Бо чунин унвон (11.11.2022) дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ (бахшида ба хотири муҳаққиқ, нусхашинос ва матншиноси тоҷик Мамадвафо Бақоев) баргузор гардид.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии ноиби президенти АМИТ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ва саркотиби илмии АМИТ, профессор Қосимшо Искандаров оғоз карда шуд. Эшон дар суханрониҳои худ доир ба омӯзишу таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни осори хаттии асримиёнагии Шарқ ибрози андеша намуда, Мамадвафо Бақоевро яке аз муҳаққиқони пухтакору заҳматқарин ва эътирофшудаи шарқшиносии тоҷик қаламдод намуданд. Зикр карда шуд, ки бо вуҷуди умри на чандон дароз дидани М.Бақоев корҳои мондагору бунёдӣ аз эшон ба мероси гузошта шудааст, ки дар шаклгириву омӯзиши насли минбаъда саҳми бориз гузоштааст.
Сипас, директори ММХ НР АМИТ, н.и.т. Раҳматкарим Давлатов суханронӣ намуда, меҳмонону иштирокдорони конфронсро ба Маркази мероси хаттӣ хайрамақдам намуд. Ӯ таъкид намуд, ки М.Бақоев дар таҳқиқи мероси хаттии ниёгон ва мактаби шарқшиносии тоҷик саҳм ва нақши хоси худро дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо ӯро ҳамчун устод ва усули таҳқиқоташро чун намунаи олии таҳқиқ дар рафти корҳои илмиамон ба кор мебарем.
Дар конфронс маърузаҳои зиёди илмӣ дар мавзуъҳои мухталиф ироа гардиданд. Аз ҷумла, мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳои ММХ НР АМИТ, н.и.ф. Набаҳорова Б. “Саҳми Мамадвафо Бақоев дар ҷамъоварӣ ва тавсифи нусхаҳои хаттии Бадахшон”, сарходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, д.и.ф. Охониёзов В.Д. “Хулосаҳои илмии муаллифони “Сарсухан” ба феҳристи алифбоии дастнависҳои ВМКБ, ки аз тарафи экспедитсияи солҳои 1959-1963 ҷамъоварӣ гардидаанд”, ходими илмии Институти эроншиносии Академияи илмҳои Авсрия, доктор Бруно де Николо “Таҳқиқи фарҳанги дастнависҳои Осиёи Марказӣ дар аҳди сулолаи Муғул ва аввали Темуриён”, ходими пешбари илмии ММХ, н.и.ф. Шарифов М. “Тазкират-ул-хаттотин”-и Садри Зиё сарчашмаи муҳим дар омӯзиши хат ва фаъолияти хаттотон”, ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, н.и.т. Кримова Г.Р. “Экспедитсияҳои археографӣ-имкониятҳои нави ба вуҷуд овардани базаи манбаъҳо”, мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ, н.и.ф. Давлатова Х. “Нусхаи нодири девони ғазалиёти Мирзо Атои Бухороӣ ва мақоми ӯ дар ғазалсароии форсӣ-тоҷикӣ”, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, д.и.ф. Давлатбеков Л.М. “Баъзе вижагиҳои ғазал дар эҷодиёти Адими Шуғнонӣ”, директори китобхонаи марказии ММХ АМИТ, д.и.ф. Сӯфизода Ш. “Ҷанбаҳои методологии адабиётшиносӣ дар эроншиносии Ғарб”, ходими пешбари илмии ММХ, н.и.ф. Хуросонӣ А. “Заминаҳои таҳаввули илми шарқшиносии тоҷик”, ходими пешбари илмии ММХ, н.и.ф. Ализода С. “Андешае чанд оид ба як нусхаи нодири “Радоиф-ул-ашъор”-и Фахрии Ҳиравӣ” шунидаву мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамчунин дар конфронс, ки тӯли рӯз давом намуд, чанде аз маърузаҳо, аз ҷумла гузориши сарходими илмии Институти забоншиносии Академияи илмҳои Россия, Эделман Дж.И. “Ёддоштҳо дар бораи Мамадвафо Бақоев” ва ходими калони илмии Институти забоншиносии Академияи илмҳои Россия, н.и.ф. Додихудоева Л.Р. “Носири Хусрав дар таҳқиқоти А.С. Эделман” ба таври маҷозӣ шунида шуд.
Дар анҷоми конфронс саволу ҷавоб, мулоҳизаронӣ ва натиҷагирӣ сурат гирифт.