(Дар ҳошияи китоби “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ”. муаллиф Олимҷон Хоҷамуродов. Душанбе – 2003. 233саҳ.)
Тадқиқи насри бадеӣ фарогири масъалаҳои мубрамест, ки дидгоҳи вижа, афкори саҳеҳу сареҳ, дониши қавӣ, таҳлили амиқу доманадорро бар мабнои бурҳони қотеъ тақозо менамояд ва хулосаю натиҷагириҳо дархури суханҳои сарбастаи илми адабиётшиносӣ мегарданд. Гузашта аз ин афкори рангине, ки дар раванди таҳқиқ дастрас мегардад, солиёни зиёд ва ҳатто қарнҳо дар хидмати пажӯҳишгарони соҳа қарор мегиранд, ҳамчун сарчашмаи муҳимми илмӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ аз таҳқиқоти мамлу аз гавҳари маонӣ.
Дар ростои арзи матлаби фавқ, ба гунаи намуна метавон тадқиқоти гаронарзиши доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов бо унвони “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” – ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дастгоҳи маърифати донишманди мутҳарам мазмунеро перомуни масоили насри зеҳнгароии форсӣ дар ихтиёри аҳли завқ вомегузорад, ки саршор аз ақоиди нобу фикри тару тозаанд.
Воқеан, бояд тазаккур дод, ки китоби мавриди назар ҳанӯз соли 2003 интишор шудааст ва то имрӯз наздик ба муҳтавои арзишманди он маводи дигаре рӯйи чоп наомадааст. Бо дарназардошти сарчашмаи муҳим будани тадқиқоти мазкур оид ба насри зеҳнгарои форсии Эрон ва дар мабнои ҳикмати бузургони санъати сухангустарӣ, ки таъбир кардаанд: нола зи дил, доғ аз сина бархеставу сиришт аз дида мечакад, яъне дар таҳқиқ низ шарти меҳварӣ дидгоҳи тоза ва дақиқ бояд аз афкор бархезад, то ки хонанда ба истиқлоли андешаи муҳаққиқ эътимод пайдо кунад. Ба истилоҳ тадқиқот бояд паём дошта бошад, мисли дигар осори баргузида. Ва тадқиқоти устоди арҷманд Олимҷон Хоҷамуродов “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ”, ки аз қаламашон ранги маонӣ мечакад аз шумори ҳамин гуна пажӯҳишҳои гаронмояанд.
Дар муқаддимаи рисола муаллиф зарурат ва мубрам будани тадқиқотро возеҳу равшан баён менамояд. Пайдоиш ва интишори новеллаҳои равонӣ – зеҳнгарои форсӣ, новеллаҳои равонии Содиқи Ҳидоят – нахустин падидаҳои насри зеҳнгаро дар адабиёти муосири Эрон, новеллаҳои Бузурги Алавӣ – марҳилаи такомули насри равонии форсӣ, “Буфи кӯр” – и Содиқ Ҳидоят ва масъалаҳои рушди насри зеҳгарои форсӣ, “Буфи кӯр” – нахустин қиссаи зеҳнгарои форсӣ, гурез аз воқеият дар насри зеҳнгаро, устурапардозӣ – як шакли гурез аз воқеият, Тақии Мударрисӣ ва қиссааш “Якулиё ва танҳоии ӯ”, Баҳром Содиқӣ ва қиссаи “Малакут” – аш, “Ҷараёни Сайёли зеҳн”- шакли такомули насри зеҳгаро, Ҳушанги Гулшерӣ ва “Шоздаи Эҳтиҷоб” – и у (Шозда – мухаффафи шоҳзода) фарогири қисми 1 – боби аввал, боби дувум; қисми 2 – боби сеюм, боби чорум буда, хулоса, шарҳи истилоҳоту вожаҳо ва китобнома рисоларо ҳусни ифодату маънӣ бахшидаанд.
Муқаддимаи рисола ба раванди омӯзиш ва таҳқиқи гароиши ҷомеаи Эронӣ, ба вижа ҷавонон ба насри бадеӣ, ниёз ба асари нақдӣ, ки шарҳи жанрҳои адабии типи аврупоиро дар миён гузорад, нахустин тадқиқоти монографӣ роҷеъ ба насри муосири форсӣ дар Эрон ва дар маҷмуъ таномули насри зеҳнгарои форсӣ дар зарфи чиҳил сол (аз солҳои сиюм то аввали солҳои ҳафтодуми қарни ХХ) ва хусусиятҳои умдаи он бахшида шуда, дидгоҳи ҷадиду илмии муаллиф перомуни масоили фавқ арзёбӣ мешавад.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро мо акнун баъд бисту се соли интишори рисолаи мавриди назар, бо вуҷуди он ки дар бораи он донишмандони муҳтарами кишвар назари мусбати худро ироа кардаанд, даст задем.
Баррасӣ ва ё омӯзиши новеллаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои олам, хосса Федератсияи Россия, ки тайи солҳои охир дар технологияи таълиму тарбия, ба истилоҳ технологияи педагогӣ муваффақиятҳои назаррасро ноил шудаанд, ба ҳукми қатъӣ даромада, дар асоси далелҳои шоеи илмӣ муҳққиқин ба натиҷа расидаанд, ки новелла ҳамчун жанри хурди адабӣ, дар мусовӣ ба аҳамияти муҳим доштанаш дар адабиёт, дуруст таълим додани он дар муассисаи таълимии миёна аз нуктаи назари таҳсилот рушди тафаккури интиқодӣ низ хело муфид буда, ҳамчун як унсури дарки асосҳои тарбияву таълими комил маҳсуб мешавад. Ба таъбири дигар кутоҳии сужаи новелла, ки аз дидгоҳи мазмун олист (панду андарз) дар симо ва шахсияти нависанда таҷаллӣ мегардад. Тибқи тақозои замони муосир (ҳар давру замон бо дарназардошти зуҳури ҳавосид - воқеаву таҳавуллот дар ҷомеа наслеро бо дигоҳи вижа тавлид мекунад) тавсия додаанд, ки таълими новеллаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар зинаҳои гуногун васеъ ба роҳ монда шавад. Шарҳи бештари матлаб аз доираи баҳси инҷониб хориҷ аст.
Аз ин лиҳоз, таҳлили дигарбораи рисолаи “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” ба суоли дар миёнгузошта посухи аниқ дода метавонад, зеро ҷанбаҳои муҳими насри зеҳнгаро дар он аз ҷониби муаллиф бо хулосаҳои саҳеҳу қобили дарк таҳқиқ шудаанд ва ҷойи тардид нест, ки андешаҳои қобили қабули муҳаққиқи дақиқназар паҳлуҳои норавшани масъалаи мазбурро мувофиқи табъи соҳибназарон рушан намуда, мавриди баҳрабардории масъулини соҳаи таҳсилот қарор мегиранд.
Қисми аввали китоб бо унвони “Пайдоиш ва инкишофи новеллаҳои равонӣ – зеҳнгарои форсӣ” ду боб - “Новеллаҳои равонии Содиқи Ҳидоят – нахустин падидаҳои насри зеҳнгаро дар адабиёти муосири Эрон” (масъалаҳои жанр ва сохтор) ва “Новеллаҳои Бузурги Алавӣ – марҳилаи такомули насри равонии форсӣ” (поэтикаи сохтор) – ро бо таҳлилҳои пурсареҳ фаро мегирад.
Фалсафаи нигориши муаллиф дар бахши аввали рисола дар баёни матлаби зер нуҳуфтааст, ки фармудаанд.
“Насли нависандагони солҳои 30-юм, қабл аз ҳама Содиқи Ҳидоят ва пайравони ӯ, бо диди нав ва таҷрибаву иҳотаи кофӣ аз ғановати адабиёти ватанӣ ва ҷаҳонӣ по ба арсаи достонависӣ гузоштаанд.... Дар паҳлӯи насри воқеъгарою танзомез ва интиқодие, ки аз даврони адабиёти равшангароӣ ва машрутахоҳӣ сарчашма гирифта буд, ҳамчунин насри равонию зеҳнии романтикиву ғайривоқеие, ки зодаи гурез аз воқеият ва ковиш дар ҷаҳони ботинии инсон ва хештаншиносист, ба вуҷуд меояд” (саҳ.15-16).
Муҳаққиқ поёни тадқиқи асрори зуҳури насри равонию зеҳнӣ дар адабиёти Эрони солҳои 30 – 40 – уми асри мозӣ ба тавзеҳи мукаммали матлаби болозикр пардохта, боби аввали қисми якуми рисоларо бо унвони “Новеллаҳои равонии Содиқи Ҳидоят – нахустин падидаҳои насри зеҳнгаро дар адабиёти муосири Эрон (масъалаҳои жанр ва сохтор)” оғоз бахшид, таъйид менамоянд, ки Содиқи Ҳидоят бо дидгоҳи хосу сабку равиши эҷодии нав дар насри форсии адабиёти муосири Эрон ворид шуда, чунин тозакориҳо ҳам дар шакл ва низ тарҳи мавзуъ падидаи навин дар насри бадеии форсӣ аз шумор меоянд.
Таҳлили насри зеҳнгароӣ, ки дар адабиёти ҷаҳон падидаи тоза арзёбӣ шудааст, таҳқиқи зеҳнияти қаҳрамони бадеӣ кори заҳматталаб буда, мавриди таъкид ин нукта ҳам ҳаст, ки насри зеҳнгароӣ як усули дигари баёни воқеии ҳаёти инсонҳост, дар ростои ҳақиқати зиндагӣ. Аз ҳамин нигоҳ, муҳаққиқ фармудаанд. “Дар маркази диди нависанда инсон бо тамоми дардҳову ранҷҳо ва орзуву омолаш қарор мегирад, ки дар тасвири чунин инсон Содиқи Ҳидоят бо дарназардошти муҳити иҷтимоии қаҳрамонон ба бозофаринии ҷаҳони ботину характер мепардозад” (саҳ. 17).
Муҷиби муваффақ шудани нависандаро муаллифи рисолаи мавриди таваҷҷуҳ пеш аз ҳама дар он ба мушоҳида гирифтаанд, ки ӯ дар раванди эҷоди қиссаву новеллаҳои иҷтимоӣ, ҳаҷвӣ, тамсилӣ, лирикӣ ҳамзамон як баст новеллаҳои психологӣ - “Зинда ба гӯр”, “Се қатра хун”, “Арусаки пушти парда” ва амсоли инро интишор намуд ва ин новеллаҳо шакли комили новеллаи равонии форсиро ташкил медоданд. Ва ба ин ақида муътақиданд, новеллаи психологии форсӣ дар солҳои 30 – 40 – уми асри ХХ ташкил ёфтааст. Дар ин замина афкори эроншиноси гурҷӣ хонум М.Ш. Буржандазеро муаллифи рисола роҷеъ ба ташаккули новеллаи равонии форсӣ дар нимаи дуюми асри ХХ рад карда, инкишофу анҷоми рушди ин навъи жанрро мансуб ба солҳои 30 – 40 – уми қарни ХХ медонанд, бар асоси новеллаҳои Содиқи Ҳидоят ва Бузурги Алавӣ.
Дар қисми мазбур новеллаҳои равонии Содиқи Ҳидоят аз дидгоҳи сабки нигориш, аз қавли донишманди нуктадон, таҳлил гардида, дар заминаи баррасиҳои пурмуҳтавою шигарфи “Буфи кӯр”, “Зинда ба гӯр”, “Се қатра хун” ва ғайра ба хулосаҳои илмии дақиқу саҳеҳ мерасанд, ки поёнтар танзим хоҳанд шуд.
Боби дуюми китоби “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” – “Новеллаҳои Бузурги Алавӣ – марҳилаи такомули насри равонии форсӣ (поэтикаи сохтор)” номгузорӣ шуда, саҳми нависандаи маъруф Бузурги Алавӣ дар рушду такомули достоннависии навини форсӣ мусовӣ бо Содиқи Ҳидоят, хосса дар новеллаҳои равонӣ таъкид гардида, назари иҷмолии эроншиносони ҷаҳонию адабиётшиносони эронӣ – Т. О. Мовсесян, Н. А. Ализода, Абдулалии Дастғайб, А. А. Шоётов, Д. С. Комиссаров ва Ҳ. Обидинӣ оид ба шарҳи ҳолу осори ин нависандаи шаҳир манзур шудааст.
Ва ниҳоят баъд аз баррасии гуфтаҳои муҳаққиқин муаллифи рисолаи мавриди таваҷҷуҳ, роҷеъ ба арзишҳои адабии новеллаҳои “Чамадон”, “Сарбози сурбӣ”, “Қурбонӣ”, “Марде, ки полтуи ишқ танаш буд”, “Таърихчаи утоқи ман”, маҷмуаи “Номмаҳо” ва “Гиламард” афкори дақиқназаронаи хешро баъди таҷзия аз мазмуни ин нигоштаҳо бадар оварда, пешкаши хонанда мегардонад.
Зикри ин нукта дархури матлаб аст, ки муҳаққиқи тавоно бо баҳрагирӣ аз мафоҳими осори Бузурги Алавӣ хулосаи зайлро пешкаш менамояд.
“Тавре ки аз ин баррасии мухтасари новеллаҳои Бузурги Алавӣ бармеояд, агар Содиқ Ҳидоят шеваи таҳлили равонӣ ва насри зеҳниро поягузорӣ намуда таваҷҷуҳашро дар офариниши достонҳо бо матраҳ сохтани мавзуъҳои умумибашарӣ, пеш аз ҳама ба ботину авотифи зеҳнии қаҳрамононаш мабзул дошта бошад, Бузурги Алавӣ ин шеваи таҳлилу тарсимро дар эҷоди асарҳои реализми иҷтимоӣ ва баёни мавзуъҳои доғи рӯзи ҷомеаи кишвараш корбаст кардааст. Аз ин ҷост, ки ба нисбати Содиқи Ҳидоят, гуфтан мумкин аст, сад дар сад зеҳнгаро, ки ҳама чизро аз даричаи зеҳният мебинад, ба иртиботи тарҳи масоили иҷтимоӣ дар сабки Бузурги Алавӣ падидаҳои айнӣ ё ба истилоҳ бузургароиро мебинем, ки баъдан ин шеваи баён дар эҷодиёти Ҷалоли Оли Аҳмад ба авҷи камоли хеш расида, сабки эҷодии ӯро ташкил хоҳад дод. Бад-ин малҳуз Бузурги Алавӣ дар паҳлӯи Содиқи Ҳидоят дар ташаккули равнақи насри форсӣ, ба вижа таҳлили равонӣ саҳми арзанда гузоштааст. Барҳақ “Алавиро пас аз Ҳидоят бояд аз намояндагони забардасти мактаби ҷадид (дар достоннавии Эрон) донист” (саҳ. 49).
Бо ин ҳама гуфтаҳои болозикр ҳанӯз ҳам ғаномандии муҳтавои аввалияи рисола ошкор нагардид. Аз ин лиҳоз андешаҳои боқиро андар ташреҳи қисми мазбур ба вақти мувофиқ вомегузорем.
Чунон ки дар ибтидо ишора кардем, қисми дувуми рисолаи “Насри зеҳнгарои Эрон дар қарни ХХ” масоилеро фаро мегирад, ки ба василаи афкори пурвусъат, муаллиф дар хулоса натиҷаҳои муътамадро баён менамояд. Гузашта аз ин, тафсилоти хурдтарин ҷузъёт перомуни вижагиҳои насри зеҳнгарои форсии Эрон дар асри ХХ аз назари муҳаққиқ дур намонда, ҷиҳати тадқиқоти минбаъда роҷеъ ба вазъи насри зеҳнгарои форсии Эрон ва минтақаи форсизабон дар давраҳои баъдӣ заминаи густурдаи илмӣ, бо ин ибтикор гузоштаанд.
Муаллифи нуктадон повести “Буфи кӯр”-ро яке аз шоҳкориҳои насри бадеии форсии муосир эътироф карда, таъкиди хеле ҳам ҷолиб кардаанд, ки ин асар маҳсули мутолиоти амиқи Содиқи Ҳидоят аз фарҳангу ҳунари Шарқу Ғарб аст. Ва ҳамзамон ҷиҳати баррасии амиқи афкори хеш муҳаққиқ таъсирпазирии муаллифи “Буфи кӯр”-ро файласуфони навгарои аврупоӣ Франс Кафка (1883 – 1924), Райнер Мария Рилке (1875 – 1926) бо ифодаҳои пурмуҳтаво арзёбӣ карда, ҷойгоҳи бардошт аз мутафаккири машриқзамин – Умари Хайёмро дар осори Содиқи Ҳидоят махсус таъкид менамояд.
Дар боби сеюм оид ба жанри “Буфи кӯр”, композитсияю сужети асар, андешапардозӣ, рамзиёту образҳо, персонажҳои марказии қисса бо тааммуқ ва диди тозаи таҳқиқ афкори навин тарҳрезӣ мешавад, аз ҷумла, дар мавриди тааллуқияти жанри “Буфи кӯр” ақоиди мухталифи донишмандони эронию шуравии собиқ Ҷамоли Мирсодиқ, Ризо Бароҳанӣ, Эҳсони Табарӣ, Ҷалоли Оли Аҳмад, Тақии Мударрисӣ, Абдулалӣ Дастғайб, А. З. Розенфельд, Д.С Комиссаров, Т. Кешелава ва М. Ш. Буржанадзе таҳлил ёфта, хулосаи возеҳу саҳеҳи илмии муаллифи рисолаи “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” бо дарназардошти фикрҳои муҳаққиқин бо эътинои қавӣ ҷолиби дархури мазҳари ақидаи ноб аст: “.... ба таври қотеъ ва мушаххас ба жанре мансуб доштани ин шоҳкор (“ Буфи кӯр” дар назар аст – М. Ғ.) аз имкон берун аст, мунтаҳо ба ҳайси асари эпикӣ онро шартан қисса (повест) ё достони баланд номидан мумкин аст” (саҳ. 62).
Асари зеҳнӣ будани “Буфи кӯр” бо далелҳо исбот шуда, мулоҳизаҳои донишмандон – Озар Нафисӣ, Муҷтабо Минавӣ роҷеъ ба композитсияи асар баррасӣ гардида, комилтарин қисса дар насри форсии муосир эътироф шуданашро муаллифи рисола таъйид мекунад. Ҳамзамон сохтори қиссаи “Буфи кӯр” – ро муаллиф баъд аз вуруд ба мазмуни меҳварии асар хулоса кардаанд, ки он комилтарин асар дар насри форсии муосир аст, аз қавли воқифи асрори илми О. Хоҷамуродов.
Пайвандҳои маънавии асарро муҳаққиқ дар риштаи тасаввур барчида, асрори ниҳони мазмунро дар нақду тафсирҳои таваҷҷуҳбаррангез манзур менамояд. Чунин шоҳкориҳо дар шарҳи зермавзуъҳои Андешапардозӣ, Рамзиёт ва образҳо ба чашм мехуранд, ки хонанда ба умқи маҳорату салиқаи ҳунари нависандагии Содиқ Ҳидоят ба василаи нуктаҳои тавзеҳоти муҳаққиқ ворид мешавад.
Баъд аз ташреҳи муҳаққиқини “Буфи кӯр”- Абдулалӣ Дастғайб, Муҳаммадюсуфи Қутбӣ, Сируси Шамисо, Дорюши Шойгон донишманди комёб – муаллифи рисолаи “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” ҷойгоҳи “Буфи кӯр” – ро дар насри форсии муосир бори дигар таъкид намуда, ба ақидаи Дорюши Шойгон ҳамдаст мешавад: “...дар “Буфи кӯр” андешаи нестигароии ғарбӣ дар фазои сеҳромези олами мисоли эронӣ мустаҳил мешавад ва як таълифи муҳол сурати мумкин пайдо мекунад” (саҳ. 90).
Рамзиёт ва образҳо ҷавҳари мазмуни кулли асарро дар ҳамбастагӣ бо психикаи инсон муҷалло менамоянд. Муҳаққиқ дар пояи тафсилоти донишмандон перомуни рамзҳою образҳо муҳтавои асарро бо баёни авҷи андешаҳои хеш тафсир намуда, муваффақона шахсияти нависандаро бо истеъдоди бузургаш дар назари хонанда бозтоб менамояд ва тафсири сухани ровии достон, хатти сюжети қиссаро барои хонанда ҳамвор мекунад. Ва муҳимтар аз ҳама дидгоҳи психологии нависандаи маъруф Содиқи Ҳидоят бо овардани сухани ӯ, ки ҳикматест маъруф, тасреҳи мукаммал аст, дар кушодани мазмуни “Буфи кӯр”:
“Дар ин асар, шояд кӯрӣ ба маънои тавоноии дар худ нигаристан, тааммуқ ба ҷаҳони ботинии хеш бошад ва лузуме барои шинохти ғайри рӯзона, талаққӣ шавад, зеро дар саросари асар як фикр борҳо такрор мешаванд:
“Чашмамро, ки мебастам, дунёи ҳақиқии худам ба ман зоҳир мешуд”. (саҳ. 61).
“Чашмҳоямро бастам ва дунболаи хаёлоти худамро гирифтам” (с. 18), “пилкҳо чашмам, ки поин меомад, як дунёи маҳв ҷӯллӯам нақш мебаст, як дунёе, ки ҳамаашро худам эҷод карда будам” (с. 94) (саҳ. 122).
Муҳаққиқи заҳматписанд дар зермавзӯи “Персонажҳои асосии қисса” персонажҳоро ба ду гурӯҳ тақсим карда, ба чеҳраҳои қолабӣ, занона, “ман” – и ровӣ ва амсоли ин ақоиди бикри хешро дар анҷоми ин бахш бо далели возеҳ ва бурро матраҳ менамоянд, ки як навъ шарҳи психологии рисолаи “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” дар фуроварди боби сеюм буда, таҷзияи мазмунест, ки дар муқаддимаи пажуҳиши мазбур ишора шудааст (саҳ. 14).
Муҳтавои фавқ фармудаи донишманди муҳтарам – муаллифи рисола аст, ки ғояи меҳварии асар (“Буфи кӯр”) дар образи ровӣ таҷассум ёфта, қаҳрамони марказӣ образи синтетикист ва хатти сужети қисса ҷиҳати таҳлили равонии як фард (индивидуум) сурат мегирад (саҳ. 143).
Боби чаҳоруми тадқиқоти саршор аз андешаҳои ҷадиди муҳаққиқ баррасии илмии гурез аз воқеият дар насри зеҳнгаро бо дарназардошти авзои сиёсии замон, ривоҷгирии асотир ҳини эҷоди асар, устурапардозӣ ҳамчун шакли гурез аз ҳастии воқеиро бо ҷанбаҳои муҳиму мушаххас фаро гирифт, дар мавриди Баҳроми Содиқу қиссаи “Малакут”- и ӯ, Ҳушанги Гулшерӣ ва асари эшон “Шоздаи Эҳтиҷоб” ахбору иттилои дақиқназаронаро ба риштаи баҳс кашидааст, ки воқеан ҷиҳати ошноии ҳарчи бештару беҳтар ба насри зеҳнгарои форсии тоҷикӣ паёму муждаи муҳим дар илми адабиётшиносии муосир маҳсуб мешаванд...
Воқеан, рисолаи “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” – и олими маъруф Олимҷон Хоҷамуродов натанҳо мунҳасир аз шумори тадқиқот дар самти мазкур аст, балки дар шароити феъли, ки хонандаи хушзавқи муосир, тибқи тақозои замон ба эҷоди ингуна новеллаҳои пурмаънои зеҳнгаро ниёзманд аст. Аз ин нуктаи назар, бисёр хуб ва қобили қабул аст, ки рисолаи ёдшуда аз ҷониби масъулини соҳаи маориф ва мактабҳои олии ҷумҳури бознашр шавад.
Меҳриддин Ғиёсӣ
адабиётшинос