21 августи соли ҷорӣ бо ташаббусу роҳбарии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, президенти он академик Фарҳод Раҳимӣ, дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ "Меросдор" бахшида ба 700-умин солгарди зодрӯзи суханвари бузурги тоҷик Шайх Муслиҳиддин Камоли Хуҷандӣ (1318-1400) Конференсияи илмии «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ» баргузор гардид.

Нахуст директори Марказ, раиси Ташкилоти ибтидоии "Меросдор" Давлатов Раҳматкарим ҳузури меҳмононро ба ганҷинаи мероси ниёгон хайрмақдам гуфта, барои гузоришгарон барору .  

   Ҳамоиши илмиро ноиби президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон ҳусни ифтитоҳ бахшида, доктори илми филология Б. Мақсудов дар мавзӯи «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ», номзади илми филология Б. Забеҳулло дар хусуси «Нусхаҳои хаттии осори Камоли Хуҷандӣ дар ганҷинаи дастнависҳои ба номи А. Мирзоеви Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ», адабиётшинос А. Раҳмонфар аз «Саҳми Аълохон Афсаҳзод дар Камолшиносӣ», номзади илми филология С. Ализода дар атрофи «Татаббуъоти Камоли Хуҷандӣ» гузориш ироа доштанд.

Дар конференсия сардори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ (дар Хуҷанд) Б. Раҳматзод, докторони илми филология А. Сатторзода, М. Маҳмудиён, О. Хоҷамуродов, номзадони илми филология Б. Шарифзода, А. Муҳаммадӣ ва дигарон иштироку шеъру суханронӣ карданд.