Халқи шарафманди Тоҷикистон 34-умин солгарди истиқлол ва озодии миллиро бо ифтихори бузург аз дастовардҳои таърихиву давлатдорӣ ва умед ба фардои обод таҷлил карда истодаанд. Ҷашне, ки на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи воқеии эҳёи давлатдории миллӣ, ваҳдати устувор ва пирӯзии ормонҳои деринаи миллат ба шумор меравад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳар сол ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлол  садҳо иншооти иқтисодию иҷтимоии замонавӣ ва зарурӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки рушди устувор ва беҳбудии зиндагии мардумро таъмин месозанд.

            Ба ҳамагон маълум аст, ки дар масири 34 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пур аз шебу фарозро тай намуд. Аз рӯзҳои аввалини эълони Истиқлол (9-уми сентябри соли 1991), кишвар бо мушкилоти сангини ҷанги шаҳрвандӣ ва нобасомониҳои сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Вале иродаи устувори мардум ва раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад ва ба масири рушди устувор ворид гардад.

             Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста номи он фарзандони баруманди миллатро бо эҳтиром ба забон меоранд, ки дар  барқарор намудани сулҳу суботи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд. Масалан, Пешвои миллат  дар яке аз баромадҳояшон чунин изҳор доштанд: “Дар ин рӯзи таърихӣ дар баробари зикри комёбиҳо, мо аз онҳое, ки барои расидан ба ин санаи муборак ҷоннисорӣ кардаанд, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар ва таҳкиму тақвияти пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, ба некӣ ёд мекунем ва хотираи қурбониёни истиқлолу озодиро гиромӣ медорем”.  

         Воқеан, 34 соли давлатдории мустақил инъикоси ормонҳои деринаи миллати тамаддунсози тоҷик аст, ки бо ваҳдату иттиҳод роҳи пешрафт, сулҳ ва эҳёи давлатдории миллиро пайгирона тай намудааст.

           Маълум аст, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи куҳани давлатдорист ва ормони истиқлол ва соҳибдавлатӣ дар тули асрҳо дар қалби фарзандони миллат зиндаю ҷовидон  буд ва хоҳад монд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ, ҳамзамон дар харитаи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон мавқеи худро устувор кардааст, ки мо, ҳар як фарди кишвар аз он ифтихори беандоза дорем.

           Қобили зикр аст, ки дар тули 34 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари амн, обод ва босубот табдил ёфт. Сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, мактабҳо ва табобатхонаҳои нав, рушди соҳаи саноат, афзоиши имкониятҳои иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои хориҷӣ гувоҳи равшани сиёсати созанда ва дурбинонаи давлату Ҳукумат мебошанд.

             Хусусан, лоиҳаи аср – Неругоҳи барқи обии Роғун, ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва як порчаи бузурги ормонҳои халқ, маҳсули меҳнати дастаҷамъонаи миллат мебошад.

            Бузургтарин  дастоварде,  ки дар саҳифаи таърихи давлатдории навини тоҷикон бо хати заррин сабт шудааст, ноил гаштан ба сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, барои кишвар имкони рушд ва бозсозиро фароҳам овард.

           Боиси ифтихору хушнудист, ки дар солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар раддабандии созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз ҷиҳати таъмини амният, суботи сиёсӣ ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеа ҷойгоҳи баландро соҳиб гардидааст, ки ин қабл аз ҳама аз  талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар самти таҳкими оромиву ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳад.

            Ҳамин аст, ки дар қаламрави кишварамон намояндагони миллату халқияти гуногун дар фазои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд. Мавқеи ҷуғрофиёи беназир, табиати нотакрор, ёдгориҳои ғании таърихиву фарҳангӣ ва фазои рӯ ба рушд боиси ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз самтҳои муҳимми сайёҳӣ табдил додааст.

            Бо мақсади таблиғи имкониятҳои фаровони сайёҳии кишвар ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буд. Ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-юми декабри соли 2017 ироа гардида буд, ба миён гузошта шуд. Бо пайгирии мантиқии ҳамин иқдом, солҳои 2019 - 2021 низ ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардиданд.

           Ин иқдом на танҳо заминаи мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ фароҳам овард, балки ба шинохти васеътару амиқтари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат намуд. Бо эълони солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, диққати сайёҳони хориҷӣ ба табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои шифобахш, дарёҳои мусаффо ва мавзеъҳои таърихии кишвар ҷалб гардид. Ҳамзамон, тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, аз ҷумла таъмиру таҷдиди меҳмонхонаҳо, роҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ин  соҳа дар кишвар густариш ёфт. Ин ҳама тадбирҳо барои ба як сарзамини  ҷолиб ва рақобатпазир табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сайёҳии ҷаҳон нақши муассир мебозанд.

             Бояд гуфт, ки мафҳуми “пирӯзии ормонҳои миллат” танҳо бо истиқлол ва сулҳ маҳдуд намешавад. Ормонҳо – ин рушду тараққӣ, зиндагии шоиста, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир устуворона қадам мениҳад. Барномаҳои стратегии давлат, аз ҷумла ҳадафҳои чоруми миллӣ  –  саноатикунонии босуръат, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва тақвияти амният – инъикоси ҳамин ормонҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд.

            “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун як сарчашмаи бузурги адабию фарҳангӣ ва таърихӣ, дар пойдорӣ ва мустаҳкамии Истиқлоли миллии тоҷикон нақши барҷаста дорад. Ин асари пурарзиш на танҳо достони муборизаи ҳақ бар зидди душманони дохиливу хориҷӣ, балки ҳимояи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар шароити фишору фаромӯшсозии суннатҳост. “Шоҳнома” дар тули қарнҳо руҳи истиқлолхоҳӣ, ватанпарастӣ ва худшиносии миллиро дар қалбҳои мардум бедор нигоҳ дошта, ҳамчун рамзи муқовимат ва ҳувият хидмат намудааст.

           Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва аҳамияти “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ боз ҳам бештар таъкид гардида, нусхаҳои он, ки бо санъати баланди нашр ва ороиши зебои миллии тоҷикӣ чоп шудаанд, имрӯзҳо ба аҳолии кишвар ҳамчун туҳфаи арзишманд тақдим гардида истодаанд. Ин иқдом, монанди нашри васеи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба аҳолии кишвар тақдим гардида буд, як навъ бедорсозии ифтихори миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихии миллат буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ заминаи муҳимму устувор мегузорад.

          Дар раванди он,  ки 34-умин солгарди Истиқлолро дар сатҳи баланд истиқбол мегирем, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ифтихор намояд, ки дар бунёди ин кишвари обод саҳме дорад. Ҳар ташаббус, ҳар дастоварду комёбӣ натиҷаи заҳмату сабру таҳаммул ва умеду бовар ба фардои дурахшон аст.

         Барҳақ, Истиқлол неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ, онро бояд чун гавҳари чашм ҳифз кунем, эҳтиром намоем ва дар ин замина насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия карда, ба камол расонем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем кафолати бақои миллат ва давлати худро таъмин созем.

                  Поянда бод, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон!

                   Сарбаланд бод, миллати тоҷик!

                                        Раҷабалиев Хайрулло Холназарович,

ходими калони илмии шуъбаи ҷамъоварӣ ва

нигоҳдории дастнависҳои Маркази мероси хаттии

назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон