», «Воситату-л-иқд» ва «Хотимату-л-ҳаёт»-ро солҳои 1971-1981 таҳияву тадвин намуда, дар интишороти «Наука»-и шаҳри Маскав ба чоп расонид, ходимони илмии Шуъба, минҷумла А.Ҷонфидо, ки тазкираҳои Хоҷа Неъматуллоҳи Муҳтарам «Тазкирату-ш-шуаро», Раҳматуллоҳи Возеҳ «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирату-л-асҳоб», Ҳусайнқулихони Азимободӣ «Наштари ишқ» ва Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ «Тазкирату-ш-шуаро»-ро тайёр карда, солҳои 1976-1983 тавассути нашриёти «Дониш»-и АИ Тоҷикистон дастраси аҳли таҳқиқ гардонид. Ҳ. Тарбият, ки матни илмӣ-интиқодии «Хирадномаи Искандарӣ»-ро сомон дода, дар нашриёти «Наука»-и шаҳри Маскав нашр намуд, матнҳои таҳиянамудаву бачопрасонидаи Л. Сулаймонова «Козурписар»-и Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷӯрабеки Назрӣ «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ, Ҷобулқо Додалишоев «Куллиёти»-и Саййидои Насафӣ, Ҷ. Додалишоев ва А. Алимардонов «Девон»-и Шавкати Бухороӣ, Л. Сулаймонова «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин, Л. Саломатшоева «Девон»-и Ҳасани Деҳлавӣ, Асрори Раҳмон «Корвони муҳаббат»-и Туғрали Аҳрорӣ, Алии Муҳаммадӣ «Девони форсӣ»-и Алишери Навоӣ-Фонӣ, ки дар нашрияҳои бонуфузи кишвар аз чоп баромадаанд, назаррас мебошанд. Баъдтар «Баҳористон»-и Ҷомӣ, ки солҳои 1966, 1972 ва 1978 дар нашриётҳои Душанбе ба табъ расида буд, соли 1987 боз бо ҳиммат ва заҳмати А. Афсаҳзод дигарбора бо муқаддимаи мукам- мал ва тавзеҳоти муфассали илмӣ дар нашриёти «Наука»-и Маскав интишор гардид.
15 июли соли 1999 Аълохон Афсаҳзод ғайричашмдошт чашм ба хоби абадӣ пӯшид. Ин албатта ба кори Шуъбаи матншиносӣ бетаъсир набуд. Нақшаҳо ва корҳои анҷомнаёфтаи зиёде дар пеш буданд. Баъд аз ин Муҳаммадиев А. чанде дар вазифаи иҷрокунандаи мудир ва аз соли 2000 ба вазифаи мудири Шуъба таъйин гардид.
Баъди давраи гузариш, аз соли 2000 сар карда, маҷрои Шуъба равиши пештараи худро дубора ба даст овард. Таҳияву тадвин ва чоп шудани «Илоҳинома»-и Фаридуддини Аттор (Душанбе, 2000, «Паёми ошно» бо кӯшиши А.М.Хуросонӣ), «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Теҳрон, 2001, бо кӯшиши А.М.Хуросонӣ, Б. Ализода ва М. Акбарзод), «Гузидаи ғазалиёт»-и Мазмуни Зарободӣ (Душанбе «Сурушан», 2002, таҳияву тадвини А. М. Хуросонӣ), «Муфизу-л-анвор ва девони ашъор»-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ (Москва, «Интрансдорнаука», 2003, бо кӯшишу таҳқиқи А. М. Хуросонӣ ва Б. Б. Карим), ҷилдҳои якум ва дувуми «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд (Душанбе, 2004, ҷ.1 ва 2006 ҷ.2, бо таҳия ва таҳшияи илмӣ- интиқодии Н. Амиршоҳӣ), тазкираи «Шоирони Моваронуннаҳр» (Душанбе, «Адиб», 2006, дар таҳияи А.М. Хуросонӣ), «Мантиқу-т-тайр»-и Фаридуддини Аттор (Душанбе, «Эҷод», 2006, бо кӯшиши А,М. Хуросонӣ), «Ҳаштсад ғазал»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Душанбе, «Адиб», 2007, дар таҳияи А.Раҳмонфар ва А.Мирхоҷа), «Девони кабир»-и Ҷалолиддини Румӣ дар чаҳор ҷилд (Душанбе, «Дониш» 2007-2009, бо таҳқиқ ва тавзеҳоти А.М.Хуросонӣ), «Ашъор»-и Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (Душанбе, «Адиб», 2007, таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Р. Ҳодизода ва А.М. Хуросонӣ) ва ғ. қадамҳои ҷиддитаре дар бахши матншиносии Институт буданд.
Яке аз воқеаҳои хурсандибахши Шуъба ин нашри илмӣ-интиқодии «Тазкирату-ш-шуаро»-и Малеҳои Самарқандӣ бо кӯшиши К. Айнӣ (Душанбе, «Пайванд», 2007) ва таҳияи матни илмӣ-интиқодии осори бозмондаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо унвони «Девони ашъор» бо кӯшиш ва эҳтимоми Р. Ҳодизода ва А. М. Хуросонӣ (Душанбе, «Пайванд, 2008) мебошад, ки ҳар ду кор дар заминаи боэътимоди дастовардҳои шарқии ганҷинаи Марказ анҷом дода шуд.
Баробари ин дастовардҳо дар Шуъба тадқиқотҳои илмӣ дар шакли мақола, баромадҳои илмӣ дар конфронсу симпозиум ва нишастҳои байналмилалии ватаниву хориҷӣ ва навиштани китобу монографияҳо идома доштанд, ки ағлаби онҳо дар заминаи боэътимоди мутуни таҳиякарда сурат гирифтааст. Дар ин қатор, пеш аз ҳама, рисолаи илмии Камол Айнӣ «Бадриддин Ҳилолӣ» (1957), рисолаҳои илмии Баҳром Сирус «Қофия дар назми тоҷик» (1955), «Арӯзи тоҷикӣ» (1963), «Назарияи нави қофиябандӣ дар назми тоҷик» (1972), рисола ва монографияҳои А. Афсаҳзод «Ҳофизи Шерозӣ» (1971), «Абдурраҳмони Ҷомӣ» (1978), Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (1970), «Рӯзгор ва осори Абдурраҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдурраҳмони Ҷомӣ» (1981), «Ифтихори Шарқ» (1983), «Академик Абдулғанӣ Мирзоев» (1984), «Лирикаи Абдурраҳмони Ҷомӣ» (Москва-1985, ба забони русӣ), «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XV» (1985), «Суннатҳои устувор ва навпардозиҳон эҷодкор» (1985), «Дар сафи бузургон» (1986), китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 8, 1987), «Низомии Ганҷавӣ» (1995), «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2001) ва ғайра, рисолаи Л. Сулаймонова «Ҳаёт ва эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ» (1973), рисолаи Ш. Нуриддинов «Абдуллах Кабули и его «Тазкират-ат-таворих» (1988), рисолаҳои илмии Ҷ. Назриев «Мактабии Шерозӣ ва достони ӯ Лайлӣ ва Маҷнун» (1987), «Библейско-кораническая история царя Соломона и её преломления в персидско-таджикской литературе», рисола ва монографияҳои А. М. Хуросонӣ «Муносибатҳои дӯстона ва равобити адабии Ҷомӣ ва Навоӣ» (1990), «Асади Туси и его поэма «Гершасп-наме» (1994), «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» ва монанди инҳоро метавон номбар намуд.
Ин равнақу пешрафт баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бештар аз пештар ба мушоҳида мерасад.
Илова бар ин, ҷилдҳои аввали асари таърихии Мирхонд «Равзату-с-сафо» дар таҳияи Н. Амиршоҳӣ дастраси хонанда гардидаанд.
Баъди таъсиси Маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъба номи Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттиро гирифт ва самти корҳои Шуъба муайян карда шуд. Дар ин давраи хеле кӯтоҳ илми матншиносӣ аз нав равнақи тоза ёфт. Маҷмӯаи рисолаҳои манзуми Абдурраҳмони Ҷомӣ (таҳияи матн аз Р. Исроилов), «Манозир-ул кавокиб»-и Аҳмад Махдуми Дониш (таҳияи матн аз М. Холов), «Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва мақоми адабии ӯ” (Мақола ва меҳрномаҳо) (мураттиб А.М. Хуросонӣ), Саййидои Насафӣ “Девон” (таҳияи матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти А.М. Хуросонӣ), Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ “Чаҳорбоғи ғазал” (таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти А.М. Хуросонӣ), Навоӣ, Алишер. Девони Фонӣ/Амир Алишери Навоӣ (Фонӣ) (таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти А.М. Хуросонӣ), Навоӣ, Алишер. Фарҳод ва Ширин / Амир Алишери Навоӣ. Тарҷумаи М. Амирзода (таҳия, тасҳеҳ ва шарҳи луғоту тавзеҳоти А.М. Хуросонӣ ва А. Маликзод), Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Дусад ғазал/ Абдурраҳмони Ҷомӣ (таҳияву тадвини А.М. Хуросонӣ ва Мубашшир Акбарзод) Навоӣ, Алишер. Дусад ғазал. (ба забони ӯзбекӣ) / Алишери Навоӣ (таҳияву тадвини А.М. Хуросонӣ), Насафӣ, Миробид Саййидо. Куллиёт/ Миробид Саййидои Насафӣ. (таҳияи матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти А. М. Хуросонӣ ва А. Р. Сомонӣ), Девони ашъор, достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, маснавии “Туҳфаи дӯстон” ва рисолаи “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шамсиддин Шоҳин (таҳияи матн аз Асрори Раҳмонфар ва Аълохоҷа Сайиднозим), “Фарҳод ва Ширин”-и Алишер Навоӣ (тарҷумаи Муҳиддин Аминзода, таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва А. Маликзод), Девони Калими Кошонӣ (таҳияи матн аз Нуриддинов Шамсиддин), Ғазалиёти Васлии Самарқандӣ (таҳияи матн аз Давлатова Холида), Девони ашъори Ибни Ямини Фарюмадӣ (таҳияи матн аз Хуҷова Мавҷуда), Ғазалиёти Туғрал (таҳияи матн аз Асрор Раҳмонфар), “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”-и Аҳмади Дониш (таҳияи матн аз Исроилов Раҳматшо), Девони Файзии Даканӣ (таҳияи матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ) маҳсули илмии Шуъбаи матшиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии ҳамин давраи Маркази мероси хаттӣ ба шумор мераванд.
Дар Шуъба айни ҳол Мудири Шуъба Х. Давлатова, ходимони пешбари илмӣ А. Муҳаммадиев ва Ш. Нуриддинов, ходимони калони илмӣ М. Хуҷова ва А. Раҳмонов, ходими илмӣ Сафдаршоев Толибзиё ва ходими хурди илмӣ Валиева Дилоро фаъолият доранд.
Мақсад аз фаъолияти Шуъба пажуҳиш, таҳқиқот ва нашри осори ниёгон аст, ки арзишҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангии гузаштагони миллати тоҷик, ки иддае дар нусахи хаттӣ боқӣ мондаанд, бо талаботи меъёрҳои илми ҷаҳонии таҳқиқ баррасӣ гардида, ба доираҳои васеи омма, аҳли илм ва ниёзмандон пешкаш карда шаванд.
Кормандони Шуъба аз рӯи Лоиҳаи панҷсола дар мавзуи “Таҳияи матн ва таҳқиқи осори манзуми адабиёти тоҷик дар асоси нусхаҳои хаттии Тоҷикистон” (асрҳои XVI-XIX) барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолият доранд.