Сиришт ва сарнавишт

(“Хуршедсавор”. Нашриёти “Ношир”. Хуҷанд 2023. 473 саҳ.)

 

Ходимони илмии Маркази

мероси хаттии АМИТ

Меҳриддин Ғиёсӣ,

Шодиҷони Рамазон

 

Во кардани тадқиқоти пурмояи муҳаққиқини маъруф, тавзеҳи иҷмолӣ, барчидани ғояҳои меҳварии таълифоташон  ҷиҳати фаҳми масоили мубраму баҳсбарангези  илмӣ  василати  муҳим  маҳсуб  мешавад, дар ҳар  соҳа,  то ки  номи  муборакашон  ҳар  чи  бештар  дар  хотирҳо  монаду  аз  ёдҳо  зудуда нашавад  ва гузашта аз ин, далелҳои  муътамаде, ки эшон  бо заҳмату  ранҷи  зиёд рӯйи  саҳфа  овардаанд асноди  муҷаддаду  сареҳанд баҳри  мустафид  гаштани  аҳли назар  ва  аз қавли Ҳазрати  Ҷомӣ дар замини дили мустамеон тухми иродат мекоранд, ин зумра шахсиятҳои муътабар.

Осори донишманди нексиришт, доктори илмҳои филологӣ, профессор,  устоди  зиндаёд  Абдулманнони Насриддин,  аз  шумори  ҳамин  гуна таълифоти  пурмаъною  жарф, саршор аз маънавиётанд, ки бо хонанда иртиботи пурвусъати қонеъкунандаро барқарор  менамоянд ва аз гуфтори ҳакиме, ин маънавиёт мабдаи сурати  вуҷуди навъияти эшонро муҷалло кардааст.

   Китоби “Хуршедсавор”   бо саъю  эҳтимоми фарзанди фарзонаи устоди равоншод  Абдулманнони Насриддин доктори илмҳои филологӣ, профессор Фахриддин Насриддинов  интишор ёфта, чаҳор бахшро фарогир аст:  бахши аввал – Нақду баррасии осору ҷусторҳо; бахши  дуюм – Арҷномаҳо, ёдкардҳо  ва хотирот;  бахши сеюм – Феҳристи осори мондагор  ва  бахши  чаҳорум – Оинаи осор. Ва китоб  ҳади ақсо  шасту чор нақду ҷусторҳои  пурмуҳтаво, сипосномаҳою хотироти рангину шеърҳои салису хушоҳангро роҷеъ ба  фаъолияти густурдаи устоди фақид дар бар мегирад, ки воқеан бозтоби дунёи маънавии эшонанд.

Мероси арҷманди донишманди шаҳир Абдулманони Насриддин, ки барои доираи  васеи хонандагон маъхази пурбаҳост аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода  васф шуда, саҳмашон  дар рушди илму маорифи кишвар ба вижа зикр шудааст, дар муқаддимаи китоби “Хуршедсавор”.

Вуруд ба ҷойгоҳи олими  маъруф  Абдулманнони Насриддин,  мақому манзалаташон  дар кашфи асрори ниҳонии маънавии  мутафаккирони классикии форсии тоҷикӣ бо  гуфтору суханҳои  дилангезу  гуҳарбор, маърифатангезу  пурхиради шоири  шуҳратёфта  ва  донишманди фарҳехта  Фарзонаи Хуҷандӣ бо  унвони  “Қанди  баста”  ифтитоҳ  меёбад,  ки  бо шарҳу  тафсири шеъри оламгири орифи  бузург  Шайх Камоли  Хуҷандӣ муҳаббату эътимоди  хешро ба  устоди арҷмандашон  бо самимият  изҳор  менамоянд.

Устод  Фарзона  муаллимии  равоншодро  бо  табъи  гуҳарбори  сухангустари хеш, ки  мунҳасир  ба фард аст, васф карда,  бо камоли эҳтиром менигоранд:

“....... Устод  Абдулманнони Насриддин  аз  ҷумлаи кимиёсозоне  буданд,  ки мисҳоро бо кимиёи омоли  солеҳ  зари ноб карданд ва муқаддамтарину  муқаддастарини  некӯиҳову  хубиҳову  нағзиҳо  боз ҳам  интишори анвори донишу илму ирфон дар  ҷонҳои  ҷӯяндагону  пӯяндагон  аст....” (саҳ. 21).

Воқеан,  шоири  маъруф  Фарзона  бо як ҷаҳон  муҳаббату ихлоси  шогирдона шарофати халлоқии устодро  баён  карда,  ба  ин  васила  мабдаи достони  муҳаббати  муршиду  шогирдро кашф кардаанд, ки  ба хазинаи маънавии  “Хуршедсавор”  ворид шуданро ҳамвор менамояд.

Бахши  нахустини китоби мавриди  таваҷҷуҳ бо мақолаи устоди  равоншод,  профессор  Худои  Шарифзода  -  “Калиди ганҷи маънӣ деҳ ба дастам”  оғоз меёбад  ва нигоранда баъди  таъкиди  оригиналӣ будани мавзуъ,  сатҳи гузориши  масъала  ва  амсоли ин ба  навгонии тадқиқот  ва  хидмати  арзандаи муаллиф – Абдулманнони Насриддин дар  пажуҳиши масъалаи  маърифати  адабиёт  ва  заминаҳои пайдоиши шарҳнависӣ аз  дидгоҳи аҳамияти  маърифатии адабиёти  бадеӣ ва  решаҳои таърихию адабии пайдоиши шарҳнависӣ пардохта, дар ин роҳ  азму иродати муаллифро таъриф, ба умқи назар  ва  арсаи таҳлилу  баррасиҳои масоили мубрами адабиётшиносии эшон арҷ мегузоранд. Ва  мавриди зикр аст, ки  мақолаи  мазбур  тақризест, ки Худои Шарифзода ба  китоби Абдулманнони  Насриддин  -  “Шарҳнависӣ  дар  таърихи адаби форс-тоҷик” (-Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба  номи Раҳим  Ҷалил,  2001,  иборат аз ду ҷилд)   чанд сол муқаддам  таълиф кардааст.

Асари мавриди нақд қароргирифта аз сӯйи  мунаққиди маъруф  Худоӣ Шарифзода  ба  таври  сазовор ва  рафъати  андеша таҳлил  гардида, ҷузъиёти  аслии таҳқиқ – “ҷараёни  маърифати асари адабӣ ва  тамоюлоти  он,  мушкилии  ин протсесс аз  назари шуаро, донишмандони арабу  аҷам  ва адибони дигар  халқҳо, сарчашмаҳою талаботи воқеии  пайдоиши илми герменавтика дар Аврупо ва шарҳнависӣ  дар Шарқ, вуҷуду пайдоиши шарҳҳо  дар  Эрони аҳди Сосонӣ, пайдоиши илми тафсир  дар араб ва дар ин замина  шарҳнависии адабӣ, оғози шарҳнависии  форсии  тоҷикӣ  аз асри  11 ва инкишофи минбаъдаи он, одоби шуруҳи  шифоҳӣ,  шореҳони  машҳури ашъор, монанди  Муҳаммад  ибни Довуди Алавии Шодиободӣ, Абдулваҳҳоби  Маъмурии  Ғакоӣ,  Афзалии  Оллоҳободӣ,  Муҳаммад Ғиёсиддини Ромпурӣ,   фаъолияти  онҳо ва ғайра” (саҳ.23) таъкид мешаванд.

Муаллифи тақриз ба василаи  изҳори  андешаи худ  роҷеъ ба таърихи  шарҳнависӣ,  иртифои  фикр, таҷрибаи ковишҳои илмӣ, тафаҳҳус дар осори  таърихӣ, фидокорӣ  дар кори таҳқиқии Абдулманони Насриддинро бар асоси мазмуни куллии китоби  “Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик” ситоиш карда, даст ёфтани муҳаққиқи равшанзамирро ба натиҷаҳои комилу муътабар дар ин масир комёбӣ дар илми адабиётшиносӣ  арзёбӣ кардааст. Гузашта аз ин, дар тақризи мазкур ба вузуҳ нигошта мешавад, ки шаклу мазмуни шарҳҳо  ҳамаҷониба омӯхта  шуда, шарҳи матни пурра  ва мушкилоте аз  асарҳо, навъе аз анвои шеърҳо, таҳлили байтҳои шеъри шоирон бо ишора ба маъхазҳои гаронмоя таҳлилу баррасӣ гардида, самараи пажуҳиш – мушаххас намудани усулҳои аслии шарҳнависӣ, аз қабили шарҳ бо  далели осори муаллиф, шарҳ  бо ишораи маънои шоири  дигар, шарҳ ба василаи  ақидаҳои маъмули замон, истифодаи мадорики фаровони халқӣ, илмӣ ва амсоли ин дар тадқиқот  тафсир  шудааст ва ҳамзамон таъкид мегардад, ки чунин тарҳи тадқиқот дар масоили ироашуда дар адабиётшиносии тоҷик  аввалин маротиба ҷараён  гирифтааст ва Абдулманнони Насриддин дар иқдоми мазбур пешоҳанганд.

Нуктаи дигари муҳим аз назари мо дар мақолаи устод Худои Шарифзода ин аст, ки ҷанбаҳои аслии китоби “Шарҳнависӣ  дар таърихи адаби форс-тоҷик”  тавзеҳи мукаммал ёфтаанд, аз ҷумла: коргоҳи маънавию ҳунари шореҳон бо тамоми тафсилоту далелҳои амиқ ва таърихи ин соҳаву мактабҳои он, мактабу ҷараёнҳои шарҳнависӣ ва густариши он  дар Мовароуннаҳру Хуросон, 20 шарҳи “Гулистон” ва 15 шарҳи “Бӯстон”, ки  дар Ҳиндустон таълиф шудаанд, масъалаҳои асосии мувофиқати шарҳ ба воқеияти адабӣ,  масъалаҳои тафовути шарҳҳои осори манзум аз наср, шарҳнависӣ ва масоили матншиносӣ.

Бо як сухан арзиши китоби ёдшуда дар тақризи муҳаққиқ бо тозакориҳои илмӣ баррасӣ шудааст,  ки он баҳои арзандаест ба пажуҳиши гаронарзиши Абдулманнони Насриддин.

Донишманди машҳур, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мақолаи хеш зери  унвони  “Профессор Абдулманнони Насриддин – бунёдгузори матншиносии назарӣ” ҷойгоҳи устоди фақид Абдулманнони  Насриддинро дар матншиносии назарӣ  ба таври иҷмолӣ  ва хело ҳам пурмаънову барҷаста таъкид кардаанд. Ва  шоистагию бартарии дидгоҳи устод Абдунабӣ Сатторзодаро  дар мақолаи  мавриди назар аз унвони он  дарёфтем,  ки бо камоли майлу эътимод  профессор Абдулманнони Насриддинро  бунёдгузори матншиносии назарӣ эътироф кардаанд.

Муҳаққиқ дар муқаддимаи мақола аз ибтидои матншиносии муосири тоҷик дар нахусткитоби адабиётшиносӣ ва нақди адабии устод  Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ёдовар шуда, афзудаанд, ки кори  бунёдии матншиносии муосири тоҷикро  баъдан  донишмандоне, мисли А. Мирзоев,  Р. Ҳодизода... ва  дигарон  муваффақона  идома дода,  матни интиқодии боарзиши як силсила асарҳои саромадони адабиёти форсии тоҷикиро ба табъ расонданд ва аз ин силсила чанд номгӯй  пешкаш мегардад. Устод бо сароҳат таъкид менамоянд, ки  “... то рисолаи доктории зиндаёд Абдулманнони Насриддин  “Масъалаи  маърифати бадеӣ ва шарҳи адабиёти форсии тоҷикӣ” дар соли 1990 ва чопи ду китоби ӯ “Нависанда ва шореҳи осори адабӣ” (1990) ва “Маърифат ва шарҳи адабиёт” (1991)  матншиносии муосири тоҷикӣ  дар маҷмуъ  бештар ҷанбаи амалӣ дошт” (саҳ. 30).

Ҳамзамон муаллифи мақола ин нуктаро зикр мекунанд, ки  тадқиқотҳои илмии дар самти матншиносӣ анҷомёфта, то замони таълифи асарҳои Абдулманнони Насриддин дар самти матншиносӣ камтар ба масоили назариву усулии матншиносӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ин дидгоҳ, ба донишманди зиндаёд  А.Насриддин муяссар гардид, ки на танҳо  дар бахши матншиносӣ -  матншиносии назариро бунёд гузорад, балки дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мактаби илмиро ба вуҷуд орад.

Дар мақолаи Абдунабӣ Сатторзода матолиби дигаре, ки ҷойгоҳи олими шуҳратмандро муҷалло менамояд ин аст, ки истифода аз шарҳномаҳои форсии тоҷикӣ ва дастовардҳои шореҳон назариёти матншиносии ӯро миллӣ гардонидааст ва фароҳам овардани   унсурҳои илмии суннатӣ ва муосири форсии тоҷикӣ бо равияҳои илмии ғарбӣ дар матншиносӣ аз хусусиятҳои муҳими назариёти  Абдулманнони Насриддин мужда медиҳад.

Дар мақолаҳои дуюми китоби “Хуршедсавор” – “Рӯдакишиносӣ дар чашмандози илмии Абдулманнони Насриддин” – профессор  Мирзо Муллоаҳмад, “Вусъати назар ва пайвандҳои маънавии профессор Абдулманнони Насриддин бо ховаршиносони хориҷӣ” – профессор Матлубаи Мирзоюнус,  “... Ки аз донишу дод будаш сиришт“ – профессор  Абдуҷамол Ҳасанзода  паҳлуҳои пурвусъати андешаҳои  илмии олими нексиришт, шодравон Абдулманнони Насриддин мавриди таҷзия қарор ёфта, ҷузъиёти илмии осори эшон, хосатан – ҷусторҳо дар матншиносии осори Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ, тағйиру тасҳифи матнҳо, се самти  тадқиқоти гаронарзиш, ба низом овардани фарҳангҳо ва луғатҳои соҳавӣ, тадқиқи   масоили лексикологию лексикографияи тоҷик, таҳқиқи масъалаҳои забони осори адибон ва маданияти сухан, паҳнои андеша, ошноӣ ба тадқиқоти  донишмандони бузурги шуравӣ – Е. Э. Бертелс,  Н. И. Болдирев, И. С. Брагинский, А. Кримский, М. Н. Османов,  Н. И. Пригарина ва дигарон, дидаи тадқиқ дӯхтани устоди шодравон  Абдулманнони Насриддин ба муҳаққиқини Аврупою Амрико – Аннамери Шиммел, Ҳелмут Риттер, унси бештар доштан ба донишмандони Шарқ-Эрон, Ҳиндустон, Афғонистону Покистон, муҳаббати беандоза ба Эрон ба хотири донишмандони беназираш  ва ниҳоят ба масобаи офтоб тасвир шудани ин чеҳраи мондагор дар гуфтори саршор аз меҳри донишманди нексигол Матлубаи  Мирзоюнус дарҷ шудааст...

Профессор Абдуҷамол Ҳасанзода фаъолияти илмии Абдулманнони Насриддинро дар бахши забоншиносӣ  дар мақолаи худ баррасӣ намуда, нигоштаанд, ки эшон дар ҳама самтҳои забоншиносӣ – вожашиносӣ, решашиносӣ, фарҳангнигорӣ, маънишиносӣ, калимасозӣ, сарфу наҳв, ҳусни сухан, забону услуби  адибони даврони асримиёнагиву гузаштаи  наздик ва муосир, усули таълим  ва амсоли ин осори зиёд боқӣ гузошта, тавассути чунин заҳмат қазияҳои  мураккаби забоншиносии тоҷикро шарҳу тавзеҳ додаанд...

“Ҷойгоҳи профессор Абдулманнони Насриддин дар камолшиносӣ”  унвони  мақолаи  пурмазмуни профессор  Бадриддин Мақсудзода маҳсуб мешавад.

Донишманди муҳтарам Бадриддин Мақсудзода, ки эшон аз зумраи олимони муваффақи камолшиносӣ  дар ҳавзаи форсизабонон қарор доранд, саҳми арзандаи равоншод  Абдулманнони Насриддинро махсус ёдовар мешаванд, дар мақолаи хеш.

Ба ин маънӣ фармудаанд:

“Тавре ки маълум аст, дар мавриди шахсияти эҷодии Камоли Хуҷандӣ ва ашъори ӯ иддаи касири адабпажуҳони хориҷӣ  аз Эдвард Браун сар карда, то Сируси Шамисову  Алиасғари Шеърдӯст ва ҳамчунин аз муҳаққиқони дохилӣ шуруъ аз устод Садриддин Айнӣ  то Аълохон Афсаҳзод ва дигарон қаламфарсоӣ кардаанд. Ҳамаи тадқиқоти эшон, албатта, дар мақолаи худ ҳоизи аҳаммиятанд, аммо дар миёни онҳо осори дар воқеъ таҳқиқии профессори зиндаёд, суханшиноси мумтоз  Абдулманнони Насриддин (1953 – 2011) аз ҷойгоҳи муҳиму вижае бархурдор аст” (саҳ. 64).

Китоби “Сеҳри мубин”-и Абдулманнони Насриддин дар мақолаи профессор Бадриддин Мақсудзода бо диди тозаи тадқиқ ба таври мухтасар баррасӣ шудааст, ки воқеан бартарии гуфтори устоди шодравонро  ба исбот расондааст ва гумони ғолиб ин нукта аст, ки мақолаи мазбурро бояд мутолиа кард...

Шоир ва донишманди фарҳехта, шодравон Асрори Раҳмонфар дар мақолаи “Осори мондагори донишманди шуҳратёр”, аз қавли худашон устод Абдулманнони Насриддин бидуни муҳобо бо осори пурарзиши худ дар таърихи адабпажуҳони олами Шарқ чеҳраи мондагоранд. Ва эшон ҳам китоби  “Сеҳри мубин”-ро ганҷи бебаҳои маънавӣ эътироф карда , аз каломи пурмуҳтаво  ва сеҳри килки шоири бузург  Фарзона  ингуна мисол задаанд: “барои ишқварзону камолхоҳону висолҷӯён вурудгоҳи зебоест ба нигорхонаи шеъри Камол, ба он қаламрави  афифи саодатпартаве, ки Шоҳаншоҳе ба номи “Муҳаббат” салтанати  бебадал дорад” (Фарзона) (саҳ.77).

“Шарҳнигории адабӣ дар таҳқиқи профессор Абдулманнони Насриддин”  чунин ном гирифтааст мақолаи профессор Мирзо Солеҳов.

Устод Мирзо Солеҳов бо эътимоду ихлос  ба тадқиқоти густурдаи олими шаҳири зиндаёд бар ин ақидаанд, ки  то А. Насриддин роҷеъ ба омӯзиши таърихи пайдоишу ташаккул, таҳаввул, макотибу марказҳо, доираҳо, анвои шуруҳоту мухтассоти онҳо, ҷанбаҳои назариявии шарҳнигорӣ ва амсоли ин дар хиттаи форсизабонон нафаре чунин кӯшиши босабот накардааст...

Бо мақолаҳои  “Нақши профессор Абдулманнони Насриддин дар рушди ҳавзаи илмии Хуҷанд”  (Нурулло Ғиёсов),  “Нақши мунири Абдулманнони Насриддин дар ҷодаи илм” (Ҷӯрабек Исомиддинов),  “Чеҳранигории илмии профессор Абдулманнони Насриддин”  (Ҳамза Боқиев),  “Профессор Абдулманнони Насриддин – матншиноси камназир” (Мубашшир Акбарзод), “Фаротар аз саводи ҳафт иқлим” (Мухлиса Нуруллоева),  “Гузаре ба “Тазкираи шуарои Хуҷанд”  (Садриддин Мирзоев),  “Руҷуе ба саҳми профессор Абдулманнони Насриддин дар забоншиносии тоҷик” (Мусо Олимҷонов), “Муҳаққиқи мактаби шарҳнигории форсу тоҷик” (Мавҷуда Урунова),  “Шинохти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таҳқиқоти Абдулманнони Насриддин” (Азизов Сорбон), “Сарчашмаи зулоли маърифат” (Нумонҷон Нигматов),  “Саҳми Абдулманнони Насриддин дар муаррифии шуарои Хуҷанди нимаи дуюми асри 18 ва ибтидои асри 20”  (Шамсия Ҳомидова) ва “Бо пайроҳаи устоди муътабар” (Тоҷинисо Ашрапова) бахши аввали китоби  “Хуршедсавор” хатм мешавад, ки дар гуфторҳои фавқи донишмандони арҷманди кишвар саҳми сутурги олими шуҳратёр Абдулманнони Насриддин дар фарҳангпажуҳӣ, масоили назариявии адабиётшиносӣ, тадқиқи чеҳраҳои илмии нухбагони илму адаб, ҳадаф ва вазоифи матншиносӣ, шинохти нусхаҳои хаттӣ, ҷойгоҳи коғаз ва  имлову хат, саҳву иштибоҳот дар нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои ба хатти кириллӣ ба табърасида, бозшиносӣ ва таҳқиқи илму адаби Хуҷанд, зиндагинома ва осори суханварони Хуҷандӣ дар “Тазкираи шуарои Хуҷанд”, забоншиносӣ, шарҳнависӣ, нақди адабӣ, сию чор шарҳи ҷомеи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, қуръонпажуҳӣ ва ғайра ба таври ғавру шоиста талқин мешавад, ки хуш ба ҳоли чунин муҳаққиқони арҷгузор ба заҳмати мондагори шахсияти маъруфи илми тоҷик шодравон Абдулманнони Насриддин.

Бахши дуюми китоби “Хуршедсавор” низ аз мақолаҳои нодиру ҷолиби шоирону олимони шуҳратманди кишвар шуруъ шуда, аз қавли устодони сухан Фарзона ва Абдунабӣ Сатторзода шамси саодатпартаву фарзонаи якдона Абдулманнони Насриддинро тӯшаи фароҳамомадаи бисоташон зодаи фазли  Аллоҳиву бардошти фитрату хирадашон ладунист (Фарзона) ва бо як сухани воло, бо вуҷуди он ки устоди зиндаёд аз баъзе  ҳаммаслакони хеш дар син хеле хурд буданд, аммо бо дарназардошти шахсияти истисноияшон эшонро  бо арзи эҳтиром Устод мегуфтанд (Абдунабӣ Сатторзода).

   Сароҳатан иброз медорем, ки мутаассифона нигоштаҳои саршор аз ақидаҳои нобу бикри олимони маъруф Аҳмадҷони Раҳматзод, Матлуба Мирзоюнус, Умедахон Ғаффорова, Замира Ғаффорова ва дигарон роҷеъ ба осори мондагори Абдулманнони Насриддин аз имконоти мухтасари мо хориҷанд, ки тафсири онҳоро ба вақту замони мувофиқ вомегузорем.

   Хатми китоби “Хуршедсавор”-ро “Гуфтори дилу дида”, “Феҳристи осори мондагор” ва “ Оинаи осор” ҳусни анҷом мебахшанд ва бо ин рубоии мазкур, ки ба ҳасби ҳоли устоди равоншод Абдулманнони Насриддин мувофиқ  ба гуфтор хотима мебахшем.

 

Доғи дили лола дар чаман мемонад,

Бас гиряи шамъ дар лаган мемонад.

Устоди азизи азҷаҳонрафтаи мо,

Аз ҳастии ту ганҷи сухан мемонад.

Ёду номашон гиромӣ бод!

Бознашр аз Рӯзномаи "Адабиёт ва санъат",

20.06.2024, №24 (2254)