Муъмин Қаноат

(20.05.1932-18.05.2018)

Зодаи деҳаи Курговарди ноҳияи Қалъаихуми Ви­лояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, шоири шинохтаи муосири то­ҷик Мӯъмин Қаноат соли 1956 Донишгоҳи давлатии Тоҷикис­тон ба номи В.И.Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм намуда, солҳои 1956-1961 мудири шӯъбаи назми маҷаллаи «Шарқи сурх» (ҳоло «Садои Шарқ») ва сол­ҳои 1961-1966 дабири масъули он буд. Вай солҳои 1961-1977 дабир ва аз соли 1977 то оғози даврони гузариш дабири аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷи­кистон шу­да фаъолият намудааст.

Тавре ишора рафт, Муъмин Қаноат, пеш аз ҳама, шоир аст ва суханвари барҷаста дар шеъри тоҷик маҳсуб мешавад, ки аз дунболи худ Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва дигаронеро, ки ҳунари писандидаи шоирӣ доранд, ба майдони адабиёт овард. Шоире, ки ҳусну ҷи­лои суханаш дилҳоро тасхир кардаву аз марзҳо, тавассути тар­ҷу­ма, гузаштааст. Ба ёд меорем ашъори лирикӣ, достонҳои «Мавҷҳои Днепр» (1964), «Достони оташ» (1966), «Китобҳои захмин» (1969), «Суруши Сталинград» (1971), «Тоҷикистон исми ман» (1974), «Ситораи Исмат» (1987), «Гавҳари Сино» (1978), «Падар» (1977), ки ба қалами тезу бурро, ҳуши закӣ ва забони шевои ӯ рӯйи авроқ омадаанду адабиёти беш аз ҳазорсолаи моро вусъат бахшидаанд.

Шоирии Мӯъмин Қаноат дар адабиёти муосири мо ҷову мақоми худро дорад, ки дар ин боб муҳаққи­қини рӯзго­ру осори шоир бисёрҳо гуфтаанду навиштаанд. Ва ин ҷо бешак суоле пеш меояд, ки вай бо Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон чӣ иртиботе дорад? Бояд гуфт, ки дар охири солҳои 80-90-и қарни сипаришуда бо ташаббуси АИ кишвар ва ҷон­нисориҳои фарзандони фарзонаи миллат со­ли 1991 дар АИ Тоҷикистон Институти дастхатҳо таъсис ёфт ва хушбахтона директори нахустини он узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат интихоб гардид. Дар ин Институт нахуст дастхатҳои зиёде гирд омаданд, аз кормандони собиқ Институти шарқшиносӣ чанд тан аз собиқа­дорони варзида ба кор гузаштанд ва ғайра. Ҷонишини директор Ҷӯрабек Назриев тайин гар­дида буд, ки баъдтар вазифаи директори Институти навтаъсисро бар ӯҳда гирифт.

Дар давраи гузариш дар кишвар баҳонаҷӯёну нотавонбинон ва иғвогарон бо фармони ҳукумат фаъолияти Институти шарқшиносиро бастанд ва шӯъбаи дастхатҳои онро бо Институти дастхатҳо пайвастанд. Бештари кормандони илмии шӯъба низ ба Институти дастхатҳо ба кор даъват шуданд, ки акнун ба он номзади илми филология Ҷӯрабек Наз-риев сарварӣ мекард.

Ана дар ҳамин давра устод Мӯъмин Қаноат муд­дате сарварии як шохаи нозуки илми тоҷикро бар ӯҳда гирифт ва рӯҳи гузаштагони эҷодкори моро шод гардонид, ки баробари эҷоди осори гаронмояи бадеӣ дар соҳаи илми кишвар ҳам саҳме дорад.

Аз ин рӯ, дар баробари масъулиятҳои зиёд, дарёф­тани ҷоизаҳои гаронқадри собиқ Иттиҳоди Шӯра­вӣ, ордену медал­ҳои бешумор узви вобастаи АИ Тоҷи­кистон интихоб гар­ди­дани Мӯъмин Қаноат гӯёи он аст, ки ӯ тавонистааст ба илми муосири тоҷик умуман ва ба бахши шарқшиносии он хосатан, ҳиссагузорӣ намуда бо­шад.

                                                           Алии Муҳаммадии Хуросонӣ