Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи Қарори Раёсати АМИТ аз 27.03.2023, №69 рӯзҳои 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории Симпозиум баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ (973−1048) ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Дар кори симпозиум ва конфронси илмӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
1. Нақши Абурайҳони Берунӣ дар пешрафти илмҳои ҷаҳонӣ;
2. Даврони Абурайҳони Берунӣ ва рушди илм;
3. Мероси табиатшиносии Абурайҳони Берунӣ ва илми муосир;
4. Равишҳои муосир дар шинохти осори Абурайҳон Берунӣ;
5. Нусхаҳои хаттии осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон;
6. Таҳқиқу нашри осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон;
7. Абурайҳони Берунӣ ва тамаддуни муосири ҷаҳонӣ.
Дар Симпозиум иштироки олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, диншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар назар дошта шудааст.
Дархостро ҳамроҳ бо мақолаи илмӣ барои иштирок дар конференсия то 20-уми август соли 2023 ба нишони электронии merosikhatti@inbox.ru пешниҳод намоед.
Забонҳои кории Симпозиум: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Талабот барои бақайдгирӣ:
Ҳангоми таҳияи мақолаҳо, талаботи зерин риоя карда шаванд: ҳаҷми мақола аз 10-12 саҳифаи компютерӣ зиёд набошад. Мақола бо шрифти Times New Roman TJ, андозаи ҳарф – 14; фосилаи байни сатрҳо– 1; абзатс-1 см; андозаи ҳошияҳо: чап 3,0 мм, рост 1 мм, боло ва поён 2,0 мм.
Тарҳрезии сарлавҳа (бо ҳарфҳои калон ва ғафс, дар мобайн) УНВОНИ МАҚОЛА (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ); дар сатри навбатӣ (шрифт – курсиви ғафс, дар тарафи рост) – ному насаб- пурра; дар сатри оянда (шрифти курсив, дар тарафи рост) - кишвар; дар сатри навбатӣ (шрифти курсив, тарафи рост) - почтаи электронӣ барои алоқа; пас аз 1 сатр - матни мақола. Феҳристи манобеъ дар охири мақола (бо тартиби алифбо - аввал бо хатти кириллӣ, сипас бо дигар забонҳои хориҷӣ). Дар дохили матн истинод ба манбаъ дар дохили қавси мураббаъ дода шуда, аз ҳам тавассути вергул ҷудо карда мешавад, мисол: [1, 272]; шумораи иқтибос ба воситаи вергул ё тире нишон дода мешавад, мисол [2, 272-280].
Дар охири мақола хулосаҳо чунин дода мешаванд: дар сурате, ки мақола ба забони тоҷикӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои русӣ ва англисӣ - дар сурате, ки ба забони русӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ - дар сурате, ки ба забони англисӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ.
Мисол:
НУСХАҲОИ НОДИРИ АСАРҲОИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ
Замирова Замира Замировна
Тоҷикистон
Почтаи электронӣ:
Ба дастнавис маълумот дар бораи муаллифон бо нишон додани насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор ва вазифа, шаҳр, кишвар, инчунин нишонии почтаи электронӣ ва рақамҳои телефон ҳамроҳ карда мешавад.
Кумитаи тадорукот ҳақ дорад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ ва талаботи тарҳи эълоншуда мувофиқат намекунанд, рад кунад.
Кумитаи тадорукот:
Нишонӣ: Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, ш. Душанбе, Ҳусейнзода, 35.
Телефонҳо барои маълумот: +992 372213202
+992 918616412
+992 900133141
Почтаи электронӣ: merosikhatti@inbox.ru
Дархост барои иштирок дар конференсия:
1. Ному насаб
2. Шаҳр
3. Ҷои кор, вазифа
4. Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ
5. Рақами телефон
6. Почтаи электронӣ
7. Унвони маъруза
8. Бахш