ШОИРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА АДАБИЁТИ ДАРИЗАБОНИ АФҒОНИСТОН

        Бухорои Шарқӣ  дар гузаштаи начандон дур, яъне то аввалҳои  асри XIX, замони ҳукумронии амири манғнитӣ-Амир Музаффар дорои ҳукуматҳои  мустаъқили ҷудогона буд ва дар дарбори онҳо доираҳои низ мавҷуд буд, ки  шоирони зиёде ба воя расида буданд. Ин шоирон бо  ашъори рангини худ на танҳо дар маҳалли худ, балки  дар доираҳои адабии Бухорову Самарқанд ва Қуқанд доштанд. Бештари онҳо таҳсилкардаи мадориси  Бухорову Самарқанд, Ҳуқанд, Фарғона ва Ҳинд буданд, ки баъди хатм ба ватани аслии худ баргашта буданд.

         Аз тарҷумаи ҳолу аҳволи ин шоирон бармеояд, ки новобаста ба роҳҳои пурхавфу хатари кӯҳӣ ва дар куҳистони дурдаст воқеъ буданашон, дар Қаротегин, Кулоб ва Дарвоз марказҳои илмиву адабӣ таъсис дода, шоирони зиёдеро тарбия намуда буданд.

           Дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ ва  сиёсати нодуруст пешгирифтани  ҳукуматдорони вақт мактабу мадорис баста шуда, аҳли илму тақво, донишмандону адибон мавриди таъқиб қарор гирифтанд. Ин амали носавоб буд, ки аксари онҳо ба гуноҳи муллоӣ зиндонӣ шуда ба манотиқи гуногуни Руссия, хусусан, Сибир бадарға карда шуда буданд. Иддаи дигаре аз намояндагони илму фазлу адаб ё гӯшанишинӣ ихтиёр карданд, ё ин ки тарки  Ватан намуда, ба кишвари ҳамсояи Афғонистон фирор намуданд. Чунки Афғонистон кишвари ҳамзабону ҳамдин буда, як ҳиссаи калони манотиқи Дарвоз ва Кулоб дар натиҷаи хиёнати Императории Русия ва Англия тарака гардида ба Афғонистон ҳамроҳ карда шуда буд ва барои шоирони фирории тоҷик паноҳгоҳи мувофиқе ба шумор мерафт.

           Ин буд ки даҳҳо нафар шоирони тоҷик ба адабиёти солҳои бистум ва сиюми Афғонистон дохил гардида мутобиқи ниёзҳои маънавиву руҳонии ин кишвар асарҳо эҷод намуда, имрӯз дар қатори шоирону адибони даризабони Афғонистон қарор доранд. Ҳарчанд эшон дар радифи  шоирони даризабони Афғонистон қарор гирифта бошанд ҳам, беш аз ҳама дар эҷодиёти онҳо мавзӯи Ватан, зодгоҳ, умуман мавзуи Тоҷикистон ва таъриху зиндагии мардумони Осиёи Мииёна нақши боризе дошт.

        Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, профессор Худоӣ Шарифов дар мақолаи худ бо унвони “Яке аз шоирони фирорӣ”, ки дар  китоби “Баргузидаи ашъор”-и Мир Авлиёҳусайн Мағмуми Дарвозӣ (Душанбе,”Дониш”-2010) ба табъ расидааст, чунин навиштааст: “Ба сабаби аз доираи таҳқиқу баррасӣ дур мондани шахсияти адибони фирорӣ маҳсули эҷодии онҳо ҳанӯз ба андозаи бояду шояд омӯхта нашуда ва ҳатто имкон дорад, ки дар Тоҷикистон исми пурраи онҳоро надонем”.

         Дар мақолаи худ устод Худоӣ Шарифов дар баробари маълумоти мухтасар додан дар бораи шоирони тоҷик, ки ба хориҷи кишвар фирор кардаанд, оид ба шоирони Дарвоз чунин навиштааст:“...чанд нафар шоири баркамол аз тобеоти Дарвоз аз бими таъкибу зиндон ба Афғонистон фирор карданд ва умри ғарибонаро дар он ҷо гузаронида, дар болини хоки он кишвар сар ба хоби абад гузоштаанд. Яке аз онҳо Ҳубои Дарвозист, ки соҳибкитоб аст ва умрро дар Тахори Афғонистон гузаронд ва дар ҳамин ҷо чашм аз ҷаҳон пушид. Шоир Лиқои Дарвозӣ соҳиби ду девон аст, гуреза шуда ба Афғонистон паноҳ бурд” [3,9].

         Дар ин замина мо танҳо дар бораи он шоироне гуфта мегузарем, ки онҳо бо сохтори замони Шӯравӣ гузора накарда, тарки Ватан ва ғурбатро барои худ абадан ихтиёр намуданд.

         Яке аз сабабҳои асосии ҳиҷрати аҳли зиё пеш аз ҳама дар он буд, ки онҳо нисбат ба табақаҳои дигари ҷомеа равшанфикру босавод буданд. Маҳз ҳамин боиси нигаронии онҳо шуда буд. Дар авоили барқароршавии Ҳокимияти Шoравӣ маҳз аҳли зиё бо ҷурми мулло мавриди таъқиб қарор гирифтанд. Ин амали нодуруст боиси он гардид, ки садҳо нафар зиёиёни тоҷик тарки Ватан намуда ва ба Афғонистон паноҳ бурданд. Афғонистон дар он замон на танҳо барои аҳли зиё, балки барои бештари мардуми тоҷик, ки ба сиёсати ҳамон замон муросо накарда буданд, паноҳгоҳ шуда буд. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон дар ҳамон замон низ на он қадар мувофиқ буд. Мардуми фирорӣ зиндагии хубро пайдо карда натавонистанд.

          Дар аксари сарчашмаҳои адабии Афғонистон дар бораи шоирни Дарвоз  маълумот дода шудааст. Аввалин сарчашмае, ки дастраси мо гардид ин “Маҷмӯаи шоирони Дарвоз”-и Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ буд. Ин маҷмӯа соли 1925 дар қисмати Дарвози Афғонистон навишта шудааст. Ҳиҷрат дар ин маҷмӯа дар бораи 35 нафар шоирони Дарвозӣ маълумот медиҳад.

          Дар муқаддимаи маҷмӯаи худ Ҳиҷрат чунин менависад: “...мутаасифона, нисбат ба ҳаводис ва инқилоби замон ба таърихи санаи 1349 ҳ.қ. ба умри 15 сола аз сояи офият ва зилли ҳимояти фозили муҳтарам, падари бузургворам дур ва маҳҷур афтода, гӯё корпардозони коргоҳи азал ва мутасаддиёни дафтари қазову қадар шадоиди ғурбат ва қурбати даврон ба лавҳи ҷабинам сабт карда, гирифтори ғаму алам ва сукнопазири гӯшаи ғурбат шудам. Бо ин ҳама парешонӣ, шиканҷаи даврон, ки барои ин зовияи хамули ҳиҷрон ва ва асири қувваи ифтироҳи ҳосидон расидааст, агар набзе аз аҳволи гузашта ва ҳозираи ҳолияи худ ба таҳрир даровардам, аз ин ҳайс маҷбурам, ки шарҳи холи парешони худро махфӣ ба конуни сина нигоҳ дошта, изофа аз ин изҳор ва ва баён накунам.

          Хулосаи калом ин ки ба фикри ноқисҳо ба тасаввури ин будам, ки таври намуна аз фузало ва шуарои мозия ва ҳолияи ватани азиз, Дарвози Бадахшон як осори маҷмӯаи нафисе такмил кунам...аз таърихи санаи 1360 шуруъ ба ҷаъоварии осори шуарои Дарвози Бадахшон намуда ба таърихи санаи 1361ҳ.қ. осорҳое, ки ба дастраси истифода расида буд, иктифо ва такмил намудам ”.

          Мураттиби маҷмӯа аз диди нигоҳи худ ва салиқаву табъ ва синнусоли худ намунаи ашъори шоирони Дарвозро интихоб намудааст. Маълум аст, ки қобилияти дарки маънӣ ва интихоби шеър аз тарафи нафаре, ки 25-сол умр дошт аз ин болотар нахоҳад буд. Новобаста аз нуқсониҳои зиёд ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии ашъори парокандаи шоирони ҷилои Ватан гардида, иқдоми аввалин буд. Шояд агар умр барои ӯ вафо мекард дар таҳрири минбаъдаи маҷмӯааш нуқсониҳои маҷмӯаи аввалро ислоҳ мекард.

         Ҳиҷрат дар маҷмӯа дар бораи Хуррамии Дарвозӣ(аз қарияи Зинг) маълумот дода, менависад, ки “...Хуррамӣ пас аз фирор ба Афғонистон дар Толиқон рутбаи муаллимӣ имтиёз ҳосил кард”.

         Аз ашъори Хуррамӣ бармеояд, ки ҳамеша бо ёди Ватан будааст ва дар соли 1358 дар сини 35 солагӣ фавт намудааст. Дар ғазале ҳолу аҳволи худро чунин иброз дошта:

           ...  Ба чуз ёди Ватан набвад, ба дил фикру хаёли ман,

Куҷо шуд балдаи фахри ҷаҳон ҷоҳу макони ман.

Асири дасти куффори ситамгар гашта будам ман,

Нишони панҷаи ҷабраш бувад дар ҷисму ҷони ман.

Агар аз дасти чархи сифлапавар дод гӯям ман,

Ба гардун мерасад ин гиряву оҳу фиғони  ман...

Чӣ сон парвоз созам бар Ватан, бас бе пару болам,

Намедонам куҷо афтода бошад нардбони ман.

          Шоири дигари соҳибдевон Ҳубои Дарвозӣ буда, ки ӯ қабл аз Инқилоби Бухоро ба маҳалли Рустоқи Афғонистон ҳиҷрат намуда, дар он ҷо вафот мекунад. Аҳмад Наҷиби Байзоӣ дар китоби “Суханварони Дарвозӣ”(нашри соли 1387-и  “Муасисаи интишороти Ховар”-и Кобул, Афғонистон) чунин менависад, ки “...Ҳубои Дарвозӣ аз худ девони мукаммале ба ҷо гузошт, ки як нақли он ҳамин акнун назди Махдуми Мулло Раҳмони Ларумӣ дар Дарвоз мавҷуд аст...” [3,3-4).

         Сарчашмаи дигаре, ки дар Афғонистон таълиф гардидааст, ин асари мондагори Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ “Армуғони Бадахшон” мебошад. Донишманди шаҳири Афғонистон Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ дар робита ба девони Ҳубо чунин менависад: “Девони ашъори ӯ китобест дорои ҳаҷми мутавассит ҳовии ду ҳазору сесаду сездаҳ фард, ки муракаб аз ғазалиёт, қасоийд, таркиббанд, мухаммасот, мусаддасот ва маснавӣ мебошад. Аз тартиби беинтизоми саҳфоти китоб чунин фаҳмида мешавад, ки авроқи зиёде аз он талаф шудааст . Махсусан қисмати охири китоб, ки рубоиёти он оғоз шуда, балки аз байн рафтааст, маъзаллак бо тамоми инҳо китоби мавҷуд бо нафосати адабие, ки дорад, метавонад қудрати сухан ва суханронии Ҳуборо ба олами илм ва адаб муаррифӣ намояд .

         Сабаби асосии тарки Дарвоз намудани Ҳубо барҳамхӯрии сулолаи шаҳҳои Дарвоз мебошад, шояд ӯ ба ин хотир зодгоҳашро тарк намуда аст. Аммо шоир итминон дорад, ки дар ҳар куҷое, ки набошад ӯро ба хотири сухандону сухансанҷ буданаш мавриди қабулу эҳтироми умум мегардад. Дар ғазали зер ин мазмунро ҳаматарафа баён намудааст:

Зи гумномӣ чу анқо соҳиби ному нишон гаштам,

Чарасфарёди маҳмилбастаи ҳар корвон гаштам.

Ба ҳар базме гузар кардам аз қадри сухансанҷӣ,

Чу тори сабҳа, баҳри сад даҳан яксар забон гаштам.

Гузар, эй муддаъӣ, аз даъвии шеъри баланди ман,

Ба майдони сухан сар бохтам, муъҷазбаён гаштам.

               Тулуъи субҳ маън медиҳад, к-аз машриқи табъам,

Ба гардунҳои мазмун моҳу анҷум, тарҷумон гаштам.

Ҳаёти Хизру ашъори Ҳубо ҷовид мемонад,

Ба иқлими сухан Искандари соҳибқирон гаштам.

          Шоири дигари фирории Дарвоз Миравлиёҳусайн Мағмуми Дарвозӣ мебошад. Ӯ низ дар аввалҳои Ҳукумати Шӯравӣ дар натиҷаи таъқиби ҳасудон маҷбур мешавад, ки ватанашро тарк кунад. Дар муқаддимаи ба китоби “Осори баргузида”-и Миравлиёҳусайн Мағмуми Дарвозӣ навиштаи доктори улуми таърих Қосимшо Искандаров аз нақли бародарзодаи шоир Мирзоюсуф чунин менависад, ки “...дар ҳангоми ҳумҳумаи омадани лашкари Шӯравӣ ба Дарвоз баъзе касони ҳангомаҷo даъвати мухолифату ҷазо медоданд. Бефоидагии ин амали кoтоҳназаронро фаҳмида, Авлиёҳусейн гуфта буд:

Дараи Дарвоз танг аст чойи ҷанг нест,

Давлати Совет бузург аст ҷойи нанг нест».

         Аз ин байти шоир маълум мегардад, ки Авлиёҳусейн дар аввалҳои Ҳукумати Шӯравӣ хушбин будааст. Қ. Искандаров сабаби фирори шоирро чунин шарҳ медиҳад: “Мегуфтанд, ки ба ӯ хабари дар фалон вақт дастгир шуданашро расониданд. Як шаби дигар соли 1930 аҳли хонадон кӯч баст ва руди Панҷро гузашта, дар қарияи Ҷумарҷи (Ҷомарч) Афғонистон маскун шуд ва иштиёқи ёру диёрашро дар дил бо худ бурд:

                Қаряи Ҷомарҷ ҷо дорем орӣ аз нишот,

               Фориғаз базму нишоту айши Кевронем мо.” [2, ҳамон ҷо]

      Авлиёҳусейн дар Афғонистон бо аҳли илму фарҳанги он кишвар иртиботи наздик дошт. Шеъри “Расид нома” -и Миравлиёҳусайн, ки дар ҷавоби номаи пурсишии мудири маркази таҳрир ва табъу нашри вилояти Бадахшони Афғонистон  дар шаҳри Файзобод-Шоҳабдуллоҳи Бадахшӣ эҷоднамудаи шоир, аз иртиботи наздик доштани шоир бо марказҳои илмӣ ва адабии Афғонистон далолат мекунад. Чунончи худи шоир гуфта:

Расид нома, ки буд ҳарф-ҳарфи он дилбар,

Зи ғойибона рафиқи шафиқи нексар.

Ба сoйи ҳазрати қозии балдаи Дарвоз,

Ҳалиму содиқу тадбирсанҷу донишвар...

         Дар Афғонистон Мағмум бо аксари шоирони даризабони Афғонистон новобаста ба он, ки дар як деҳаи дурдасти Бадахшон зиндагӣ ихтиёр намуда буд, иртибот дошта аз осори адабии эшон бархурдор буд. Ӯ ба ғазалҳои Надими Кобулӣ, Ашқарии Кобулӣ Восил ва чанде дигар мухаммас навиштааст. Банди охири мухаммаси Мағмум бар ғазали Надимии Кобулӣ чунин аст:

Бандаи Мағмум бошад аз ғуломони қадим,

Кай кунад худро ҷудо аз хокбӯсони ҳарим,

Лек аз ҷаври рақибони ситамгори лаим,

“Рафта будам муддате аз худ ба фармонаш, Надим,

То чӣ фармояд маро, бори дигар боз омадам”. 

         Дар мухаммаси Авлиёҳусайн Мағмуми Дарвозӣ  бар ғазали Ашқарии Кобулӣ, ки соли 1314 ба Дарвоз омада буд ва бо шоир лофи дӯстиву рафоқат басту дар он пойдор намонд, шоир гиламанд шуда менависад:

З-ин уҷузи бебасорат лофи обистан мазан,

Ё зи қайди даҳри дун ҳарфе зи ворастан мазан,

Сирри худ, Мағмум, гоҳе назди марду зан мазан,

“Ашқарӣ дар гoшам ҳарфи бастану куштан мазан,

Нест як мo дар дилам хавфи ҳаросу дoстӣ” .

       Мухаммаси дигаре бар ғазали Восили Кобулӣ навишта, ки банди охиринаш ин аст:

              Намо ғарқоби ишқи хонадон обу гилам, ё Раб,

              Таги пойи сагони дӯстон кун манзилам, ё Раб,

              Зи ғам Мағмумаму аз ишқи худ деҳ ҳосилам, ё Раб,

              “Нишони доғи восил кам гардон аз дилам, ё Раб,

              Аз он рoзе, ки баргoянд Восил аз миён гум шуд” .

       Дар бораи Мағмуми Дарвозӣ ҳамчунон дар “Доират-ул-маорифи Ориёно”-и Афғонистон маълумот  низ дода шудааст.

      Шоири дигари соҳибдевони фирорӣ Мирзо Лиқои Дарвозӣ мебошад, ки ӯ дар синни шастсолагиаш аз тариқи Даштиҷум ба Афғонистон фирор мекунад. Дар Афғонистон Мирзо Лиқо аз тарси таъқиб то дер вақт дар як минтақаи кoҳистони сахти Афғонистон сукунатро ихтиёр намудааст. Дар ин минтақаи кӯҳистон o бо тахаллуси дигар ғазал гуфта як девони мукаммали ғазаллиёт мураттаб мекунад. Мавзӯи асосии ғазалиёти шоирро пеш аз ҳама ёди Ватан, фироқи хешу ақрабо ва фарзандон, зебогии диёри афсонавии Дарвоз ва масоили мазҳабӣ дар бар мегирад. Чун девони дар Афғонистон таълифнамудаи шоир дасраси мо нагардид аз муҳтавои он мо мутаасифона иттилое надорем. Аммо аз рӯйи баъзе ғазалу фардиёти шоир, ки дар ҷунгу баёзҳо дастраси мо гардидаанд,  маълум мегардад, ки Мирзо Лиқо дар баробари шоир, олим, мутафаккири бузург будан, ӯ ҳачун хаттоти беҳтарини охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ низ ба шумор меравад. Намунаҳои хати Мирзо Лиқо то имрӯз дар дасти ворисонаш маҳфуз мондаанд. Мутаасифона дар сарчашмаҳои илмӣ ва адабии Афғонистон новобаста ба он, ки Мирзо Лиқо яке аз шахсиятҳои маъруфе буд ва аз чӣ сабабе бошад, ки дар борааш маълумот надодаанд. Аз нақли ворисонаш ба сабаби гуреза шуданаш ва аз тарси таъқиб дар Афгонистон тахалуси шоириашро иваз намуда, дар як деҳаи дурдасти Бадахшони Афғонистон то охири ҳаёташ зиндагӣ намудааст.

        Шоири дигари фирории Дарвоз Хуррамии Дарвозӣ мебошад. Хуррамӣ дар деҳаи Зинги Дарвоз ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро аввал дар Дарвоз ва баъдан дар Бухорои Шариф идома додааст. Баъд аз таҳсил аз Бухоро ба Дарвоз баргашта ба вазифаи калоне тайин мешавад. Баъд аз ғалабаи Инқилоб ба Афғонистон фирор намуд ва дар Толиқон ба рутбаи муаллимӣ имтиёз ҳосил намуд. Умр ба ӯ вафогӣ накард ва дар синни 35 солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар аввал “Гулшанӣ ” ва баъдан “Хуррамӣ” тахаллус кардааст:

                       Маҷӯ эй муҳтарам, ҳарфи хирадро имтиҳони ман,

                       Бувад маълуми арбоби хирад рабти забони ман.

                       Парешонхотиру саргаштаву маҳзуну ҳайронам,

                       Вагарна рафъати табъам, ба гардун ошёни ман.

                     Бале дар лафзи фаҳму маънию рабти ғазал Туғрал,

            Ба мазмуни сухан мавзун ашъори равони ман.

            Ба ҷуз ёди Ватан набвад, ба дил фикру хаёли ман,

            Куҷо шуд балдаи фахри ҷаҳон, ҷоҳу макони ман.

        Шоири дигари Дарвозӣ Мирзомақсудхон бо тахаллуси Ҷонӣ аз халлаи Хумбивалии Қалъаихуми  Дарвоз буд ва баъд аз Инқилоби Бухоро ба Афғонистон ҳиҷрат намуд. O табъи хуби шоирӣ дошт ва аз худ девони ғазалиёте низ ба ёдгор гузоштааст. Дар Афғонистон дар Кишми Бадахшон зиндагӣ ихтиёр намудааст. Аз ғазали шоир маълум мешавад, ки дар Афғонистон ӯ натавонистааст, бо марказҳои илмӣ ва адабии Афғонистон алоқа барқарор намояд ва танҳо дар бораи ӯ Ғуломуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ маълумот медиҳад. ғазал ин аст:

Дил хун шуду аз ҳар мижа бориду равон шуд,

Дар сурма нафас доштам, он ҳам ба фиғон шуд.

Як ғунча назад ханда зи гулзори шубобам,

Нашкуфта гул аз гулшани умед хазон шуд.

Нанмуд ба мо рӯй гаҳе кавкаби масъуд,

Ин толеъи хобида на ин буду но он буд.

Як дона нарoяд зи кишти амали ман,

Мақсуди дил, афсӯс, ки баръакси гумон шуд.

Дар кишвари эҷод ба ҷойе нарасидем,

Бар мулки адам ҳастии мо, қофиларон шуд.

Доно ҳама дар гӯшаи узлат шуда хомӯш,

Дар маҷлису дар маърака, нодон ҳамадон шуд.

Имрӯз хама аҳли хирад гашт суханвар,

Ин Ҷонӣ зи бахти бадаш аз бехирадон шуд.

     Аз шоирони аз Дарвозӣ ба Афғонистон ҳиҷратнамуда, танҳо Сидқии Дарвозӣ ихтиёран аз Дарвоз (Қалъаихум)  нақли макон намудааст. Ӯ авввал дар минтақаи Ойями Бадахшон ва баътар дар соли 1327 ҳиҷрӣ шамсӣ ба Наҳри Сироҷи Қандаҳор фиристода мешавад. Сидқӣ дар Наҳри Сироҷ, бо он ки аз дурӣ бо дӯстону хешу табораш ранҷ мебурд, аз сурудани шеър даст накашид. Ашъори зиёде дар илми фироқ ва дурӣ аз ёру диёр сурудааст. Чунончи гуфтааст:

                   Даҳри дун бо мардумоне эҳтиёҷам кардааст,

Дар умуроти ҷаҳон пур беривоҷам кардааст.

Бахти бадгардида бо сад ҳодисоти пай ба пай

Пунбаосо нарм гoё дар ҳалоҷам кардааст.

Толеи вожун маро дар кандани кoҳи фироқ,

                   Доимо сархам ба монанди каноҷам кардааст.

Дурият ҷоно сару корам ҷунуномез кард,

Ҳаҷри рoят бас халалҳо дар мизоҷам кардааст.

Ман набудам инчунин вомондаву дур аз камол,

Лашкари андoҳу кулфатҳо лаҷоҷам кардааст.

Сидқӣ созам килки қудратро ба пиронсолагӣ,

Ҷонишин дар водии Наҳри Сироҷам кардааст. 

        Шоири дигари ширинкаломи Дарвоз Мирзо Шайх Аҳмади Муҷрим Дарвозӣ фарзанди шоир ва олими Дарвоз Доъии Дарвозӣ буда, пас аз фавти падараш дар мулки Ҳисори Бухоро ба Дарвоз пас мегардад ва муддате дар Шкайи Дарвоз зиндагӣ намудааст. Муҷрими Дарвозӣ бештар ба Бедил пайравӣ намудааст. Ӯ дар баробари татаббу ба ғазалҳои Бедил ба ашъори Мирзо Мақсуд Сидқӣ, Мирабдулмуминшоҳи Фитрат, Абдуллобеки Мазлум, Қозӣ Қурбон Муҳаммад машҳур ба Эшони Судур ва дигар шахсиятҳои илмӣ ва адабии Дарвоз равобити дӯстона дошт. Муҷрими Дарвозӣ бо Мирзо Орифи Панҷшерӣ низ робитаи адабӣ ва дӯстона доштааст. Мухаммаси зер дар ҷавоби ғазали дӯсташ Мирзо Орифи Панҷшерӣ суруда шудааст:

                Гӯш кун арзи маро аз илтофи олиҷаноб,

                Карда Мирзо Ориф сӯйи кар хитоб,

                Муҷрими Дарвозӣ ҳасбуламри ӯ додаш ҷавоб,

                Лек бо шарте нагирад дар камолаш печу тоб,

                Сайри боғи лола майдонаш аҷаб мезебадаш.

       Дар сарчашмаҳои дигари дар Афғонистон ба табъ расида Донишномаи “Афғонистон”(аз интишороти анҷумани Ориёно “Доират-ул-маориф”, соли 1955, тазкираи  “Ёде аз рафтагон”-и Хаста  [6,31,105] ва ғайра дар бораи аксари шоирони Дарвоз маълумоти пурқиммат дода шудааст, ки минбаъд барои омӯзиш ва тадқиқи пурааи онҳо иқдом гирифта хоҳад шуд.

                                                                                                                    Сайидхоҷа Ализод

                                                                                                                   Ходими пешбари илмии  ММХ АМИТ