Монографияи мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, А. Муҳаммадиев зери унвони "Асадии Тӯсӣ ва "Гаршоспнома"" аз чоп баромад. Китоб ба омӯзиши ҳаёту эҷодиёти яке аз суханварони намоёни адабиёти форсии тоҷикӣ Абумансур Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тӯсӣ (1005/1010 м. – 1073 м.) бахшида шуда, дар ин заминаи боэътимод дар он достони калонҳаҷми шоир «Гаршоспнома», ки камобеш 9000 байтро ташкил мекунад, таҳқиқ гардидааст. Он фарогири чаҳор боб ва зер­бобҳои вобаста ба таҳқиқ иборат ва ҳадафи муаллифро ба пуррагӣ фаро гирифтааст. Ин достони паҳлавонӣ дар пайравии «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ эҷод гардида, пажуҳиш нишон дод, ки эҷодкор мактаби достонсароии Дақиқӣ ва Фирдавсиро собитқадамона идома дода, бо ин кори дар ҳақиқат мондагори худ то ҷойе холигоҳҳои қисмати паҳла­вонии «Шоҳнома»-ро ҳунурмандонаву шоирона пурратар сохтааст. Заҳ­мати мазкур аввалин кори фарогири рӯзгору осор, бахусус «Гар­шосп­нома»-и Асадии Тӯсӣ дар адабиётшиносию шарқшиносии ватанию хори­ҷӣ ба шумор меравад.

       Дар замима панҷ мунозираи шоир, ки дар як ҷо бори аввал ба нашр мерасанд, ҷой дода шуд­.

      Китоб ба муҳаққиқони таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, муар­рихон, ниёзмандони фарҳангу адаби тоҷик, суханшиносон, ҷуғро­фи­я­донон ва аҳли завқ пешкаш мегардад.

      Маъмурият ва кормандони ММХ НР АМИТ ин дастоварди устоди пуркору донишманд, н.и.ф.  А.Муҳаммадиевро сидқан муборакбод намуда, дар корҳои тадқиқотии минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.