Мард намирад ба марг...

               Дирӯз (09.07.2023) дили яке аз ходимони фаъоли илму маориф,  омӯзгори шинохтаву дастхатшиноси варзида, ходими калони илмии шуъбаи тавсиф ва таҳияи мероси хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ  Зокиров Бахтиёр Истамович аз тапидан бозмонд.

         Марҳум 20.04.1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.  Ӯ соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “журналист – тарҷумони забони арабӣ” хатм намудааст. Аз соли 1998 дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз сатҳи мактаби миёна то омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи олии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кору фаъолият намуд.

          Аз моҳи январи соли 2023 ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба кор қабул гардида,  дар муддати кӯтоҳ аз ходими хурди илмӣ то ба ходими калони илмӣ расида, дар ин муддат корҳои назаррасеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, дар таҳияи китоби “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, ки рӯзҳои наздик бахшида ба 1050 солагии фарзанди баруманди халқи тоҷик Абурайҳони Берунӣ аз чоп мебарояд, саҳми назаррас гузоштааст. 

         Маъмурият ва кормандони ММХ НР АМИТ аз даргузашти нобаҳангоми Зокиров Бахтиёр Истамович сахт андӯҳгин буда, ба хонаводаи марҳум ҳамдардӣ ва сабру шикебоӣ изҳор менамоянд.