Ваҳдат беҳтарин неъмат дар ҳаёти ҳар як миллату давлат аст.  Маҳз ваҳдати миллӣ  рушду такомули ҷомеаи навини тоҷиконро имконпазир кард.

       Ваҳдат дар зиндагӣ нақши меҳварӣ ва арзишӣ дорад. Ваҳдат тамоми музаффариятҳои зиндагӣ ва дастовардҳои ҳаётро таҷассум мекунад.

         Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддасанд.

         Маънии ваҳдатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд:
«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

   Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи баланд расиданаш номумкин аст.

Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст. Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.  

Мардуми шарифи кишварамон ҳамасола 27 уми июн рӯзи Ваҳдати миллиро бо меҳру ихлоси зиёд ва хеле бошукуҳ таҷлил мекунанд. Зеро 29 сол пеш дар ин руз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки он саҳифаи наверо дар таърихи миллати мо боз намуд. Аз соли 1992, вақте ки дар иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон по ба арсаи роҳбарии давлат ниҳоданд,  барои аз вартаи нооромӣ берун баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсии кишвар, ба ҳам овардани гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд.  

       Маҳз ба шарофатии ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барқарор гардид ва берун аз хоки Ватан ҳеҷ як гурезае намонд.

Бинобар ин номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори Сулҳу Ваҳдат ва Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи мо пазируфта шуд, ки чеҳраи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти неруманди майдони сиёсат ва маънавияти миллат намудор менамояд. Сулҳу Ваҳдати деринтизор маҳз тавассути талошҳои ин марди майдони сиёсат дар сарзамини азияткашида ва қариб пора-пора гаштаи тоҷик  ҳукмрон шуд.

 Аз тарафи дигар, воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои ба мо дӯст, ҳамсоядавлатҳо аз сулҳу сафо, ваҳдати халқи мо сухан мекард ва онро пайгирӣ менамуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бетараф набуд. Сулҳ ва Ваҳдат чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти халқ Аст.

Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёр ба самар оварда истодааст. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нав ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.

Ҳастии миллат аз Ваҳдат аст, ки дирузу имрузи худро аз даст надодем ва домани фардоро сахт гирифтем. Решаву пайванди мо ба Ваҳдат баста аст, муроду мақсади миллати мо ваҳдат буд ваҳдат аст ва ваҳдат мемонад:

 

Чист миллат? Ваҳдати дунёи мост,

Дӯши мо имрӯзи мо фардои мост

Аз саводаш дидаи мо равшан аст

Дар ҳисораш ҳастии мо эмин аст

Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта

Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.

 

Ваҳдат аст, ки мо якдилу якҷонем, ваҳдат  аст, ки субҳу шоми мо пурҷилост. Неруи мо қудрати мо дар ваҳдат аст, аз шарофату баракати ваҳдат миллати тоҷик тифоқу муттаҳид мебошад, мо ба ваҳдати худ мефахрем:

 

Тоҷикему якдилу ҷонем

Партави як субҳи тобонем

Шуълаи як моҳи шомафруз

Нури як хуршеди тобонем

Ваҳдати мо иқтидори мо

Ваҳдати мо ифтихори мо

 

Шоири дардошнои миллат устод Бозор Собир аз ободкориҳо, музаффариятҳо ва созандагиҳои халқу Ватан, ки бо сарварии Қахрамони ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҳамарўза дар саросари кишвар амалӣ мегарданд, руҳу тавон мегирад ва бо қаноатмандиву хушнудӣ ва самимияту эҳтироми хоса дар шеъри «Соядасте ба Президенти ҷумхурӣ мухтарам Эмомалӣ Рахмон» аз таҳти дилу ҷон мегўяд:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.

         Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.»

            Ямо Шароф ном донишманди кишвари ҳамсоя-Афғонистон гуфта буд: «Ваҳдати миллии Тоҷикистон падидае аз рӯшноии тафаккур ва иродаи бузурги миллатест, ки ба қалбҳои мо умеду орзуи тоза мебахшад. Бояд аз сулҳи Тоҷикистон дарс гирифт ва метавон бо истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон ва истифода аз абзорҳое, аз ҷумла баргузории ҳамоиш, заминаи якҷо шудан ва оштии гурӯҳҳои мухталифи даргирро пайдо ва аз ин тариқ сулҳу суботро таъмин кард ва ба ваҳдати миллӣ расид. Бидуни шак метавон ин таҷрибаро дар Афғонистон ҳам пиёда сохт. Аммо як шарти дигарро ҳам бояд дар назар дошта бошем ва он доштани роҳбари бедору огоҳ ҳамчун ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ҳақ, ки Тоҷикистон мамнуни талошҳои пайгир ва ҳамаҷониба ва эҳсоси шахсии эшон аст, ки дар ба дар ба дунболи ҳамватанони худ ба ҳар кишваре сар зад, худро ба заҳмат андохт, то миллатро аз дарбадарӣ ва заҳматкашӣ наҷот дод. Яъне сарсупурдагии сарвари сиёсӣ ба Ватан ва миллат иродаи қавии меҳанпарастии эшон буд, ки миллати тоҷикро баъди ҳазор сол боз аз нав муттаҳид ва ба ваҳдати миллӣ раҳсипор кард. Ваҳдати бамиёновардаи миллати тоҷик бузургтарин дастоварди қарни ХХІ ва намунаи беҳтарини эҷоди роҳи мусолиҳатомези сулҳу салоҳ аст, ки бояд кишварҳои ҷангзада онро сармашқи кори хеш созанд!»

Генерал губернатори Канада Адриен Кларксон низ бо эътироф аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат дар роҳи сулҳу субот чунин ибрози андеша кардааст: “Бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон иқдоми ҳақиқатан муҳим мебошад. Ҳукумати Эмомалӣ раҳмон барои таъмини ояндаи мусолиматомез ва осоиштаи шаҳрвандони мамлакат ба муваффақияту комёбиҳои беназир ноил мегардад”.

Дар ҳақиқат ҳам ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватану давлат аст, зеро дар кишваре ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз рушд намуда пешрафта мегардад. Дар ин  маъно Камол Насрулло фармудааст:

 

Ғайри ваҳдат роҳи дигар нест нест

Шамси дигар моҳи дигар нест нест

Чист ваҳдат осмони поки мост

Ҳастии хуршед дар афлоки мост

Баҳри мо ваҳдат ҳисори боварист

Зиндагимон дар мадори боварист

Ҳиммате, к-аз як гиребон сар бизад

Миллате к-аз як дилу ҷон сар бизад

Парчами пирузии мо ваҳдат аст

Рӯзи неку рузии мо аз ваҳдат аст

 

    Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози созандагиву ободкорӣ, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.

Бисту нуҳ соли имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ собит намуд, ки роҳи интихобнамудаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона  роҳи дуруст буда, онро сокинони мамлакат дастгирӣ ва барои татбиқи амалии он кӯшишу ғайрат менамоянд.

 

                                         Мавлуда Наврузова,

ходими хурди илмии Маркази

шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ,

раиси Шурои олимони ҷавон