Амрияздон Алимардонов дуюми ноябри соли 1938 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози ВМКБ ҶТ дар хонаводаи деҳқони хушсаводу аз анвои дониш огоҳ ба дунё омадааст. Ӯ таҳсили ҳафтсоларо дар зодгоҳаш ба поён расонида, минбаъд таҳсили синфҳои 8-10-ро дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло маркази вилояти Хатлон) идома додаст. Баъди бомуваффақият хатм намудани мактаби миёна дар соли 1956 ӯ бо хоҳиши худ ба факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, пас аз бо сарбаландӣ супурдани имтиҳонҳои қабул соҳиби унвони боифтихори донишҷӯ гардид. Соли 1961 пас аз анҷом додани Донишгоҳ бо дипломи аъло А.Алимардонов бо даъвати роҳбарияти Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори адабии (аз соли 1970 Институти шарқшиносӣ) АИ ҶШС Тоҷикистон ба ин маркази илмӣ ба кор омада, аввал ба сифати сарлаборант ва баъди муддате ба сифати ходими хурди илмӣ адои вазифа менамояд.
Дар солҳои 1963-1966 А. Алимардонов дар аспирантураи АИ Тоҷикистон таҳсил карда, баъди анҷоми он дар пажӯҳишгоҳи мазкур корро ба сифати корманди илмӣ идома медиҳад. Ӯ соли 1970 таҳти роҳбарии академик А. Мирзоев рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология дифоъ карда, каме дертар соҳиби вазифаи ходими калони илмӣ мегардад. Соли 1972 А.Алимардонов ба вазифаи масъул – мудири шӯъбаи муҳимми Институти шарқшиносӣ – шӯъбаи дастнависҳои шарқӣ ва таҳияи феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ таъйин гардида, онро то соли 1987 иҷро менамояд. То давраи ба ин шӯъба гузаштан А. Алимардонов, асосан, ба масоили таҳқиқоти адабиётшиносӣ шуғл меварзид.
Аз соли 1987 то 1993 А. Алимардонов дар вазифаи корманди пешбари илмӣ ва сарвари гурӯҳи тавсифкунандагони нусахи хаттӣ кор мекунад.
Соли 1993 ӯ дар Институти дастхатҳо (баъдтар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) ба вазифаи мудири шӯъбаи нигоҳдорию танзими нусахи хаттӣ ва таҳияи феҳристҳо таъин гардида, адои онро то соли 2007 идома медиҳад. Соли 2007 А.Алимардонов бо матлаби ташкил намудану ба роҳ мондани масоили таҳқиқи таъриху тамаддуни Ҳинду Покистон ба вазифаи мудири Шӯъбаи Ҳинду Покистон гузаронида шудааст.
Доираи таваҷҷӯҳи илмии А. Алимардонов васеъ буда, масоили таҳқиқи таърихи адабиёту фарҳанги даврони пешини форс-тоҷик, таърихи адабиёти форсизабони Ҳинду Покистон, матншиносӣ, нусхашиносӣ, адабиётшиносӣ, тасаввуф, робитаҳои илмиву адабии мардуми тоҷик бо халқҳои Ҳинду Покистон ва муносибати дини ислом ба риштаҳои гуногуни ҳунару фарҳангро фаро мегирад. Ӯ доир ба ҷанбаҳои мухталифи масоили зикрёфта бештар аз 350 таҳқиқоту мақола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба табъ расонида, матни як силсила асарҳо, аз қабили «Ҳашт биҳишт»-и Амир Хусрав, «Тӯтинома»-и Муҳаммади Қодирӣ, ашъору осори Носири Хусрав, Шавқати Бухороӣ, «Достони Искандару Бурондухт»-и Абӯтоҳири Тарсусӣ, «Дурдонаҳои наср» (асрҳои X-XY), матни илмию интиқодии «Иёри дониш» (бо таҳқиқоти муфассал), «Мунтахаби осор»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо муқаддимаву тавзеҳот, «Таърихи исмоилия», таҳияи матну тавзеҳот ва таълифи муқаддима (бо ҳамроҳии С.Шохуморов), «Мухтасаре дар таърихи исмоилия» аз Ф. Дафтарӣ, таҳияи матн, таҳрир ва шарҳу тавзеҳоти заруриро мунташир сохтааст.
А.Алимардонов яке аз тартибдиҳандагон ва ба чоп тайёркунандагони ҷилдҳои 5-6-и «Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон» ба забони русӣ ва инчунин ҷилдҳои 1-4-и «Феҳристи нусахи хаттии форси Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон» мебошад, ки онҳо дар солҳои 1376, 1379, 1383 дар Теҳрон бо хат ва забоин форсӣ нашр гардидаанд.
Таҳқиқоту мақолаҳои А. Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон ва нусхаҳои нодиру пурарзиши он дар маҷаллаю маҷмӯаҳои мақолаҳои гуногуни Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Руссия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Итолияву Фаронса чоп шудаанд.
Асарҳои таҳқиқотии А. Алимардонов аз «Зиёуддини Нахшабӣ ва «Тӯтинома»-и ӯ, «Сурат ва сирати Ибни Сино», «Абулфазли Алломӣ ва «Иёри дониш»-и ӯ, «Таърихчаи насри форсу тоҷик», «Муносибати дини мубини ислом ба мусиқӣ, рақсу суруд ва санъати тасвирию хаттотӣ», «Таъсири ақоиду осори Абдурраҳмони Ҷомӣ дар афкори ҷамъиятии Ҳинд», «Нуфузи Ибни Сино дар доираҳои илмию фарҳангии нимҷазираи Ҳиндустон», «Замина ва омилҳои равнақу тавсияи илму адаби форсу тоҷик дар асри Х ва нимаи аввали асри XI» ва ғайраҳо иборат мебошанд. Ӯ инчунин роҷеъ ба маъхазҳои муҳимму нодири таърихию адабӣ ва аҳамияти онҳо барои таҳқиқи робитаҳои адабии Мовароуннаҳру Ҳиндустон ва ҳамчунин омӯзиши равияҳои асосии ҷараёни ин робитаҳои маданию адабӣ дар давраҳои мухталиф як силсила таҳқиқоту мақолот ба табъ расонидааст.
Бояд хотирнишон сохт, ки тамоми маъхазҳо ва осори маънавии бештар аз 1100 солаи мардуми тоҷик, ки барои омӯхтани таърих ва тамаддуни даврони пешини мардуми мо ва дигар халқҳои Шарқи Наздику Миёна чун сарчашмаи боэътомод хидмат менамоянд, то рӯзгори мо дар шакли дастнавис боқӣ мондаанд. Бинобар ин омӯзишу муаррифии осори хаттӣ аз ҷумлаи вазифаҳои авалиндараҷаи муҳим ва зарурии аҳли илм мебошад. Ин ҳолатро ҳам набояд аз мадди назар дур гузошт, ки дар асрҳои миёна китоб на танҳо манбаи донишу предмети эътиқод, балки инчунин ёдгории ҳунару зебоӣ ва предмети завқи эстетикию зебописандӣ ҳисоб меёфт. Ба ибораи дигар дар радифи сарчашмаи муҳимми анвои риштаҳои донишу маърифати асрҳои миёнаи Машриқзамин будан нусхаҳои хаттӣ ҳамчунин манбаи пурарзиши анвои ҳунарҳои даврони пешин буда, илова ба вазоифи аслии донишгустариашон чун ёдгори барҷастаи пешаю ҳунар низ барои дарки дараҷаи рушди соҳаҳои мухталифи касбу ҳунар ва завқу салиқаи зебописандии даврони пешин аҳамияти ниҳоят бузург хоҳанд дошт.
Бо назардошти чунин арзишу аҳамияти ниҳоят калони осори хаттӣ корманди илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо Амрияздон Алимардонов дар баробари ба омӯзишу таҳқиқи дигар масоили таърихи адабиёту фарҳанги форс-тоҷик машғул гадидан бештар аз 35 соли ҳаёти худро вақфи омӯзишу таҳқиқи нусхаҳои хаттию масоили марбут ба онҳо ва тавсифи дастнависҳою таҳияи феҳристҳои Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А. Мирзоеви АИ Тоҷикистон гардонидааст (ӯ ба истиснои якчанд сол аз соли 1972 то соли 2006 мудири шӯъбаи нигоҳдорию тавсифи дастнависҳои шарқӣ ва таҳияи феҳристҳои Институти мазкурро ба ӯҳда доштааст).
Таҳия ва мураттаб сохтани ҷилди VI Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон (бо забони русӣ, Душанбе, 1989), ки тавсифи нусхаҳои хаттии осори илмии гузаштаро дар бар мегирад, аз ҷониби А.Алимардонов бо иштироки Г.Д. Лузянина анҷом дода шудааст. А. Алимардонов дар таҳияи ҷилди V феҳрист «Душанбе, 1974) ва таҳрири феҳристи нусхаҳои музайяну мусаввари Ганҷина ҳам (Душанбе, 1986, бо М. Осимов) ширкат варзидааст.
Бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди мавҷуд будани имконоти зиёди молию пулӣ ва иқтидору қувваҳои илмӣ дар тамоми давраи мавҷудияти сохти советӣ 6 ҷилди феҳристи дастнависҳои шарқӣ мунташир гардидааст, ки онҳо ҳамагӣ тавсифи 2372 нусхаи хаттиро фаро гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯ ба беҳбудӣ ниҳодани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат боз масъалаи тавсифи дастхатҳо ва таҳияву табъи феҳристҳо ба миён омад. Баъди таҳаммулу андеша ва ба эътибор гирифтани вазъу талаботи замон ва гуфтугӯю мувофиқа бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбарияти институт ба хулосае омад, ки тамоми тавсифҳои дастнависҳо бо забони тоҷикӣ ва хатти форсӣ таҳия карда шуда, табъи феҳристҳо дар Эрон ба роҳ монда шавад. Соли 1995 роҳбарияти Институт як гурӯҳи тавсифгарони нусахи хаттиро ташкил намуда, роҳбарию назорати фаъолияти он гурӯҳ, усулу тарзи тавсифи дастхатҳо, таҳрири онҳо ва таҳияю мураттаб сохтани феҳристҳоро ба ӯҳдаи А.Алимардонов гузошт. А. Алимардонов дар заминаи омӯхтани феҳристҳои гуногун ва таҷрибаи феҳристсозии муосири Шарқу Ғарб усули тавсиферо пешниҳод намуд, ки дар он ба 15 суоли марбут ба нусха ҷавоб додан лозим меомад. Ин усули нисбатан мухтасару пурмӯҳтавои нишонрас имконият медод, ки аҳли таҳқиқ аз чигунагии хусусиятҳои мавзӯъ ва моҳияту маънои нусхаҳои хаттии ганҷинаи мо воқиф гарданд. Истилоҳоти махсуси нусхашиносӣ ҳам ба аъзои гурӯҳи тавсифгар аз ҷониби А. Алимардонов омӯзонда шудааст.Бо саъю кӯшиш ва заҳмати пайвастаи А.Алимардонов ва кӯмаки роҳбарияти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар як муддати нисбатан кӯтоҳ чаҳор ҷилди феҳристи дастхатҳои Ганҷинаи мо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз чоп баромад (1997-2004), ки онҳо тавсифи тамоми дастнависҳои форсӣ (тоҷикӣ), туркӣ ва қисман арабии ганҷинаи моро дар бар мегиранд.Ҷамъан ин чаҳор ҷилд шомили тавсифҳои 9 ҳазор дастнавис мебошанд.Ин корест ниҳоят бузург ва анҷоми он заҳмати фаровон, кӯшишу садоқат ва ҳиссиёти баланди ватандӯстию муҳаббат ба илму фарҳанги халқи худро тақозо менамуд, ки ба андешаи мо аксари ин хислатҳои наҷиб дар шахсияти А. Алимардонов ҷой доранд. Ногуфта намонад, ки бар замми дигар фаъолиятҳои дар анҷом ва таҳияву таҳриру табъи феҳристҳои хаттии мазкур анҷом дода, сеяки тамоми тавсифҳои ин ҷилдҳо ҳам ба қалами А. Алимардонов тааллуқ дорад.Доир ба ин феҳристҳои мо дар матбуоти ҶИЭ мақолаҳои тавсифӣ ба табъ расидаанд, ки ин боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии муассисаи мо ва кормандони меҳнатдӯсти он гардид.
Соли 2006 аввалин дафъа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва бо ҳидояти А. Алимардонов ва иштироки фаъоли ӯ феҳристи электронии 500 нусхаи дастнависи нодиру қадимӣ ва музайяну мусаввари ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ (380 нусха) ва китобхонаи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ (120 нусха) ба забонҳои форсӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ омода сохта шуд. Тавсифи нусхаҳо аз тарафи А.Алимардонов, С. Шаҳобуддинов ва А. Юнусов анҷом дода шудааст. Нақша, усул ва интихобу тарзи тавсифи нусхаҳо, таҳрири тавсифҳо ва тартиб додани китобу тариқи ҷо ба ҷо гузории тавсифҳо, таълифи муқаддимаи илмӣ ва таҳияи номномаҳои ҷилд ба қалами А. Алимардонов тааллуқ дорад. Дар феҳрист акси ҷойҳои ҷолиби диққати нусхаҳо ҳам оварда мешаванд. Ҳадаф аз таҳияи ин феҳрист, аз як ҷониб дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ сохтани дастовардҳои илмиву адабии даврони пешини мардуми тоҷик тавассути дастовардҳои техники муосир ва аз ҷониби дигар, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳли таҳқиқи кишварҳои гуногун ба ганҷинаҳои мероси хаттии Тоҷикистон мебошад. Ин феҳрист бояд аз тарафи Институти ҷомеаи кушод пахш гардад. Дар ҳаҷми бисёр кӯтоҳ ғунҷонидани тамоми масоили муҳимми барои дарки як нусхаи хаттӣ зарур аз таҷрибаи пухтаи илмии нусхашиносӣ ва феҳристнигории А.Алимардонов шаҳодат медиҳад.
Илова бар ин А. Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоеви АИ ҶТ, нусхаҳои аслӣ, қадимӣ, нодир ва музайяну мунаққаши он дар маҷаллаҳою нашрияҳои мухталифи кишварҳои гуногуни ҷаҳон (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Руссия, Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Фаронса, Италия ва ғайраҳо) як силсила мақолаҳою таҳқиқот ба табъ расонидааст.Ӯ инчунин дар як идда ҷамъомадҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар бораи Ганҷинаи дастнависҳои мазкур, нусхаҳои хаттии он ва аҳамияту арзиши онҳо суханронӣ кардааст.
Ба андешаи мо, А.Алимардонов ҳамчун муҳаққиқи заҳматкашу нусхашиноси серкору пухтакор доир ба омӯзишу таҳқиқу муаррифии нусхаҳои хаттии Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ ва феҳристкунонии он осори қаламӣ хидмати калони шоистаи ситоишро анҷом додааст ва ҳамчунин дар тарбияи маънавии силсилаи калони донишҷӯён, унвонҷӯён фаъол иштирок варзида, шогирдон ва пайравони зиёде дорад, ки дар бахшҳои гуногуни илмиву фарҳангии ҷумҳурии мо кору фаъолият мекунанд.
Осори чопшудаи ӯ дар ҳудуди 350 рисола ва мақолоти илмиву оммавӣ мебошад.
Алимардонов Амрияздон ҳоло дар айни ҷӯшу хурӯши эҷодӣ мебошад. Мо ба ин дӯсти донишманд, ба ин олими забардасти шӯҳратёри тоҷик саломатии бардавом ва комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ таманно мекунем.
НАҚШИ АМРИЯЗДОН АЛИМАРДОНОВ ДАР ТАДҚИҚИ НУСАХИ ХАТТӢ
Амрияздон Алимардонов мактаби бузурги нусхашиносиро аз устодони варзидаи ин соҳа омӯхта дар тули ҳаёти пурбаракату сермаҳсули худ дар ривоҷ ва равнақи ин соҳаи илми шарқшиносии тоҷик хизматҳои зиёду шоёне ба анҷом расонидааст. Таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба осори хаттӣ ва омӯзиши онҳо ҳанӯз аз айёми ҷавониаш, аз мактаби бузурги бобову падараш сар шуда буд. Нахустин устодаш падараш буда, сипас дар донишгоҳ ва баъдан дар Институти шарқшиносӣ дониши худро такмил додааст. Ӯ тамоми давраи фаъолияти илмиашро ба омӯзиши нусхаҳои хаттӣ бахшидааст. А. Алимардонов ҳангоми тавсифи ин ё он дастнавис хусусиятҳои нозуки ҳар як сарчашмаро мушикофона санҷида баррасӣ намудааст. Амрияздон Алимарднов даавомдиҳандаи мактаби бузурги нусхашиносии замони шуравист.
Агар осори тавсифнамудаи А. Алимардоновро мавриди омӯзиш қарор диҳем, баръало маълум аст, ки муҳақиқ аз он қолаби муқарарие, ки дар тамоми феҳристҳои таҳияшудаи дигар марокизи илмии хориҷи кишвар баромада, тавсифҳоро мукаммалтар намудааст.
А. Алимардонов дар солҳои мудири шуъбаи тасифи нусхаҳои хаттӣ буданаш, қимати воқеии нусхаҳои аслӣ, нодир, нусхаҳое, ки аз ҷониби худи муаллифон китобат шудаанд (яъне автограф) ва нусхаҳои миқдорашон дар марказҳои илмӣ ва китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ камшумор бударо муайян намудааст. Хушбахтона маҳз бо ибтикор ва дархости ӯ ҳангоми нусхабардории нусхаҳои хаттӣ аз ҷониби хазинаи «Ал Муҷид» -и Аморати муттаҳидаи Араб бештар аз 400 нусхаи арзишманд, ки боигарии миллӣ маҳсуб мебошанд, ҷилавгирӣ карда шуд.
50 соли фаъолияти илмии худро А. Алимардонов ба омӯзиш ва тадқиқи дастнвисҳои шарқӣ бахшида буд. Ӯ дар мақолаи ба унвони «Мақоми Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Акдемияи илмҳои ҶТ дар таҳияи китобшиносии нусахи хаттӣ» қайд мекунад, ки дар ганҷнаи дастнависҳои шарқии ба номи Абдулғанӣ Мирзоев, бештар аз 5760 ҷилд нусахи хаттӣ ва 6400 ҷилд китобҳои чопи сангӣ (ки онҳо ҳам ҳукми дастнавис доранд) мавҷуд мебошад. Албатта, ин ададҳо ҳадди охир нестанд ва умед аст, ки бо фароҳам омадани имконияти зарурӣ дар вақтҳои наздик тағйир хоҳанд ёфт. Амрияздон Алимардонов дар мақолаи номбурдааш таъкид кардааст, ки омӯзиш ва таҳқиқи нусхаҳои хаттии ганҷинаҳои мазкур нишон медиҳад, ки дар миёни ёдгориҳои хаттии ин марказ нусхаҳои пурқиммат ва аз ҷиҳати санаи китобат қадимӣ, аслӣ, нодир, мукаммал ва боэътимоди риштаҳои гуногуни илму адаб кам нестанд.
А. Алимардонов қадимтарин нусхаи дастнависи ганҷина, дастнависи «Бустон-ул-орифин»-и Фақеҳӣ, машҳур ба Абулайси Самарқандӣ, ки ба забони арабӣ навишта шуда, соли 489/1095 китобат гардида (таҳти рақами 2322), баъдан дар асри XIX тармим шудааст, меҳисобад.
Ҳамчунон муҳақиқ Нусхаҳои хаттии «Таърихи Табарӣ» дар тарҷума ва такмили форсии Абӯалӣ ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ соли 363/974) таҳти рақами 2000, асари ба забони форсӣ таълиф намудаи Абурайҳони Берунӣ (вафоташ 430/1038) - «Ат-тафҳим ли авоил саноат ит-танҷим», таҳти рақами 385, «Кимиёи саодат»-и Абуҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (вафоташ 506/1111), таҳти раками 1007, «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ (вафоташ 609/1291), таҳти раками 503, «Шарҳ-ул-қофия фи наҳв»-и Разиддин Муҳаммад Ал-Астарободӣ (карни 7х. (13м.)), таҳти раками 4331 ва амсоли онҳо, ки китобаташон ба асри XIII тааллуқ дорад, аз ҷумлаи қадимтарин ва боэътимодтарин дастнависҳои то рӯзгори мо маҳфузмондаи асарҳои мазкурро маҳсуб мешуморад.
Дар бораи ин таъкид мекунад, ки як силсила нусхаҳои хаттии ганҷинаи дастнависҳои АИ-ро нусхаҳои хаттии худи муаллифони асар ва ё нусхаҳои ягонаю мунҳасир ба фарди ин ё он китоб ташкил медиҳанд, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд. Ба монанди «Луғати Алии Сафӣ» таълифи Фахруддин Алии Сафӣ (вафоташ 939х.(1532-1533м.)), таҳти рақами 727, «Зафарнома»-и Бадруддини Кашмирӣ (карни XVI м.), таҳти рақами 779, «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдит-ут-таворих»-и Мир Робеъ ибни Мир Ниёз (таълиф дар асри XVIII), таҳти рақамҳои 2004, 2030/1, «Таърихи манзум»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкирот-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, «Девони ашъор» ва «Ганҷи шойгон»-и Тамкини Бухороӣ (карни XIX м.), таҳти рақамҳои 204, 394, 11, 114, «Тӯфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сони (вафоташ 1325 х.(1907м.), «Таърихи Ҳумоюн»-и Муҳаммади Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё (китобат авоили асри XX), таҳти рақамҳои 927/3, 1329, 2968, 983 ва боз иддае аз нусахи хаттии осори адибони тоҷики карнҳои XVIII-XIX ва ибтидои асри XX аз ҳамин қабиланд[1]. Амрияздон Алимардонов «Дафтари дилкушо»-и Соҳиб ном шахси номаълум (таълифоташ дар соли 720х. (1320м.) дар пайравии «Шоҳномаи Фирдавсӣ), таҳти рақами 781 (китобаташ асри XVI)[2], «Таърихи Фарғона»-и Исхохон ва «Давраи охирини таърихи Бухоро»-и Мирзо Ҳомид (китобаташон дар ибтидои асри XX)[3] (4), таҳти рақами 1512, 1243/9 аз ҷумлаи дастнависҳое мешуморад, ки то кунун нусхаҳои хаттии дигари онҳо ба даст наомадааст ва барои муҳақиқинит ин соҳа дар кишварҳои хориҷ дастрас нагардидаанд.
Тарафи ҷолиби дигари тадқиқоти А. Алимардонов дар атрофи нусхаҳои мансур ва нодири ганҷинаи дастнависҳо мебошад, ки арзиши баланди илмӣ ва нодиру қадимӣ будани онҳоро ташхис намудааст. Муҳақиқ менависад, ки дар ганҷинаи осори хаттӣ нусхаҳои бисёр нодири асарҳои мансуру манзуми дар карнҳои гуногун дар мавзуоти мухталиф таълиф ёфта нигоҳ дошта мешаванд, ки дар хусуси мавҷуд будани ягон нусхаи дигари онҳо дар феҳристҳои китобхонаҳои ҷаҳон ишорате ҳам ба назар намерасад. Ба монанди Рисолаи «Мақомоти Шайх Абусаиди Абулхайр» (китобаташ соли 1403м.), «Маҷмаъ-ул-қасоид» (китобаташ асри XVI м.), «Рисолаи Кофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Девони ашъор», «Соқинома» ва «Искандарнома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Инояти Баззози Саноӣ, «Девони ашъор»-и Абдулатифи Танҳо, «Девони ашъор»-и Муҳаммад Ризо Чалабии Унвон, маснавии «Хусрав ва Ширин»-и Оқо Шопури Розӣ (китобаташ қарни XVIIм.), девонҳои ашъори Муҳаммад Ҷамил Ҳориси Бадахшӣ, Мирзо Абдурразоқ Нашъӣ (китобаташон қарни XVIII м.), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Базнавӣ, «Уммон-ул- маонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Маҷмаъу-л-ҳикоёт», «Девони ашъор»-и Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-хитоб», «Гуҳаррез» (китобаташон қарни XIX м.), «Девони ашъор»-и Ҳайрати Бухороӣ, «Усул-ул-одоб» (китобаташон ибтидои карни XX м.) ва гайраҳо аз чумлаи ҳамин навъ дастнависҳои ганҷинаи мазкур мебошанд. Онҳо дар ин махзани китоб таҳти рақамҳои 555/8, 1946, 2378/1, 867/6, 867/2, 867/1, 977, 1181, 474, 2729, 1415/5, 2257/1, 1607, 416/1, 227/4, 1283/1, 1300/2, 66, 1960/8, 1961/12, 1247, 1959/2 нигоҳдорӣ мешаванд.
Амрияздон Алимардонов дар мақолаи дигараш бо унвони «Нусхаҳои дастнависи «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон ва хусусиятҳои онҳо», аввалан мухтасар дар бораи Низомии Ганҷавӣ ва мавқеи ӯ дар адабиёти форсу тоҷик маълумот дода, чунин навиштааст, ки Хамса»-и ӯ ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш мавриди таваҷҷуҳи аҳли адаб қарор гирифта, шуҳрати босазо касб менамояд ва равиши минбаъдаи маснависароиро дар адабиёти форсу тоҷик ва як қатор халқҳои дигари Шарқи наздик муайян мекунад. Аз ин ҷост, ки аз асри ХIII сар карда то асри ХХ дар тамоми давраҳо дар пайравӣ, татаббуъ ва ҷавоби «Хамса»-и Низомию достонҳои ҷудогонаи он ба баъзе забонҳои дигари Шарқ маснавиҳои саршуморе офарида шудаанд.
А. Алимардонов муайян намуданд, ки аз нусхаҳои дастнависи сершумор дар китобхонаҳои мамлакати мо фароҳам овардашудаи «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва маснавиҳои ҷудогонаи он 32 тоашон ба Ганҷинаи дастнависҳои шарқи АФ РСС Тоҷикистон ба номи А.М. Мирзоев тааллуқ дорад.
Дастнависҳои осори Низомии захираи мазкур, ки дар асрҳои ХVI -ибтидои асри ХХ дар мавзеъҳои мухталиф китобат шудаанд, дорои хусусиятҳои гуногун буда, асосан ба се қисм: нусхаҳои хаттии пурраи «Хамса», нусхаҳои хатти достонҳои ҷудогонаи он ва нусхаҳои хаттии «хулосаи «Хамса» тақсим мешавад. Аз 32 нусхаи дастнависи осори Низомии ганҷинаи мо 9-тоашонро дастнависҳои пурраи «Хамса» 19-тоашонро дастнависҳои маснавиҳои алоҳидаи он ва 4-тоашонро дастнависҳои «хулоса»-и «Хамса» ташкил медиҳанд. Нусхаҳои дастнависи пурраи «Хамса», ки матни ҳамаи маснавиҳои он « Махзан-ул-асрор», « Хусрав ва Ширин», «Лайли ва Маҷнун», « Ҳафт пайкар» ва «Искандарнома»-ро дар бар мегиранд, дар таҳти рақамҳои 549, 756, 1103, 1414, 1974 ва 2645 нигоҳ дошта мешаванд. Аз миёни ин дастнависҳои пурраи «Хамса» китобати дутоашон (ин 6.№756, 1414) ба асри ХVI, чортоашон (ин6.№549,1103,1974,2645) ба асри ХVI таалуқ дорад. Дастнависҳои таҳти рақамҳои 1776, 489,918, ки онҳо чаҳор маснавии «Хамса»-ро бидуни «Лайлӣ ва Маҷнун» дар нусхаи аввал, «Искандарнома» ва «Махзан-ул-асрор» дар ду нусхаи минбаъдаи дар бар мегиранд, дар асрҳои ХVI ва ХVIII китобат карда шудаанд.
Муҳақиқ дар байни дастнависҳои пурраи «Хамса»-и захираи зикршуда мукаммалтарин, саҳеҳтарин ва зеботаринашон нусхаи таҳти рақами 756-ро интихоб намудааст. Муқоисаи сатҳии матни ин нусхаи бо матнҳои илмӣ- интиқодӣ ва тасҳеҳшудаи дар Теҳрон (бо саъйи Ваҳид Дастгардӣ) ва Боку мунташиргардидаи маснавиҳои «Хамса»-и Низоми Ганҷавӣ, ки онҳо асосан дар заминаи нусхаҳои дастнависи нисбатан боэътимоду қадимтар тайёр карда шудаанд, ба таври возеҳ аҳамият ва қимати ин нусхаро ошкор месозад. Зеро матни нусхаи дастнависи мазкур аз бисьёр ҷиҳат бо матни нусхаҳои қадимии мавриди таҳияи матнҳои илмӣ-интиқодӣ ва санҷидашуда қарор дода шуда мувофиқат менамояд ва баъзан вариантҳои беҳтару саҳеҳтар боэътимодтар ва ба нусхаи аслӣ наздиктари калимаҳо, ибораҳо ё байтҳои ҷудогонаро дар бар гирифта, ҳатто дар мавридҳои ҷудогона барои барқарор намудани байтҳои алоҳидаи дар ин нашрҳо сабтнагардида имконият медиҳад.
Муаллифи мақола барои исботи фикри худ чанд байти дастхати «Хамса»-ро бо нусхаҳои дар мамолики дигар батабъорасида муқоиса намуда, бартарияти нусхаи рақами 756-ро исбот намудааст.
Албатта, менависад А. Алимардонов, – нусхаи дастнависи зикршудаи захираи мо аз камбудии нуқсонҳо холӣ нест. Вале худи ҳамин чанд далели оддии дар боло оварда шуда ба он шаҳодат медиҳанд, ки нусхаи мазкур нусхаи пурарзиш маҳсуб аст. А. Алимардонов дар мақолаи зикргардида таъкид намуданд, ки аҳамият ва қимати ин нусхаи дастнависи «Хамса»-ро ба эътибор гирифта, як гурӯҳ кормандони Институти шарқшиносии Тоҷикистон дар асоси истифодаи он ва матнҳои илмӣ-интиқодию тасҳеҳшудаи дар Эрон Боку мунташтршудаи маснавиҳои Низомӣ ва муқобилаи онҳо матни илмӣ-омавии «Хамса» -ро бо ҳуруфоти кунунии тоҷикӣ ба чоп ҳозир сохтанд. Ин кор ба қарибӣ нашр хоҳад шуд ва умедворем, ки ба оммаи васеи хонандагон ва аҳли таҳқиқ писанд ояд.
Муҳақиқ дар бораи ду нусхаи қалмаии дигари «Хамса» таҳти рақамҳои 1414 ва 1776 мавҷудбуда маълумот дода, қайд мекунад ки ин ду нусха дар асри ХVI китобат шудаанд, аммо мутаасифона номукаммал ва ноқис мебошанд. Аз ҷумла дар нусхаи таҳти рақами 1414 (китобаташ соли 1000ҳ/1521-22м.) ба ғайр аз «Махзан-ул-асрор» Дар нусхаи таҳти рақами 1776 (китобатии 994х./1586м.) бошад , 4 маснавии «Хамса» мавҷуд буда тартиби ҷойгир кардани маснавиҳо ҳангоми ҷузбанди вайрон карда шудааст. Бар замми ин оғози маснавии «Ҳафт пайкар» ва «Махзан-ул-асрор» сабт нагардидаанд. Қатъи назар аз ин навъ норасоиҳо ин дастнависҳо матни пурраи аксари маснавиҳои «Хамса»-ро фаро гирифтаанд, муҳақиқин кӯшидаанд, ки матни нисбатан мукаммалтари «Хамса»-ро таҳия ва пешкаши хонандагони тоҷик гардонанд. Боиси таасуф аст, ки ҳамин матни таҳияшуда дар солҳои баъдӣ аз ҷониби муҳақиқини дигар бидуни такмилу тадвини нав бо номи худ бознашр намудаанд ва хизмати бузурги олимони барҷастаи пешинро нодида гирифта моли онҳоро тасарруф кардаанд.
Баъдан муҳаққиқ дар мақолааш зикр крдааст, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон ба ғайр аз нусхаҳои дастнависи «Хамса»-и Низомӣ боз як қатор нусхаҳои қаламии дастнависҳои ҷудогонаи он, аз ҷумла 4 нусхаи «Махзан-ул-асрор» (.№13,/I, 1525/I, 2224/ХХN), 5 нусхаи «Хусрав ва Ширин» (№349,753, 805, 908, 2224/ ХVII), 4 нусхаи «Лайлӣ ва Маҷнун» (№111, 1065/II, 1975/I, 2224/ХХIХ), 3нусхаи «Ҳафт пайкар» №573 /IV,1158/I, 1975) ва 3 нусхаи «Искандарнома» (№6, 640, 2224/ХV) нигоҳ дошта мешаванд. Қадимтарин нусхаи хаттии ин маснавиҳо дастнависҳои «Ҳафт пайкар», зери рақамҳои 573/IV, 1158/I ва «Искандарнома» зери рақами 1975/I маҳфуз буда дар асри ХVII китобат карда шудаанд. Аммо аз ин нусхаҳои нисбатан қадима танҳо дастнависи таҳти рақами 1158/I «Ҳафти пайкар» пурра ва бенуқсон буда, нусхаҳои таҳти рақамҳои 573/IV ва 640-и «Ҳафт пайкар» ва «Искандарнома» номукамал ва ноқис мебошанд.
Китобати дигар нусхаҳои дастнависи дар боло зикршудаи достонҳои «Хамса» бошад, қайд намудааст А. Алимардонов, дар асрҳои ХVIII, ХIХ ва ибтидои асри ХIХ анҷом ёфтааст. Сарфи назар аз таърихи китобат ва ҷой доштани баъзе норасоиҳои ҷузъӣ аз миёни нусхаҳо дастнависҳои таҳти рақамҳои 13, 805/I, 1525/I; 349, 805/II, 753,908; 1065/II ва 6 пурра буда, матни нисбатан мукаммалу саҳеҳи маснавиҳои «Махзан-ул-асрор», «Хусрав ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Искандарнома»-ро дар бар мегиранд. Нусхаҳои дастнависи боқимондаи маснавиҳои «Хамса» (таҳти рақамҳои 111, 1975/I, 573/IV, 1975/ II,640) ноқис, номукамал ва нуқсондор мебошад. Дар нусхаи таҳти рақами 2224 бошад аз достонҳои «Хамса» ба ғайр аз «Ҳафт пайкар» порчаҳои ҷудогона ба тариқи мунтахаб оварда мешаванд.
А. Алимардонов қисми сеюми нусхаҳои қаламии дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ мавҷудбудаи «Хамса»-и Низомиро, «Хулосат-ул-Хамса»-и ӯ ҳисоб мекунад. Дар мақолааш қайд мекунад, ки шумораи онҳо дар ганҷинаи мо чаҳорто мебошад (таҳти рақамҳои 128, 384 /II, 1791/ I, 2664). Китобати сетои онҳо ба асри ХVI ва яктоашон (№384/II) ба асри XIX тааллуқ дорад. Ҳеҷ кадоми ин нусхаҳо аз норасоиҳо ва нусхаҳо озод нест. Дастнависи таҳти рақами 2664, ки бо настаълики хеле зебо навишта шуда, дорои ҷадвали ранга унвони хеле нозук мебошад, аз китобхонаи шахсии шоири соҳибзавқи советии тоҷик Ҳ. Юсуфӣ будааст.
Албатта, чунон ки аз унвони он «Хулосат-ул-Хамса» ҳам маълум мегардад, ин асар на ҳамаи достонҳои «Хамса»-и Низомиро ба таври пурра, балки танҳо порчаҳои ахлоқии маснавиҳои ӯро дар бар мегирад, ки шахси номаълуме порчаҳои ҷудогонаи маснавиҳои «Хамса»-ро гирифта, ба сифати як маҷмӯаи мустақил мураттаб сохтааст. Аз баски се дастнависи маҷмӯаи мазкури захираи мо дар асри XVI бешубҳа аз рӯйи нусхаҳои қадимтар китобат карда шудаанд, бинобар ин аз эҳтимол дур нест дар онҳо вариантҳои нисбатан қадимтару саҳеҳтари ин порчаҳои маснавиҳои «Хамса» нигоҳ дошта шуда бошанд.
А. Алимарднов дар ибтидои мақолаи илмияш дар мавзӯи «Нусхаҳои хаттии осори Муҳаммади Ғаззолӣ дар ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва хусусиятҳои онҳо» дар бораи Имом Зайнуддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад Ғаззолии Тӯсӣ (450-505ҳ/1058-1111м) аз ҷумлаи тавонотарину бузургтарин донишмандону мутафаккирони шӯҳратманди асрҳои миёнаи форсу тоҷик маълумот дода навиштааст, ки Муҳаммад Ғаззолӣ бо осори сершумору пурмӯҳтавои илмии худ доир ба баён ва ҳаллу фасли масоили ҳассосу муҳимми эътиқоду усули дин, фиқҳу калом, шариату мунозира, мантиқу фалсафа, ҳадису тафсир ва ирфони назариву амалӣ дар таърихи тамаддуниу фарҳанги исломӣ мақоми ниҳоят баланду ба худ шоистаро ишғол намуда буд.
Аз рӯйи маълумоти А. Алимардонов дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А. М. Мирзоеви Академияи илмҳои Тоҷикистон 20 нусхаи дастнависи осори Имом Ғаззолӣ нигоҳдорӣ мешавад. Аз инҳо 10-тояшон нусхаҳои хаттии “Кимиёи саодат”, сетояшон нусхаҳои хаттии “Эҳёу улум-уд-дин”, панҷтояшон нусхаҳои хаттии “Анвори ҳикмат” ва дутояшон нусхаҳои хаттии “Дақоиқ-ул-ахбор” ва “Анвори Ғиёсӣ” ном асарҳои Имом Ғаззолӣ ва асарҳои бо номи ӯ сохташуда мавҷуд мебошад. Назар ба тадқикоти А. Алимардонов аз ҳама бештар (10нусха) дастнависҳои “Кимёи саодат” ҷой дорад. Сабаби асосии таваҷҷӯҳи зиёд ба “Кимёи саодат” пеш аз ҳама ба забони роиҷу мафҳуми мардуми Осиёи Марказӣ-форсӣ таълиф ёфтан ва ба шакли хеле мухтасару мафҳум таҷассум намудани масоили гуногуни динӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ илмӣ ва ҳакимӣ мебошад. Бесабаб нест, ки донишмандон онро чун доират-ул-маорифи исломию ирфонӣ шумурдаанд. Муҳақиқ аз миёни дастнависҳои “Кимёи саодат”-и ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ аз ҳама қадимтаринаш нусхаи таҳти рақами 1007 бударо меҳисобад, ки он мутобиқи маълумоти дар хотимаи нусхаи дарҷгардида, дар соли 615ҳ/ 1218м дар Лоҳури Покистон аз ҷониби Муҳаммад ибни Абулқосими Ат-тусӣ китобат шудааст. Нусха дар коғази ҳиндӣ бо хатти насх истинсох гардида, дар тарзи навишти иддае аз ҳуруфу калимот дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Дар нусха баъзе норасоиҳо аз қабили таъсири рутубату хароб гардидани матни баъзе сатрҳо, барқарор кардани матни баъзе варақаҳои аввалу охири нусха ба назар мерасад. Ҳаҷми нусха 19х 25 см. буда, 383 варақаро дар бар мегирад. Бо вуҷуди ҷой доштани баъзе нуқсонҳо ин нусха қадимтарин нусхае то кунун маълуми “Кимёи саодат” буда, хеле хуб маҳфуз мондааст.
Сипас А. Алимардонов дар бораи нусхаҳои таҳти рақамҳои 515, 1931 ва 4238 “Кимёи саодат” маълумот дода навиштааст, ки бо вуҷуди бар асари сипарӣ гардидани солиёни зиёд, дар онҳо роҳ ёфтани баъзе нуқсонҳо аз қабили таъсири рутубату пахш гардидани сиёҳӣ, пайдо шудани доғҳо ва инчунин хӯрдани мӯриёна аз ҷумла дар дастнависҳои нисбатан қадима (китобаташон солҳои 895ҳ/ 1490м., 895-897ҳ/ 1490-1492м., 845ҳ/1491-1492м) ин осори пурқимат ҳисоб меёбанд. Бар замми ин ҳар яки онҳо бо хати зебо (насху настаълиқ) китобат гардида, бо анвои тазйинот монанди ҷадвалкашӣ, бо ҷӯша навиштани сарлавҳаҳои бобҳо, дар оғози нусха овардани тамом тасвири олӣ (нусхаи 1931) ва дар ибтидои рукнҳои асар овардани унвонҳои рангину музаҳҳаби моҳирона кашидашуда (нусхаҳои 1931 ва 4238) ороиш дода шудаанд. Нусхаи таҳти рақами 1931 дар Ҳинд китобат ва музайян сохта шудааст. Матнҳои ҳарсеи ин дастнависҳо, асосан, мукаммал мебошад ва ҳангоми таҳияи матни саҳеҳи танқидии “Кимёи саодат”барои тасҳеҳи матн истифода бурдани онҳо мувофиқи матлаб хоҳад буд.
Китобати нусхаҳои хаттии таҳти рақами 2660, 4329, 386 “Кимёи саода”-и ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ ба қарни XVII (китобаташон солҳои 1080ҳ/1669-1670м., 1092ҳ/ 1681м., 1100ҳ/ 1689м) ва истинсохи нусхаи таҳти рақами 2680 ба қарни XVIII тааллуқ дошта, мавзеи китобаташон Мовароуннаҳу Ҳиндустон будааст. Нусхаи таҳти рақами 2660 ҳаҷман хеле хурд(8х 11, 5см) буда тамоми матни китобро дар бар мегирад. Нусха музайян буда, дар оози китобҳои асар чаҳор унвони рангину
музаҳҳаб ҷой дорад. Дигар қисматҳои нусха ҳам ороиш дода шудаанд. Се нусхаи дигари зикрёфта ҳам матни мукаммали “Кимёи саодат”-ро дар бар мегирад ва ҳар кадомашон ба услубу тарзи ба худ хос ороиш ёфтаанд. Аз миёни онҳо дастнависи таҳти рақами 368 беҳтару бештар зинат дода шудааст. Дар оғози худи асар ва ҳамаи бахшҳои дохили он унвонҳо зебои муноққошу музаҳаб бо сабки кашмирӣ кашида шудаанд. Ҳошияҳои варақҳои 1-2 нусха ҳам ба нақши растаниҳо зинат дода мешаванд.
Хамчунон муҳақиқ қайд мекунад, ки дар ганҷинаи дастнависҳо таҳти рақами 1001 тарҷумаи узбекии “Кимиёи саодат”-и Имом Ғаззолӣ мавҷуд аст, ки он бо супориши ҳокими Хутан-Азизшоҳбек аз ҷониби Муҳаммад Исо ном шахс анҷом дода шудааст. Нусха бо вуҷуди баъзе норасоиҳо аз қабили
хароб гардидани сатрҳои ҷудогонаи матни он, асосан, мукаммал дорои 440 варақи 210х31 с.м. мебошад. Китобати нусха дар қарни XIX дар Мовароуннаҳр сурат гирифтааст. Нусха бо хатҳи рангину тиллоӣ ҷадвалкашӣ шуда, унвонҳои бобҳо ва аломатҳо гуногун бо ҷӯша сабт гардидаанд.
Нусхаи хаттии асари дигари Имом Ғаззолӣ ба забони форсӣ ин дастнависи “Насоиҳу-л-мулук”-и ӯ мебошад, ки он таҳти рақами 1305 маҳфуз буда, масъалаи ҳакимати амалӣ-яъне усули давлатдорӣ ва идоракунии давлатро инъикос менамояд. Дар ин асар, ки ба ҳукумрони Салчуқ Муҳаммад бинни Маликшоҳ (498-511х /1105-1118м) бахшида шудааст, 10 боб,10 мисоли мувофиқ, 81 ҳикоят, 67 сухани ҳикматнок ва 15 порчаи назм ҷой дорад. Китобати нусхаи соли 1101ҳ/1689-90м. ва 1010х./1601-1602м зикр ёфтааст. Адади авроқи дастнавис 133 вар. (12 х 21 см.) мебошад.
Муаллифи мақола дар бораи се нусхаи хаттии муҳимтарину мукаммалтарини шоҳасари Ғазолӣ “Эҳёу улум-уд-дин”, ки таҳти рақамҳои 2144, 3912 ва 770 нигоҳдорӣ карда мешавад, маълумот дода, қайд мекунад, ки комилтарину қадимтарини ин нусхаҳо дастнависи таҳти рақами 2144 буда он шомили тамоми матни аслӣ-арабӣ (910 вар.) буда, дар қарнҳои IX-XV-и ҳиҷрӣ китобат гардидааст. Нусхаи таҳти рақами 3912 фақат бахши сеюми китоби бузурги мазкури Ғаззолӣ, яъне бахши
“Муҳлиқот”-и онро фаро мегирад, ки дорои даҳ китоб буда, соли 1076ҳ/1665-1666м дар 182 варақ бо хати насх китобат гардидааст.
Дастнависи таҳти рақами 770 бошад, шомили тарҷумаи форсии бахши “Рубъи мунҷиёт”-и “Эҳёу улум-уд-дин” бонувони “Анвори ғиёсӣ ва асрори Илоҳӣ” (дар 337 варақи 21х35см.) мебошад, ки онро Абдулмаҳмуд ибни Алкофӣ машҳур ба Носири Ҳиравӣ дар солҳои 625-627ҳ/ 1227-1230м анҷом додааст. Ин қисмати асари Ғаззолӣ аз даҳ китоб (ёдафтар) иборат буда, тасвири масоили ирфонии ба
соликони роҳи ҳақиқат марбутро фаро мегирад. Китоби ин нусха Сайид Муҳаммад Носир бинни Убайдуллоҳҳоҷа буда, истинсохи онро дар соли 1255ҳ/-1840 дар ҳаҷми 337 21х35см. Ба поён расонидааст. Тибқи маълумоти котиби нусха ӯ ин дастнависро дар заминаи нусхаи аслӣ барои бародараш Сайид Абдураҳмонхоҷа бо камоли масъулият
истинсох намудааст.
Илова бар дастнависҳои дар фавқ муаррифӣ шуда, (қайд мекунад А. Алимардонов дар мақолааш) ки онҳо нусхаҳои бевоситаи асарҳои Имом Ғаззолӣ мебошанд, дар ганҷинаи дастнависҳои мо боз якчанд асарҳои мухтасаре (ҳамагӣ якчанд варақӣ) зери рақамҳои 2603/3,2875/8, 1022/4, 4207/7, 4854/4 бо унвони “Анвори ҳикмат” нигоҳ дошта мешавад. Онҳо дар асрҳои XVI-XIX китобат гардида, мавзӯъҳои панду ахлоқиро дар бар мегиранд. Ба назар чунин менамояд, ки онҳо порчаҳо ё қисматҳои ҷудогонаи аз
китобҳои Имом Ғаззолӣ интихоб кардашуда бошанд.
Ба ғайр аз ҳамаи дастнависҳои дар боло зикргардида, муҳақиқ дар бораи дастнависи рақами 5266 бо номи “Дақоиқ-ул-ахбор” маълумот медиҳад, ки унвони он дар миёни номгӯи асарҳои Имом Ғаззолӣ ба назар намерасад. Ин нусха арабӣ буда,
тарҷумаи таҳтулафзии он дар байни сатрҳо оварда мешавад. Китобати нусха дар соли 1302/1884-1885м аз ҷониби Ғулом Мулло Муҳаммаднур ибни Муҳаммад Шакур дар заминаи чопи китоб дар ҳаҷми 110 варақ анҷом дода шудааст.
Дар охирсухан ҳаминро бояд зикр намуд, ки А. Алимардонов ба дастхат мисли як тифл муносибат дошт ва ҳатто вақте, ки дастнависҳои ин ганҷина иштибоҳатан бо айби чанд нафаре нусхабардорӣ шуда аз ганҷина берун бурда шуданд, оби дидааш рехта буд. То охири умраш дар ҳамин ганҷина кору фаъолият намуд. Муҳаббати устод ба нусахи хаттӣ беинтиҳо буд. Рӯҳи устоди зиндаёд гиромӣ бод.
Сайидхоҷа Ализода
[1] Ниг.: Каталог Восточныъх рукописей АН Таджикской ССР,- Душанбе, 1970.-Т.4; Алимардонов А. Нусхаи каламии «Таърихи Њумоюни Гулшанї» // Мероси ниёгон.- Душанбе,1995.- №2,- С. 16-20.
[2] Каталог восточных рукописей АН Таджикской ССР.- Сталинабад-1960,- Т.1.-С. 132-133, 137-139.
15 Каталог восточных рукописей АН Таджикской ССР.- Сталинабад-1960,- Т.1.-С. 132-133, 137-139