Мавзуъҳои кору пайкори нек, ҳифз намудани тамоми арзишҳои милли, рӯ овардан ба фарҳанг, забон ва таъриху тамаддуни миллат, яке аз идеалҳои волоест, василаест, ки хушбахтию саодати мардум аз он маншаъ мегирад ва зиндагии башарро маънӣ мебахшад, гӯшаҳои торику сарди мардумро гарму мунаввар сохта ба мардум шеваи зистан ва инсонвор зиндагӣ карданро меомӯзад, дар ашъори ноёби мардони суханвар ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Вақте ки мо ба саҳифаҳои адабиёт назар меафканем, кам шоир ё мутафаккиреро пайдо мекунем, ки дар бораи донишу хирад ва таълиму тарбия чизе нагуфта бошад ё асаре наофарида бошад. Чунки тарбия  намудани насли ҷавон яке аз муҳимтарин   вазифаи ҷонии донишмандон ва омӯзгорон мебошад, ки насли ҷавони миллатро барои нек андешидан роҳнамун бошанд.

Агар насли солор дар пешрафти  илм ва тарбия намудани насли ҷавон оҷиз бошанд, шояд аз илму зиё ва фазилати инсонии худ низ рӯ битобанд. Чунки тарбия намудани шогирдони хубу донишманд барои ҳар насли солортар аз воҷибот аст.

Таълиму тарбия дар адабиёти тоҷику форс дорои суннати хеле ғанӣ ва қадимӣ буда, ба хусус  аз давраи пайдоиши одам ривоҷи зиёд доштааст. Идома ва ҷамъбасти он суннатро дар ашъори ноёби шоирони адаби форсӣ метавон мушоҳида кард. Ин аст, ки Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон низ гуфтаҳои абармардони суханро сармашқи кори худ намуда, имрӯз ин суннати бостонии фарҳангиро  идома дода, ба  ҳадди камол расондааст.

Ашъори нобиғаҳои адаби тоҷикӣ хеле рангин буда, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти инсонро фаро мегиранд. Чизи дигаре, ки дар ашъори суханварон бо маҳорати баланд ва завқи бадеӣ гуфта шудааст, ин  истифода шудани андешаҳои ҳикматомез дар ҷомаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.

Ин аст, ки Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҳолат ба насли ҷавон такя намуда, насли ҷавонро чун нерӯи бузурги созанда меҳисобад ва онҳоро ба донишандӯзӣ, касбомӯзӣ, забондонӣ   ва арҷ гузоштан ба осори бою гаронбаҳои ниёгонамон даъват мекунад.

Мисол, Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин бора чунин овардааст:

 

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳи амал,

Мева бе нуқсон бувад чун аз дарахти навбар аст.

 

Пешвои миллат хеле хуб дарк кардаанд, ки ҷавони имрӯза агар аз китоб дур бошад, ӯ метавонад ба ҳар гуна роҳи хато равад ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои вайронгар ҳамроҳ шавад.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавони имруза дигар ҷавони даҳ сол пеш аз худ нест. Дигар ӯ побанди насли куҳансол нахоҳад буд. Ӯ ҳама куҳнагариҳоро аз худ дур карда, тадриҷан барои забондонию донишандӯзӣ ва ҷаҳондонӣ барои худ коре карда тавонистааст, ки нахли шинондаи ӯ дар оянда барои миллату давлат борвар хоҳад буд.

Нобиғаҳои адаби форсӣ борҳо ба воситаи асарҳояшон ба баъдинагон таъкид карданд, ки агар роҳбари давлат хулқу хӯи пешвоёна дошта бошад, ӯ метавонад миллату кишварашро аз харобӣ ба ободӣ, аз парешонӣ ба сарҷамъӣ, аз ҷанг ба сулҳ ва хушбахтию нишот оварда расонад, дар тамоми ҳолат барои халқ аз ҷумла насли ҷавон ҳамроҳ, ҳамдард ва ҳамроз буда метавонад ва халқаш ҳаргиз танҳо нест, чунки ӯ сарваре дорад, ки бо дили пуру хотири ҷамъ дар тамоми ҷой ба ӯ такъя карда метавонад.

Адабиёт борҳо исбот кардааст, ки дар ҷомеа барои баъзе ашхос сарвату боигарӣ аз ҳама чиз болотар меистад. Дар рӯзгори адибони мо далелҳои зиёдеро меёбем, ки шоҳзодагон барои тоҷу тахт, молу сарват шуда ба амали ношоиста даст задаанд. Масалан, писари Улуғбек Абдулатиф, барои тоҷу тахти шоҳи падарашро ба қатл расонд, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар қолаби зебои назм бо як ҷаҳон маҳорати баланди шоири чунин баён кардааст:

 

Фарзанд нахоҳад зи пайи мол падарро,

Хоҳад, ки намонад падару мол бимонад.

Хуш нест ба марги падару бурдани мерос,

Хоҳад, ки кушандаш, ки дият ҳам биситонад.

Инчунин, дар ин мавзуъ қитъасарои машҳури адабиёт Ибни Ямини Фарюмадӣ низ қитъаҳои зиёде дорад, ки сар то по таълимдиҳанда ва тарбиякунанда мебошанд ва барои баъдинагон ҳамчун як мактаби тарбия хизмат мекунанд:

Падар карда насиҳат мар писарро,

Ки зинҳор аз касе чизе нахоҳӣ.

 

В-агар рӯзе чунон афтад, ки хоҳӣ,

Зи марде хоҳ, агар чизе бихоҳӣ.

 

Ё дар ҷои дигар: 

 

Эй писар, ҳамнишин агар хоҳӣ,

Ҳамнишине талаб зи худ беҳтар.

З-он ки дар нафси ҳамдам аз ҳамдам,

Нафс пайдо шавад ба хайру ба шар.

 

Имрӯз, ки мо дар замони ҷаҳонишавӣ қарор идорем, табиист, ки ҷавононро дар руҳияи рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ тарбия кунем, то ки ҷавони имруза фарҳанги миллии хешро аз фарҳанги бегона фарқ карда тавонад, аз таъриху тамаддуни миллаташ воқиф бошад.

Мардони тавонои сухан ба баъдинагон таълим додаанд, ки ягон илми дигар шарифтар аз илми худшиносӣ нест. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ҳар қадами хешро дар такя бар аслу асолат ва ҳувияти миллӣ, арзишҳо ва суннату анъанаҳои муқаддаси миллат бардорем ва бо ин кори худ намунаи олӣ барои насли нав гардем.

Суханварони асили адабиёт ба баъдинагон ба воситаи ашъори ноёби хеш таълим медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи адабу ахлоқ бошанд, зеро, авҷу камоли саодати ҳар як ҷомеа бар пояи донишу ахлоқ устувор мегардад. Ҷавҳари ҳастии инсон ақли солими ӯст. Инсони донишманд ҳеҷ гоҳ роҳи суханчинию тафриқаандозӣ байни инсонҳоро интихоб намекунад. Дар ҷойе, ки дониш фармонраво аст, он ҷо ҳамеша пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, ҳақиқат бар ҳамоқат ва адолат бар разолат таъмин аст. Агар ахлоқи устод дар банди ҷаҳолат бошад, фаъолият кардан барои шогирдон дар паҳлуи ӯ хеле душвор аст. Чунки, дар муҳите, ки ҷаҳолат пойдор аст, зиндагию фаъолият кардан дар он ҷо бадтар аз зиндон мешавад.

Имрӯз таҷрибаҳо борҳою борҳо нишон доданд, ки ҳамингуна устодони шуҳратталабу муфтхӯр ба ҷойи дастгирӣ кардани шогирдон, баръакс, онҳора ба чуқурии фурӯрафта тела медиҳанд. Онҳо худро устод мешуморанду дарси адаб ба шогирдон мегӯянд, вале  худ аз он ибрат намегиранд, ки посух метавонад ин бошад, ё ба мардум эҳтиром намегузоранд ё ба худ!

Оё онҳо аз ин аъмоли ношоистаи худ боре ҳам фикр кардаанд, ки баъдинагон чи гуна сар миёни ворисон боло хоҳанд кард ва онҳоро ба хубӣ ёд кард? Онҳо фаромӯш кардаанд, ки баъд аз онҳо ҳамаи пӯшидаҳо фош шуда, ногуфтаҳо гуфта хоҳанд шуд ва ҳамин насли ҷавон шоҳиди аъмоли онҳо хоҳанд буд, ки ин мавзуъ, яъне хиёнат ба насли ҷавони миллат, ки ояндаи миллат дар дасти онҳост, дидаю дониста ба сангарҳои нафсу ҳирс, хиёнат, тамаъ ва хории иззати нафси худ даъват мекунанд.

Мисол, шоири тавонои адабиёт Ғиёсии Бадахшонӣ дар ин бора чунин мефармояд:

Пире  на, ки аз хушки ба соҳил диҳадат сайр,

Он пир, ки мустағрақи амвоҷи таҷаллист.

Пире на, ки торик бувад ҷону дили ӯ,

Пире, ки дилаш машъали даммоҷи таҷаллист.

 

Ё дар ҷойи дигар:

 

Нафси Султон роҳи динам мезанад,

Аз шари ӯ деҳ паноҳам, ал- Ғиёс,

Варна бо ин феълу ин атвори ӯ,

Лоиқи зиндону чаҳам, ал- Ғиёс.

 

Албатта, тафаккур сиришти беназир аст, аммо як иштибоҳ метавонад тафаккури инсонҳоро бадном созад, ки дар саҳифаҳои адаби тоҷикӣ кам нафареро пайдо кардан мумкин аст, ки дар ин мавзуъ чизе нагуфта бошад ё асаре наофарида.

Набояд фаромӯш кард, ки тарбия кардани шогирдон барои ҳар устод аз воҷибот аст ва инчунин вазифаи аслии устоди асил тафсири ақлонӣ аст, ки ин гуна тафсир муҳимтарин ҳастии илми одамгарист, ки метавонад насли миллатро дар руҳияи ҳувияти миллӣ тарбия карда, онҳоро ба худшиносию хештаншиносӣ даъват кунад. Чунки ҳувияти миллӣ ва ҷомеаи солим бар пояҳои ақлу заковат, фазлу дониш, илму маърифат, некию накӯкорӣ, ахлоқ ва дину имон пойдор мемонад.

Дар ин бора Ибни Ямини Фарюмадӣ мефармояд:

 

Суҳбати некон бувад монанди мушк,

К-аз насимаш мағзи ҷон ёбад асар.

Ҳар ки аз нокас тамаъ дорад вафо,

Аз дарахти хушк меҷӯяд самар.

Аз хирадмандон талаб кун дӯстӣ,

З-он ки ёриро нашояд беҳунар.

Дар замини дил нишон бехи адаб,

То дарахти иззатат ояд ба бар.

 

Ё дар ҷойи дигар: 

 

Бар ту хонам зи дафтари ахлоқ,

Ояте дар вафову дар бахшаш.

Бо ту гӯям, ки чист ғояти ҳилм,

Ҳар ки заҳрат диҳад, шакар бахшаш.

 

Оре, адаб бузургтарин нишонаи инсони комил, дурахшонтарин ва арзандатарин пояи зиндагист. Адаб аст, ки чун нуре ҷаҳонро равшанӣ мебахшад, ҷомеаро солим ва инсонро намунаи ибрат мегадонад. Касе, ки маҳрум аз эҳсоси ақлонист, ба шумори инсон дохил кардан аз имкон берун аст.

Чуноне, ки бузургони мо фармудаанд:

 

Биё эй дӯст, то огаҳ зи ахлоқу адаб бошем,

Чу нуре равшанорои муҳит дар ҳар нафас бошем.

Ба тифлону бузургон дарси ибратро биомӯзем,

Ки фардо зиннати ҳар анҷуман, имдодрас бошем.

 

Вазифаи ҳар як шахси солимфикр аз он иборат аст, ки шогирдон ва фарзандони худро дар руҳияи бузурги маърифатнокӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбият намояд, то онҳо суратпараст нею сиратпараст ба камол бирасанд, то ояндаи ҷомеаи солим гарданд.

Ҳамаи гуфторҳои боло далели бузург будани мартабаи шахсӣ боадабанд. Вобаста ба ин мо инсонҳо бояд аз ин гавҳари дурахшону тобон, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад, бархурдор бошем, зеро тавре бузургон гуфтаанд:

 

Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,

В-аз камоли тарбият одам шавад.

 

Хулоса, адаб нишонаи бузурги одаму одамгарист, ки касро шуҳратёр мегардонад. Адаб дури гаронест, ки дорандаи он сарватмандтарин каси олам аст, ки ин мавзуъ дар ашъори ниёгонамон бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ ва маҳорати баланди шоирӣ суруда шудааст. Ҳамин тариқ дар ашъори бузургони адабиёти тоҷику форс  мавзуи хирад бо тамоми паҳлуҳояш суруда шуда, ба ин восита мардумро ба шунидани пандномаҳояшон даъват кардаанд.

Мисол, Абдураҳмони Ҷомӣ ин мавзуъро хеле шоирона ба қалам додааст:

Хирадро асар аз дили оқилон,

Фузун бошад аз теғ бар ҷоҳилон.

Бимонад мудом он асар дар замир,

Шавад ин ба якчанд дармонпазир.

 

Шоирон ҳамчун шахсиятҳои пешқадами замони худ беҳтарин падидаҳои ахлоқи ҳамидаву  солими инсонӣ; покиву номи нек, ҷасорату бурдборӣ, иффату ҳаё, ҳилму шикебоӣ, хоксориву қавипаймонӣ ва ғайраро дар симои қаҳрамонҳояшон амалкунанда бо шуру шавқ ва ҳаяҷони бардавом гаштаву баргашта тарғиб намуда, ҳамчун маҳкумкунандаи ахлоқи баду носолим ва накӯҳишгари бадиҳо ба муқобили пастиву сифлагӣ, ҳирсу тамаъ, шаҳвату айёшӣ, ҷаҳлу нодонӣ, риёву дуруягӣ, хештанбиниву худписандӣ ва қабоҳатҳои дигари ҷамъиятӣ баромад намуда, бо роҳи панду насиҳат додан мехоҳанд дар тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида ва аз байн бурдани ахлоқи ношоистаи одамон ҳиссаи худро гузоранд. Бузургони аҳли адаб ба  воситаи ашъори худ панд медиҳанд, ки хирад некӣ ва накӯкорист ва ҳамеша бо бадӣ мухолиф аст ва дар ягон ҳолат шахси хирадманд ба ҳавою ҳавас дода намешавад, бадахлоқу бадкор нест ва ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки худро аз бадахлоқию бадкорӣ канор бигирад, ки ғазали зеринро метавон барои боварибахшии андешаҳои боло намунаи беҳтарин донист:

 

Ҳаркиро аз хирад мадад бошад,

Кай дар ин тан диҳад, ки бад бошад?!

 

Нек ба ҷомеа нигаристан маърифати инсониест, ки насли ҷавонро аз душвориҳо  ба рӯзгори кунунии маънавӣ даъват мекунад.

Дар ашъори ниёгон аз Рӯдакӣ сар карда ҳикмат ва панд мақоми хосса дорад. Ин шоирони адабпарвар ҳар чизеро, ки мебинанд, ҳикмат меҷӯянд ва ба хонанда ҳамчун ибрат баён мекунанд. Онҳо хислатҳои бади инсонӣ, аз қабили ҳирс ва тамаъро мазаммат намуда, шахсеро, ки аз хислатҳои бади инсонӣ орист, султони вақт мешуморанд ва султони ҷаҳонро гадои ӯ медонанд:

Мисол, Ибни Ямини Фарюмадӣ ба воситаи қитъаҳои ахлоқӣ ва инчунин ба воситаи баъзе  қасидаҳои мадҳиявиаш, ки дар ситоиши Тағотемурхон гуфтааст, на танҳо диққати ӯро ба тарбия намудани худ, балки ба тарбия намудани садҳо нафар намояндаи илму ҳунар ҷалб менамояд:

 

Тамаъ мадор, ки роҳи салоҳ гирад пеш,

Ҳар он ки одати бад бо гилаш сиришта шавад.

Маро зи нокасу бадасл нест чашми вафо,

Чи гуна деви лаин пок чун фаришта шавад?

 

Бузургони адаби тоҷик  дар масъалаи тарбия ва таъсири он ба инсонҳо боварии комил доранд. Дар шароити кунунӣ бошад, ҳама чиз ба тарбия вобастагӣ дорад. Дар ин бобат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунанд, ки мутобиқи онҳо чи дар мактаб, чи дар хона ва чи дар ҷамъият, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медиҳанд, ки мавзуи таълиму тарбияи фарзанд аз тарафи падару модарон дар ашъори ниёгон ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Суханварони адаби тоҷик ҳамчун муллимони беҳтарини банни башар ба ҳисоб мераванд, ки борҳо дар ашъорашон, ки ба тарбияи фарзанд бахшида шудаанд, таъкид менамоянд, ки агар фарзанд аз овони хурдсолӣ дар фазои ором ва солими оила ба воя расада, аз тамоми моҳиятҳои тарбия бархурдор шавад, вай метавонад дар оянда дар ҷомеа мавқеъ пайдо карда, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ба ягон сангар барнамехӯрад... Агар фарзанд аз овони хурдсолӣ дар фазои ноорому носолими оила ба воя расад ва аз моҳиятҳои тарбия хуб бархӯрдор нашавад, ӯ ҳар лаҳза дар зиндагӣ ба як сангар бар мехӯрад, ки шояд ин сангарҳои нафсу ҳирси сарсаригардию оворагардӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ бошад.

Ниёгонамон гаштаю баргашта ба воситаи ашъорашон ба баъдинагон таъкид менамоянд, ки падару модарон бояд фарзандонашонро аз хурдӣ ба меҳнат ва меҳнатдӯстӣ даъват намоянд, ҳунар омӯзанд, ки Ҷомӣ дар қолаби зебоӣ назм, ки ҳикматомӯзанд, чунин баён кардааст:

 

 

Эй ниҳоли чамани ҷону дилам,

Ғунчаи боғчаи обу гилам.

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

 

Ё дар ҷойи дигар:

                            Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман,

Бинеҳ гӯш бар гавҳари панди ман.

Садафвор биншин даме лаб хамӯш,

Чу гавҳар фишонам, ба ман дор гӯш.

Шунав панду дониш ба он ёр кун,

Чу донистӣ, он гоҳ ба он кор кун.

Абармардони адаби тоҷик махсусан, ба омӯзиши пешаи илму ҳунар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд, ки бесабаб нест. Аввалан, онҳо касбу ҳунарро василаи зиндагӣ ва маишати рӯзгор медонанд. Чунки худи онҳо тавассути меҳнати пурмашаққат на танҳо рӯзгори худро сомон мебахшиданд, балки роҳатрасони дигарон ва ободгари мулк низ буданд. Илму дониши андӯхтаи инсон вақте арзиш пайдо мекунад, ки дар амал татбиқ шавад, мушкилеро дар зиндагӣ ҳал созад ва барои пешрафти ҷомеа хидмат намояд.

Дар ин бора Ибни Ямини Фарюмадӣ мефармояд:

 

Шарафи мард ба илм асту каромат ба суҷуд,

Нест бе илму амал ҳеч касеро миқдор.

Ҳар киро ҳаст ҳасаб, гар насабе нест, чи бок!

Беҳунарро чи шараф аз насаби хешу табор?

 

Ё дар ҷойи дигар:

 

Мард бояд, ки ҳар куҷо бошад,

Иззати хештан нигаҳ дорад.

Худписандиву аблаҳи накунад,

Ҳар чи кибру манист, бигзорад.

 

Дар ашъори ниёгон нахустин афкори ахлоқӣ дар бораи эҳтироми инсон аз тарафи инсони дигар ба мушоҳида мерасад,  ки дар “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” буда, инсонро ба он раҳнамо месозад, ки ӯ на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки сухани хуб гӯяд, аз алфози печдарпечи дилбазан, ки инсонҳоро дилшикаста мегардонад, парҳез кунад, ҳамеша сухани бикр гӯяд, рафтораш таълимдиҳандаю тарбиякунанда бошад ва муҳимтар аз ҳама, дар ҳама ҳолатҳо бояд рафтори шоиста намояд, ки ғазалсарои машҳури адабиёт Нахлии Бухороӣ фармудааст:

 

Сӯхтам з-ин нохирадмандони белаззаткалом,

К-аз нафасшон доғҳо дорад дили донои ман.

 

Ё дар ҷойи дигар:

 

Нахлӣ, имрӯз харидори сухан ноёб аст,

Ёсамини сари бозор макун гавҳари хеш.

 

Мавзуи нармсуханӣ, латофати сухангӯи дар ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ низ мавқеи намоёнро ишғол мекунад, ки ғазали зерини ӯро метавон барои боварибахшии андешаҳои болоӣ намунаи беҳтарин донист:

 

                        Мард бояд, ки ба лутфи сухану ҳусни хитоб,

                        Табъи арбоби ситамро зи ситам боз орад.

Ҳар лаиме, ки зи эҳсону карам бас дурр аст,

Ба фусуни сухан ӯро ба карам боз орад.

 

Адолат дар ҳаёти инсон вазифаҳои муайянро иҷро карда, инчунин як қисмати муҳими илми ахлоқ мебошад. Агар адолат дар маҷмуъ аз як тараф ҳама шаклҳои одобу ахлоқро ифода кунад, аз тарафи дигар шакли нишон додан ё тарзу равиши тарбияи одоби инсонро дар бар мегирад. Адолат на танҳо масъалаи илм дар бораи ахлоқи ҳамида, балки ҷузъи муҳими рафтори инсон аст. Адолат дар маънои эҳтироми инсон ба инсони дигар асос ёфтааст. Бинобар ин, адолат байни инсонҳо бурду бохти давлат, пешравии ҷомеа  ва ба ҳам омадани одамон ба ҳисоб меравад, зеро адолат ва ахлоқи инсонӣ на модарзодӣ, балки касбӣ мебошад. Яъне, ақл ва рафтору атвори одам дар раванди ҳаёти  ӯ рушду такомул меёбад, зеро адолат, муошират ва рафтор, маданият ва ҳадафҳои ахлоқии хоси худро дорад. Яъне, инсондӯстӣ, накӯкорӣ, устуворӣ ва серталабӣ. Ба қавли бузургони адаби тоҷик ҳар инсонро зарур аст, ки ҳамеша адолатхоҳ бошад ва дар муносибат бо атрофиён хушмуомила бошаду баҳри пайдо намудани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа талош намояд ва ҳаёти шоистаи инсониро барояш муҳайё созад. Инсон дар зиндагӣ дар тамоми ҳолат бояд ба якдигар ҳамраҳ, ҳамдард ва ҳамроз бошад, на ин ки беадолату бераҳм.

Абдураҳмони Ҷомӣ аз ин гуна инсонҳои беадолату ҷоҳил шиква намуда, дар шеърҳояш онҳоро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст:

 

Ҷаҳонподшоҳо, дар инсоф кӯш,

Зи ҷоми адолат маи соф нӯш!

 

Ё дар ҷойи дигар:

 

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.

Адли бедин низоми оламро,

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.

 

Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саноиву Аттор, Балхию Сайидо, Саъдиву Ҳофиз, Нахлию Сӯзанӣ ва дигар суханварони маъруф бузургии инсонро ситоиш карда, орзуву омол, андешаву эҳсос,  мақсаду маром ва ормонҳои ӯро ба  қалам додаанд. Онҳо ҳадафи асосии инсонро дар зиндагӣ  аз ростиву ростқавлӣ, поктинатӣ, адлу инсоф, анҷоми кори нек, гузоштани осори хуб медонанд.  Ростиву росткориро шоирони адаби тоҷик аз беҳтарин рафтору амалҳои инсон мешуморанд ва ҳамеша онро талқин менамоянд, ки  Ибни Ямини Фарюмадӣ ин мавзуъро дар қолаби зебои назм чунин ба қалам додааст:

 

Бо ҳарифон бар бисоти даҳр, эй некӯхисол,

Ростӣ кун пеша ҳамчун сарв, агар озодаӣ.

Гар бикӯшӣ, дар шарафро бозиёдат мешавад,

Аз маволиди сето чун беҳтарин афтодаӣ.

Даҳ ҳазорат хасм агар бошад чу андар ҳусни сабр,

Хона гирӣ, хуш нишин, к-он ҷумларо истодаӣ.

 

Такя камтар кун бар омоли тавил Ибни Ямин,

Ҷуз бар ин умри қасират, чун бино нанҳодаӣ.

Дар мазиқи шаш дари меҳр ар бияфти муҳравор,

Банди ҳар мансубаро, к-орад фалак, бикшодаӣ.

 

Хулоса, имрӯз миллати тоҷик ҳамчун миллати ҳикматниюш ва тамаддунофар ҳамеша ба қудрати сухан ниёз дорад, ки таҳкурсии он ақл, илм, маърифат, хирад, ҳикмат ва ҳидоят ба роҳи растагорӣ аст. Ҳамин хислат аст, ки аз жарфои таърих мардуми адабпарвару маърифатгустари тоҷик дар мазҳару меҳвари сухан ҳастӣ, асолат ва ҳувияти хешро нигаҳ доштаву имрӯз низ ба қудрати безаволи он такя мекунанд. Мусаллам аст, ки имрӯз риштаи сухани ҳақ ва суханварӣ дар дасти мо – аҳли зиё, адибону олимон ва кулли равшанфикрони ҷомеа қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба ин арзиши ҳаётӣ дар ҷаҳони тағйиру таҳаввул рисолати имониву виҷдонии мост.

Мо бояд имрӯз хуб дарк кунем, ки арзишмандтарин ҷанбаи ҳастии башар сухани ҳақ аст, зеро он воситаи асосии тарбияи инсони комил буда, дар ташаккули афкори ҷомеа ва диди нави иҷтимоӣ таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Коре, ки бо қудрати сухани ҳақ ба субут мерасад, тариқи роҳи дигаре онро анҷом додан нашояд. Як чизро бояд фаромӯш накунем, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст.

Дар баробари ин ҳама чолишҳо ва ҳаводиси тақдиршикан виҷдони мо бояд исён кунад ва мо дар ҳамовозӣ бо Паёмҳои роҳнамосози Пешвои миллат ҷиҳати поксозии тафаккуру шуури насли имрӯзу фардо аз хурофоту таассуб, терроризму ифротгароӣ ва бегонапарастӣ бо неруи муассир ва пурқудрати сухан талошҳои бедареғ варзем. Мо бояд ба тарғибу ташвиқ ва тарбияи идеологии насли ҷавон, ба вижа идеологияи миллӣ, ки аз маҷмуи мулоҳизот, ғоя, эътиқод, назарияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва эстетикиву фалсафӣ, арзиш ва ҳадафҳои муштарак сарчашма гирифта, мардумро дар меҳвари ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва аркони давлату давлатдорӣ муттаҳид месозад, беш аз пеш таваҷҷуҳ кунем. Зеро як дақиқа сукути идеологияи миллӣ ин пирӯзии абадии ҷаҳолат бар хирад аст.

Барои иҷрои муассири ин вазифаи муҳим, мо  аҳли зиё, адибону олимон ва кулли равшанфикрони ҷомеаро зарур аст, ки аввалан дар ниҳоди хеш эҳсосу дарки ҳувият, садоқат ба Пешвои миллат, сидқан имон овардан ба рукнҳои давлатдориро тарбия ва тақвият бахшем, бо донишу ахлоқи миллӣ, фаҳми фарҳанги сиёсӣ, маърифатӣ, дунёдаркӣ ва суханшиносиву суханварӣ дар тарбияи ҷомеа бикӯшем. Зеро фақат сухани асил, андешаи солиму бикр аст, ки тафаккури аҳли ҷомеаро такон медиҳад.

Мо шукргузорӣ аз Эзад менамоем, ки шахсияти баландахтаре бо фарри каёнӣ ва инояте хусравонӣ, идомадиҳандаи анъанаҳои бостонии давлатдорӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба миллати тоҷик ато намуд, ки ҳар кору пайкори ин абармарди миллат дар худшиносию хештаншиносӣ ва дар худ парваридани ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба тамоми муқаддасоти миллат ва рисолати муҳими давлатдориро, ки сарвари муаззами мо ба маънои комил ба иҷро расонид, барои насли ҷавон ҳамчун як мактаби бузурги тарбия, нақши омӯзанда дорад ва хоҳад дошт.

 

Хуҷова Мавҷуда,

ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии АМИТ