Ёраҳматзода Шодиҷон Рамазон  (тав. 26.11.1993, деҳаи Шафтолубоғи ноҳияи Фархор) соли 2011 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ноҳияи Фархорро ба итмом расонида, ҳамин сол ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил ва онро соли 2016 бо дипломи “аълочӣ” хатм намудааст.

Соли 2016 ба шуъбаи рӯзонаи  Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил шуда, онро соли 2019 хатм кардааст.

Муаллифи даҳҳо мақолаи илмӣ-пажуҳишӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

28 марти соли 2023 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Истилоҳоти этникӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намудааст.

Ёраҳматзода Шодиҷон Рамазон фаъолияти меҳанатии худро аз 1 майи соли 2017 ба ҳайси  мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқ ва матбуоти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз карда, баъдан соли 2019-2020 тӯли 1 сол дар вазифаи мутахассиси пешбари хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур кор кардааст.

Аз соли 2020 дар вазифаҳои ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва иҷрокунандаи вазифаи котиби илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ кор карда, 4 апрели соли 2023 бо тавсияи Шурои олимони Марказ иҷрокунандаи вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ таъин гардидааст.