Унвон муборак!!!

      11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр мебошад. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, сомонаҳои иттилоотӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таблиғотӣ дар муаррифии давлат ва милати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мегузоранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талошамонро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди давлати соҳибихтиёрамон равона созем». Дар чорабинии Рӯзи матбуот ба рӯзноманигорон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои Аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо аз вазорату идораҳо тақдим гардид. Барои саҳми арзанда дар рушди матбуоти соҳавӣ ва дастгирии журналистони ҷавон,Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо унвони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардид. Бояд зикр кард, ки бо иқдоми профессор Хушвахтзода тайи 5 соли охир се маркази матбуотӣ, ду студияи таълимӣ ва 156 чорабиниҳои марбут ба ВАО доир крда шуданд. Маҳз бо иқдоми Хушвахтзода нашрияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Ба қуллаҳои дониш” беҳтарин нашрияи донишҷӯён ва ҷавонон эътироф гардид. Қобилҷон Хушвахтзода ба ҳайси мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ (2018), декани факултети молиявию иқтисодӣ чун журналисти бахши иқтисод ва таҳлил ояндабинӣ бо ВАО ҳамкорӣ мекард. Қобилҷон Хушвахтзода муаллифи зиёда аз 270 маводи илмӣ ва 50 дастури таълимию китобҳои дарсӣ буда, дар мавзуъҳои вобаста ба асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун объекти низоми баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлили таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст. Профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар зиёда аз 80 конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Алмаато, Бишкек, Киев, Тошканд, Москва, Лутск, Екатеринбург, Болгария, Молдавия, Қрим ва Санкт-Петербург иштирок ва суханронӣ намудааст.